“Истиқлол” имконияти мубориза барои Ҷоми КФО-ро аз даст дод

Апрель 13, 2016 09:46

Душанбе, 13.04.2016 (АМИТ «Ховар»).-Чемпиони соли гузаштаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе баъди ғалабаҳои пайдарпай дар мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё 2015, ки то ба бозии ниҳоӣ расида буд, баъди бохти дирӯзааш аз дастаи “Нафт Алвасат”-и Ироқ ҳама имконияти муборизаро барои Ҷом аз даст дод.
Хати ҳуҷуми истиқлолиҳо дар ин бозӣ лаҳзаҳои хуби голзаниро истифода набурда, имкон дод, ки дар дақиқаи дуюми вақти иловагӣ Ҷосим Муҳаммад тӯби ягонаро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 8 000 нафар тамошобин ба дарвозаи “Истиқлол” ворид намояд.
Дар бозии дуввуми гурӯҳи «Б» “Алфайсалӣ”-и Урдун дар майдонаш “Тароблус”-и Лубнонро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод.
Ба ҳамин тартиб “Нафт Алвасат” бо 9 имтиёз, “Алфайсалӣ” бо 8, “Тароблус” бо 4 ва “Истиқлол” бо 1 хол дар гурӯҳи “Б” ҷойҳоро тақсим кардаанд.
Бозии ояндаашро “Истиқлол” рӯзи 26 апрел бо “Алфайсалӣ” дар Урдун барпо мекунад.

Апрель 13, 2016 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд