Ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон дар Исломобод

Июнь 20, 2016 10:56

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 июни соли 2016 дар шаҳри Исломобод ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ бо роҳбарии ҳамраисони он- вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири об ва энергетикаи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф баргузор гардид.
Намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Покистон, масъулини соҳаҳои энергетика, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва нақлиёт дар кори ҷаласа иштирок намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз  ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноат ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Июнь 20, 2016 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад