Боздиди роҳбарияти ВКД аз ШВКД-2 дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансур

Апрель 20, 2016 17:09

Душанбе, 20.04.2016. /АМТИ «Ховар»/. Имрӯз вазири корҳои дохилӣ дар ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо шароити хизматӣ, моддӣ-маишӣ ва фаъолияти ҳайати шахсӣ шинос гардид. Шуъбаи мазкур ба наздикӣ таъсис ёфта, бинои он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, бо тамоми шароити зарурӣ ва таҷҳизоти корӣ таъмин гардидааст.
Роҳбарияти ВКД зимни шиносоӣ аз ин шуъба барои ободу зебо гардонидани атрофи бино, шинонидани дарахтони сояафкан ва сабзазор кардани минтақаҳои хизматӣ ба масъулин дастуру супоришҳои иловагӣ дод.
Ҳамзамон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии шуъбаи мазкур барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Имрӯз вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин аз ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур, ки ба наздикӣ таъсис ёфтааст, боздид ба амал оварда, ба шароити корӣ ва ҷараёни хизмати кормандони милитсияи ин шуъба аз наздик шинос шуд.
Ҳамзамон барои таъмиру таҷдид намудани бинои нави Мизи шиносномадиҳии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур, дар қабати бинои ҳамин шуъба ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Апрель 20, 2016 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст