ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат

Май 21, 2026 09:02

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вожаи хок дар забони тоҷикӣ  таснифи зиёд дорад.  Қабати болоии замин, ки дар он гиёҳ мерӯяд, сарзамин, қабр, гӯр, пайкар, қолиби инсон, ки ба ақидаи динӣ  Худованд аз хок офаридааст аз ҳамон ҷумлаанд.  Решаи калимаи хоксорӣ низ вожаи мавриди назар аст. Рисолати дигари хок пайвандгари инсоният бо мавҷудоти дигар ва муҳимтар аз ҳама, манзили охири инсон  маҳсуб мешавад.  Дар ниёгони мо ибораҳои “хоки мурод”, “хоки мурда”, “хоки хомӯш”, “хок хӯрдани тир” ва ғайра бо рамзу ҳикмати вежа  мавриди истифода буданд. Турбат низ  яке аз синонимҳои хок ба ҳисоб рафта, дар ин зимн пайванди инсон бо хок, хосса бо хоки Меҳан меҳвар аст.  Рамзу ҳикмати ин гуфта, инчунин дар ибораи хоки ғурбат (мулки ғарибӣ)  нуҳуфтааст.

– Ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахси номдор Нисор Муҳаммад идомаи мантиқии ин раванд ва боз як қаҳрамонии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Тавре иттилоъ дорем, 18 майи соли 2026 дар оромгоҳи Дони нави  шаҳри Москва маросими қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур, инчунин фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид. Басе рамзӣ, дорои ҳикмати афзун ва далели дигари соҳибфазилативу дурандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Сарвари давлат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки нухбагони зикршудаи миллат иштирок намуданд. Бо иқдоми худ, ки ҷаҳони маъниву моҳият дорад, Абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фарҳанги қадршиносии миллати тамаддунофари тоҷикро бори дигар ба маъраз гузоштанд. Тоҷику тоҷикистониён  бояд мадди назар дошта бошанд, ки 19 майи соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Пешвои миллати мо бори дигар ба миллати сарбаланд паём доданд, ки ватандӯст бошед, ба арзишҳои милливу давлатӣ ба таври шоиста арҷ гузоред ва зиракии сиёсиро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст надиҳед.

Арҷ гузоштан ба ҷонфидоии фарзандони фарзона дар таъриху таҷрибаи аксар кишварҳои дунё бо шаклу муҳтавои гуногун дучор меояд. Он дар ҷомеаҳои муосири демократӣ, дар кишварҳои пешрафтаи олам низ арзи вуҷуд дорад. Аз назари сиёсату маърифат зуҳури як лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи мардумӣ, ки гузаштагони номдорро ҳамаҷониба арҷ гузорад,  тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори таърихӣ аст. Боиси ифтихори тоҷику тоҷикистониён аст, ки ниҳоди сарварии Пешвои миллати мо мактаби бузурги давлатдорист, ки ҳар шахси худшиносу худогоҳ ва дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ бояд онро омӯзад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ибтикори камназир таърихро такон доданд ва адолати таърихиро барқарор  намуданд. Дар ин зимн бори дигар қудрати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Посдори таҳамтани тамаддуни ориёӣ  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯнамоӣ гардид. Бо ин амали неку Пешвои миллат иловатан ба ҷомеа ҳушдор доданд, ки қадршиносии чунин симоҳои таърихӣ идеяи худшиносиро ривоҷ дода, ваҳдатро тақвият мебахшад ва собитқадамӣ дар ҷодаи рушдро таъмин менамояд.

Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки  қадршиносии нухбагони миллат ва эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Ҳадафи аслии таъсиси ин иқдом муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созанда буда, дар ин ҷода одитарин ва олитарин хислати инсонӣ — қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллатмеҳвар аст. Илми таърихи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин собит менамояд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро дар мадди назар гирифта, ҳанӯз дар айёми дар қайди ҳаёт будан бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ ва рушди бонизоми ҷомеа ва давлат симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, пешво ва падари миллат ва давлатҳо эътироф кардаанд. Дар таърихи давлатдории навини демократӣ ва классикӣ ин омил ба сифати мактаби бузурги тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба назар мерасад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аз ин кор демократияи ин давлатҳо ва ё дигар озодиҳояшон на танҳо зиён надида, балки онҳо ба ин васила ибтидои давлатдории худро аз назари ҳуқуқӣ эълон сохтанд ва роҳи рушди босуботи давлатро ба сӯйи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ҳифз намудаанд.

Моҳияти дигари овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни се бузургмарди миллат — Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад   дар он зоҳир мегардад, ки он бунёди мустаҳками маънавӣ дошта, ба ҷуз муносиботи муҳими иҷтимоӣ, инчунин руҳияву маънавият ва унсурҳои  зарурии равониву эстетикӣ ва ахлоқии мардум дар мадди назар аст. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо хеле кам рӯйи саҳнаи сиёсат меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум — иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, руҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд. Аз ин нуктаи назар, он ақида, ки дар давраҳои мушкили таърих шахсиятҳое ба арсаи сиёсат омада, сарнавишти миллатҳо ва давлатҳоро куллан тағйир медиҳанд, ягон тобиши асотириву метафизикӣ надошта, асоси устувори илмӣ доранд ва ба авторитаризму шахсиятпарастӣ  равобит надоранд.

Агар ба тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ мутаваҷҷеҳ гардем, пас аз ду усули маъмулу эътирофшуда — ҳарбӣ ва маънавӣ огоҳ мегардем. Усули ҳарбии ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили қӯшун, мақомоти амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, дигар аркони давлатдорӣ ва муттасил ташаккул додани фаъолияти онҳо рабт дорад. Усули дуюми таҳкими истиқлолияти давлатӣ — маънавӣ, ки дар давлатсозиву давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авлавият дорад, аз бедор кардани эҳсоси ватандорӣ дар вуҷуди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ маншаъ мегирад. Ҷавҳари ин иқдомро беш аз пеш ошно намудани мардум бо фарҳанг, таърих, забон, дину мазҳаб ва анъанаҳои миллӣ ташкил медиҳад.

Арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои мондагор оғозбахши ин раванд буда, он аз баргузории Симпозиуми байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ёдбуди 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675 — солагии Хоҷа Камол, 1000 — солагии Носири Хусрав, 1025 — умин солгарди Абуалӣ ибни Сино, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 90 — солагии мавлуди академик Бобоҷон Ғафуров, 90 ва 100-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода то қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва поси хотираи шахсиятҳои бузург ва қаҳрамонони таърихӣ, ба мисли Спитамен, Деваштич, Темурмалик масир дорад. Бо назардошти суиистифода шудани дини мубини ислом ва ба хотири пешгирии хурофот Сарвари хирадсолори мамлакат соли 2009 — умро «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон карда, 300 ҳазор нусха «Қуръон»-и каримро бо забони тоҷикӣ, асарҳои Имоми Аъзам, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Абуҳакими Самарқандӣ, Бурҳониддини Марғилонӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони барҷастаи тоҷикро чоп намуданд.

Таҷлили санаҳои пураҳамият, аз ҷумла 1100-солагии давлатдории Сомониён, 2500 — солагии шаҳри бостонии Истаравшан, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 —  солагии шаҳри Ҳисори Шодмон ва 5500 — солагии Саразм ҷузъи усули маънавии таҳкими истиқлолияти давлатӣ мансуб шуда, ҳаққи таърихии тоҷиконро ба арзишҳои мавриди назар қавитар гардонид. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба ҳар оилаи тоҷик тақдим гардид. Ин иқдом низ ба усули маънавии  таҳкими истиқлолияти давлатӣ рабт дорад.

Дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум маълумоти зиёд қобили дарёфт аст. Агар мухтасар баён намоем, Шириншоҳ Шоҳтемур ходими намоёни давлатӣ ва ҳизбӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон аз шахсиятҳое маҳсуб мешавад, ки неру ва дониши худро содиқонаву фарзандвор ба поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона кардааст. Номи Нусратулло Махсум низ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун фарзанди ҷонфидо ва содиқ ба арзишҳои миллӣ  бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст.  Ҳарчанд дар бораи Нисор Муҳаммад маълумот нисбатан камтар аст, вале маъхазҳо шаҳодат медиҳанд, ки аз чеҳраҳои маърифатпарвар, мунодии илм, мубаллиғи китоб ва намоди бедории миллии тоҷикон буд.

Онҳо барои соҳибдавлат гардидани миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бақои тоҷикон ҳамчун миллат ба маънои том сина сипар карданд. Бо шарофати ҷасорати номбурдагон  вожаи тоҷик  бо назардошти маъниву моҳият ва  кафолати ояндаи дурахшон аз вартаи нобудӣ эмин нигоҳ дошта шуд. Махсус бояд таъкид кард, ки Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва  Нисор Муҳаммад дар аҳде барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ матонат нишон доданд, ки “кас аз сояи худ, аз баёни фикру шарҳи ғояи худ  ва ҳатто аз нигоҳи ҳамсару ҳамсояи худ шубҳа дошт”. Дар ҳамон айёми ҳассосу ҳамзамон сарнавиштсоз маҳз ҳамин фарзонафарзандони миллат дар сари минбар аз роҳи паймудаи тоҷику таърихи куҳан сухан гуфтанд. Дар он марҳилае, ки авзояш гаронтасвир буд, онҳо бо ҷасорати тоҷикона  ба иддаоҳои нотавонбинон посухи дандоншикан доданд.

Ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад бори дигар собит намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати поягузор ва наҷотбахши давлату миллат вазъро беш ва пеш аз дигарон дарк ва дар робита ба он бетаъхир тадбир меандешанд. Аз ин лиҳоз, дар ҳолатҳои бениҳоят ҳассос усул ва тартиби тасмимгириашон ба манфиатҳои миллат, давлат ва сайёра созгор аст. Ин яке аз фазилати абармардони дунёи сиёсат буда, чунин ашхос дар марҳилаҳои муайян барои бақои давлату миллатҳо ва таъмини суботи сиёсӣ дар ақсои олам масъулият доранд.

Ба сифати номзади илмҳои сиёсӣ комилан бо андеша дар бобати он ки “ҷаҳонбинии Пешвои миллат  ба як мафкура ё усули сиёсӣ маҳдуд нест”, ҳамфикрам. Ба ибораи дигар, корномаи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро  бо як вожа, аз қабили либерал, демократ, ислоҳотгаро, консерватор, иҷтимоъгаро, анъанапараст бозгӯӣ кардан ғайриимкон аст. Дар он айёми бениҳоят ҳассос (манзур солҳои аввали соҳибистиқлолӣ) интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат гувоҳи азми қавӣ ва нияти неки Роҳбари тозаинтихобу бениҳоят ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафолати бақои давлати тоҷикон арзёбӣ мегардид. Дар марҳилаи мазкур, ки аксар нухбагони кишвар ва ташкилоту созмонҳои мазҳакаофар оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга медоданд, Роҳбари ҷавони давлат эълон карданд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Дар заминаи ин иқдом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, иродаи шахсиро ба иродаи мардум пайвастанд.

Шоҳидем, ки дунёи муосир дар айни замон марҳилаеро пушти сар менамояд, ки арзишҳои як замон босуботу маънидор акнун мақому мартабаи аввалаашонро босуръат аз даст медиҳанд ва фурсати хеле кӯтоҳ барои эҷоди арзишҳои нав дар ихтиёри инсоният мемонад. Дар масири ин дигаргуниҳо аксар ҷомеа бо истифода аз фурсати таърихии барояшон вогузоршуда амалияи ҷомеасозии худро тақвият мебахшанд ва онро дархӯри талаботи рӯзмарраи инкишофашон месозанд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо нақши шахсиятҳои таърихие, ки чунин равандҳоро таҳти таъсири малакаю қобилияти баланди мудирияти иҷтимоию сиёсии худ қарор дода тавонанд, бамаротиб боло меравад. Камина дар мақолаҳои иншонамудаам ҷоннисориҳои Пешвои миллат ва роҳи мушкили тайкардаашонро воқеъбинона, холисона, бо истинод ба далелҳои раднопазир бозгӯӣ намудаам. Бегуфтугӯ, дар наҷоти давлат ва миллат аз вартаи нобудӣ нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Бо маҳорати фавқулода ва ҷасорати бемисли ҷавонмардона тавонистанд роҳи наҷотро пайдо кунанд ва халқи парешонгаштаро аз нав зери Парчами давлат, дар Ватани аҷдодиашон муттаҳид созанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳеро интихоб намуданд, ки дар он айёми пурдаҳшат на ҳама ҷуръати паймуданашро доштанд. Ин фарзанди фарзонаи миллат дар заминаи ҷонфидоӣ,  самимият, одамият ва заҳмати зиёд умеди  батамом аздастрафтаро эҳё карда, мардуми ғарибро  ба Ватан баргардонданд.

Замоне ки вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ҳамагӣ 40 сол доштанд ва дар байни роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷавонтарин чеҳраи сиёсии сатҳи аввал буданд. Зуҳури шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз миёни мардум ва аз ин марзу бум берун омад ва орзуву ормонҳои ба қолаби афсона даромадаи мардумро амалӣ кард. Чунин арзёбӣ кӯшиши баҳодиҳии ташаккули шахсияти таърихие мебошад, ки дар марҳилаи тақдирсозу мураккаб сари қудрат омад ва нақши таърихии худро дар назди миллат иҷро намуд. Аз ин рӯ, мақоми чунин шахсиятҳоро инсоният дар саҳифаҳои таърихии хеш бо унвонҳои гуногуни рамзӣ машруъияти иҷтимоӣ бахшидааст ва бо ҳамин арзи эҳтироми худро ба хизматҳои онҳо баён намудаанд. Агар аз ин дидгоҳ ба тасмими ҷомеа нисбат ба эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат назар андозем, маълум мегардад, ки он аз эҳтироми мардуми мо ба ин шахсияти бузург бо назардошти хизматҳои арзишманд дар таъмини ҳифзи истиқлолияту ягонагии ин сарзамин, эҷоди фазои сулҳу амният, муаррифии чеҳраи тамаддунофари тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ ва рушди гуногунҷанбаи мамлакатамон сарчашма мегирад.

Ҷанбаи дигаре, ки бояд ба шаҳрвандон, хосса насли наврас талқин ва ҳатто таҳмил намоем, ин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар заминаи эҷоди барномаҳои миллӣ қудрат ва нуфузи давлати мо ба маъраз гузошта шуд, ки ин тамоюл дар таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми бориз дорад. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбирандешиҳо барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ руҳияи миллӣ ба вуҷуд омад. Тавре маълум аст, асоси руҳияи миллиро ифтихори миллӣ ташкил медиҳад, ки он иборат аз падидаҳои худмуайянкунӣ, худшиносӣ ва эътирофи худ мебошад. Руҳияи миллӣ, ки дар саргаҳи он Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, дар ташаккули худшиносии миллӣ низ таъсиргузор аст, зеро дар ин замина иродаи мардум матин ва бедории миллӣ имконпазир мегардад.

Хушбахтона, ҳоло мо  Пешвое дорем, ки сарбаландию хуррамии рӯзгори тоҷикистониён мақсаду маромашон аст. Муҳим он аст, ки Пешвои миллат барои ба даст овардани музаффарияти миллӣ ва беҳсозии Тоҷикистон идеяҳои беназир ва пурмоҳиятро рӯйи кор оварда, шаҳрвандонро ҳам дар атрофи он муттаҳид намудаанд. Ҳар иқдоме, ки ин Абармард барои пешрафти давлату миллат пеш гирифтаанд, амалест, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, истиқлоли давлатиро таҳким мебахшад ва дурнамои неки давлатсозиву давлатдориро таъмин менамояд.

Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»,
номзади илмҳои сиёсӣ

PS: Шеъри сарлавҳа баргирифта аз ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб аст.

Май 21, 2026 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид