Сарфароз Юнусов: Ваҳдати миллӣ омили муҳими рушди кишвар аст

Июнь 24, 2016 16:50

 Хуҷанд, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегарданд ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд.   Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаи таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад.  Воқеан 27-уми июни соли 1997 рўзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави таърихи худ қадам ниҳод.

Вобаста ба ин, дар ин рӯзҳои пурфайзу нишот, ки тамоми сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми сарбаланди Суғдзамин 19-солагии Иди Ваҳдати миллиро таҷлил мегиранд, хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба чанд паҳлӯ ва заминаи пайдоиши ин неъмати бебаҳо барои ҳар як сокини кишварамон суҳбате дошт бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов.

«Ховар»: Устоди гиромӣ, сараввал мегуфтед, ки ба назари Шумо, чун як шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ чист ва он кай моҳияти худро касб кард?

С.Юнусов: Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақта ба ҳифзу таҳким ниёз доранд, зеро ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум бевосита аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки бо ҷонбозиву талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матинирода ба даст омад, ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷикон неъмати волост.

Воқеан ҳам, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, давлати ҷавон ва тозаистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Пеш аз ҳама, ваҳдат барои мо аз он ҷиҳат боарзиш аст, ки ин падида ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва садди роҳи таназзули давлати мо шуд. Ин Созишномаи таърихӣ замоне имзо шуд, ки дар кишвар ҷанги бераҳмонаи бародаркуш давом мекард ва худ рӯи амал омадани созишномае, ки заминаи таъминкунандаи сулҳ аст, на ба ҳар ҷониб манфиатовар буд. Махсусан, ба ҷонибҳое, ки чунин нобасомониро асос гузошта, манфиат меҷустанд. Маҳз ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳадафҳои умумимиллӣ бар ҳадафҳои ҷудогона пирӯз шуданд.

Ба андешаи ман, вахдати миллӣ дар рӯзҳои аввали натиҷа бахшидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ моҳияти худро касб кард ва собит намуд, ки мардуми тоҷик зотан сулҳофару сулҳҷӯянд.

«Ховар»:  Пас метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ то андозае ба рушд ва раванди давлатдории навини тоҷикон таъсире гузошт?

С.Юнусов: Бале, имрӯз тамоми дастовардҳои соҳибистиқлолиро ба ин неъмати бузург нисбат диҳем, хато намешавад. Чунончӣ, дар боло ишора шуд, сулҳу субот пойдевори ҳастии ҳар миллат аст, агар он мустаҳкам бошад, он миллат низ пеш меравад. Бубинед, солҳои ҷанг вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба буҳрон дучор омад. Яъне, давлат ба ғайр аз буҳрони сиёсӣ, оғуштаи буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта буд.

Хушбахтона, дар баробари таъмин шудани сулҳу салоҳ чархи иқтисодии кишвар ҳам оҳиста-оҳиста ба гардиш даромад. Ҳазорҳо корхонаҳои нав ба фаъолият пардохтанд, мардуми бекор бо ҷойи корӣ таъмин шуданд ва ба ин васила, сатҳи зиндагии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ овард.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ дар маҳаки давлатдории навини тоҷикон меистад, зеро он ибтидои давлатдории навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин шуд, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд шинохта шуд. Тоҷикон баъди ҳазор сол бори дигар собит карданд, ки чун миллати асилу тамаддунпарвар соҳибдавлату соҳибмиллатанд.

«Ховар»: Сулҳи байни тоҷикон таҷрибаи камназир дар ҷаҳон эътироф шудааст. Оё метавон гуфт, ки кишварҳои дигари ҷаҳон аз сулҳофарии тоҷикон истифода баранд?

С.Юнусов: Чаро не? Ваҳдати миллӣ на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои ҷаҳониён мактаби эътимодбахшу тақдирсоз аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳи осоишта, яъне музокира ҳаллу фасли низоъро ба хубӣ нишон дод. Омӯзиши ин мактаби бузург барои пойдории сулҳу оромӣ хеле муҳим аст.

Имрӯз даҳҳо кишвари ҷаҳон оғуштаи ҷангу низоъҳое ҳастанд, ки пайомадашон танҳо хунрезӣ аст. Бо вуҷуди музокироту гуфтушунидҳо ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барқарор кардани сулҳ мушкил аст. Аз ин рӯ, кам нестанд кишварҳое, ки мардумаш солҳо дар орзуи сулҳу оромиянд. Мо худ чунин рӯзгорро ибтидои солҳои 90-ум паси сар кардем ва аз ин ҷост, ки ба қадри сулҳу ваҳдат ба хубӣ мерасем.

Сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун таҷрибаи камназир барои барқарор кардани оромӣ дар бисёр давлатҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин мактаби бузург боиси ибрати ҷаҳониён гаштааст.

«Ховар»: Дар ин замина, ба ақидаи шумо оё мо метавонем гӯем, ки Ваҳдати миллӣ кайҳо ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст?

С.Юнусов:  Албатта, Ваҳдат, пеш аз ҳама, худ аз сиёсати созандаву сулҳҷӯёна дарак медиҳад. Мо медонем, ки пас аз барқарор шудани сулҳ, ҳукумату давлат ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ афзалияти бештар дод. Натиҷаи амалишавии сиёсати иҷтимоии кишвар, яъне беҳбудии зиндагии мардум буд, дар қалби сокинон меҳри Ваҳдату ягонагӣ фурӯзонтар гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифт. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари тинҷу осуда ва сулҳофар (на ҷангзада!) бо давлатҳои дунё дӯстӣ барқарор кунад, ҳамкорӣ намояд.

Ваҳдат барои мо раванди дигаргунсозиҳои зиёдро пеш овард. Тавре Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошад».

«Ховар»: Ба назари Шумо, чун роҳбари намояндагии яке аз ҳизбҳои бонуфузи кишвар-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, имрӯз кадом масъалаҳои муҳим дар самти пешбурди кишвар дар мадди аввал меистанд?

С.Юнусов: Ба назари ман, инҳо ҳамон масъалаҳое ҳастанд, ки пеш аз ҳама, таҳкимбахши ваҳдат мебошанд. Заминаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ  аз оромии ҷомеа сарчашма мегиранд. Яъне агар давлат тинҷу осуда бошад, дар ҳама самт рушд ба вуҷуд меояд. Нигаред, ба давлатҳое, монанди Сурияву Ироқ, ки ҷанги хонумонсӯз дар муддати хеле кӯтоҳ иқтисоди пешрафтаи ин кишварҳоро чӣ гуна хароб кард. Мо низ чунин пайомадро дидем, ки нобасомониҳо чанд сол кишвари моро ақиб кашиданд.

Барои ҳамин бори дигар таъкид мекунам, ки асоси пешрафт ин – сулҳу оромист. Ва хушбахтона, мо онро дорем!   Аз ин ҷост, ки кишварамон ба таври назаррас пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ намудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо туфайли истиқлолият, сулҳу ваҳдат ба даст омадаанд. Ва акнун барои ҳифзи ин дастоварди бузург ҳар як сокини ин меҳан масъул аст.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар самти фаъолияташ ба таҳкими Ваҳдати миллӣ аҳамияти пайваста зоҳир менамояд, зеро шиори фаъолияти мо — рушди босуботи ҷомеа ва ваҳдати миллист.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли ҳамватанонро бо ҷашни Вахдати миллӣ табрик мегӯям. Бигзор Ваҳдати миллати тоҷик пойдор, мардумонаш сарбаланду пирӯз бошанд!

«Ховар»: Ташаккур барои суҳбати пурмазмун.

 С.Юнусов:  Сарбаланд бошед.

Суҳбаторо Абдуаҳад Дадобоев, АМИТ «Ховар»,  Суғд

Июнь 24, 2016 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин