«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»- муаррифгари арзишҳои маънавии халқи тоҷик
Душанбе, 28.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии ҷилди аввали китоби тозанашри «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» бо иштироки зиёда аз 60 нафар донишмандону муҳаққиқон ва фарҳангшиносон баргузор гардид.
Ҷилди аввали «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» бо талоши Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи мардуми тоҷик» нашр шуда, китоби мазкур барои муаррифии арзишҳои маънавии халқи тоҷик нақши муҳим дорад. Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одат, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро бо таърихи ташаккули фарҳанги миллиамон шинос менамояд.
Гурўҳи корӣ тасмим гирифтааст, ки дар ҷилдҳои баъдӣ дар мавзўъҳои алоҳидаи фарҳанги ғайримоддии мардумӣ, аз ҷумла «Наврўз», «Сўзанӣ», «Бофандагӣ», «Косибӣ», «Либосҳои мардумӣ», «Бозиҳои бачагона», «Ҷашнҳои иҷтимоии мардумӣ» барои хонандагон маълумот пешниҳод намояд.








Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд






