Китобхонаҳо тағйироти куллиро тақозо доранд

Июль 8, 2016 09:49

Душанбе, 08.07.2016 /АМИТ «Ховар»/ Замони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» қабул гардиданд, ки ҳамчун омили ҳуқуқиву иқтисодӣ дар рушди соҳа замина гузоштанд. Ҳамзамон, мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон на танҳо дар замони истиқлолият, балки дар таърихи китобдории миллат дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад ва аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат дар ин самт шаҳодат медиҳад. Зимнан, тибқи гузориши Вазорати фарҳанг дар давоми 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 15 китобхонаи наву замонавӣ бунёд гардида, аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун бинои 305 китобхона таъмир карда шуданд.

Айни замон дар низоми китобхонаҳои Вазорати фарҳанг 1353 китобхонаҳои давлатию оммавӣ (аз ҷумла, 75 китобхонаи бачагона) фаъолият  доранд, ки талаботи хонандагонро дар ҳудуди ҷумҳурӣ қонеъ мегардонанд. Аммо вазъи китобхонаҳо дар минтақаҳо якранг нест. Ҳарчанд дар фаъолияти китобхонаҳои маркази ҷумҳурӣ ва вилоятҳо пешравиҳо ба чашм мерасанд, аммо дар аксари навоҳии кишвар соҳаи китобдорӣ ба мушкилоти зиёде мубталост, ки ҳалли онҳо аз муносибати масъулони вазорату идораҳо, раисони вилояту ноҳияҳо ва шаҳру ҷамоатҳо вобастагии қавӣ дорад.

Соле қабл гурӯҳи олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба 4 ноҳияи минтақаи Хатлон ва шаҳри Кӯлоб сафар намуда, бо усули мушоҳида ва пурсиши сотсиологӣ ба вазъи китобхонаҳо шинос гардиданд. Омӯзиши мо аз шиносоии  фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Данғара оғоз гардида, дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб идома ёфт. Мо умед доштем, ки фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳия ва деҳоти минтақаи Кӯлоб баъд аз татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти китобдорӣ мутобиқ ба талабот чараён дорад. Вале пас аз шиносоӣ бо фаъолияти китобхонаҳои марказии ноҳиявии Данғара, Восеъ ва Мӯъминобод умеди мо ботил шуд. Китобхонаҳои марказии ноҳиявӣ аксар дар бинои иҷора қарор ва ҳолати ҳузновар доранд. Бинобар маблағгузории кам онҳо имкони таъмиру тармими бинои китобхонаро надоранд, бо маводи тозанашр таъмин намегарданд, имкони такмили ихтисоси китобдорон ва бозомӯзии онҳо вуҷуд надорад. Ҳатто солҳои охир ба онҳо ягон маводи дастурии методию библиографӣ, меъёрҳо ва сенарияҳои намунавие, ки аз ҷониби Китобхонаи миллӣ омода мегардад, дастрас нашудааст. Аз ин рӯ, китобдорон дар гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ душворӣ мекашанд. Дар хусуси таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ ва пайвастшавӣ бо шабакаи интернет, умуман ҷои гап нест. Ин масъала орзуи китобдорони ин ноҳияҳо аст. Китобхонаҳо, бахусус китобхонаи марказии ноҳияи Восеъ (гарчанде аз лиҳози таъминоти кадрҳои соҳибихтисос камбудӣ надорад) аз ҷиҳати фаъолият ва нигоҳдории захираҳои китобӣ анбори китобро мемонад.

Дар ин ноҳияҳо аз шароит ва имконоти китобхонаи замони муосир нишоне нест. Аз ҷумла, барои ҳифзу нигоҳдории захираи китобӣ рафҳои ҳозиразамон вуҷуд надорад, усули таҳияи феҳристу картотекаҳо, ки кори хонандагонро дар дарёфти китоб осон мегардонад, истифода намешавад. Китобхона ниҳодест, ки бояд бо истифода аз роҳу усулҳои пешқадами тарғиботию ташвиқотӣ дар маънавигардонии шаҳрвандон ҷаҳд намояд. Мутаассифона, китобхонаҳои мо, тавре ишора шуд, дар ҳолати асри Х мустақар мондаанд. Ҳол он ки дар замони шӯравӣ ба фаъолияти китобхонаҳо ҳамчун маркази ғоявӣ, тарғиботию ташвиқотии давлат ва ҳизб диққати ҷиддӣ дода мешуд ва китобдорон ҳамчун пешсафони тарғибгари сиёсати замон шинохта буданд. Онҳоро ҳамчун муҳандисони рӯҳи инсон медонистанд. Китобдор дар ҷомеа намунаи ибрат буду сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро бо роҳу воситаҳои дастрас тарғибу ташвиқ менамуд. Бо ташкили чорабиниҳои гуногуни ҷолиб китобдор тамоми гурӯҳҳои хонандагонро ба китобхонӣ ва бохабар шудан аз авзои ҷомеа ва ҷаҳон ҷалб менамуд. Гарчанде он замон низ китобдорони ҳирфаӣ намерасиданд, китобдорони деҳот бо истифода аз дастурамалҳои корӣ ва методие, ки аз ҷониби Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ омода ва дастрас мешуданд, кори китобхонаро дар дараҷаи хуб ба роҳ мемонданд ва дар қатори мутахассисони ҳирфаӣ китобдорони оддӣ низ вазифаи худро сарбаландона иҷро мекарданд. Онҳо пеш аз ҳама дар баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон, тарғиби иттилооти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, баргузории чорабиниҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ нақша-чорабиниҳои мушаххас доштанд, ки аз ҷониби шуъбаи фарҳанги ноҳия тасдиқ шуда, мавриди амал қарор мегирифт. Нақшаи мазкур бо маблағи муайян ва маводу таҷҳизоти зарурӣ саривақт таъмин карда мешуд ва ё китобдор аз рӯйи имкон онро амалӣ менамуд. Имрӯз низ дар китобхонаҳои мо нақшаҳо вуҷуд доранд, вале онҳо аксаран бо маблағ, таҷҳизот ва маводи методӣ таъмин нестанд ва талаботи ҷомеаро қонеъ карда наметавонанд.

Яке аз нигарониҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карда шуд, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва гурӯҳҳои тундрав буд. Албатта, ҳалли ин масъалаи муҳим ба дӯши ҳар як шаҳрванди баору номуси ҷумҳурӣ бояд бошад, аммо фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоӣ, ба вижа китобхонаҳову муассисаҳои фарҳангӣ дар пешгирии ин гаравиш таъсири бештар расонида метавонанд. Китобхонаҳо ҳамчун ниҳоди иҷтимоию фарҳангӣ метавонанд дар ҳалли пешниҳоди дигаре, ки дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардида буд, аз ҷумла, омӯзиши забонҳои хориҷӣ саҳми назарраси худро гузоранд ва барои шаҳрвандон дар омӯзиши забонҳо тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун, намоиши китобҳо, пешниҳоди китобҳои электронӣ ва филмҳои омӯзишӣ бо забонҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ ёрӣ расонанд.

Имрӯз китобхонаҳои деҳот ба талаботи ҷаҳони муосир на танҳо ҷавобгӯ нестанд, балки тағйироти сохтор ва фаъолияти куллиро тақозо дорад. Биёед аз худ бипурсем он ҷавононе, ки ба мамолики гуногуни дунё сафар намуда, аз имконоти китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотии он кишварҳо истифода бурдаанд, ҳангоми ба деҳот баргаштан оё шароити китобхонаҳои мо онҳоро қонеъ гардонида метавонад? Албатта не! На танҳо тарзи хизматрасонӣ, балки китобҳое, ки 20-40 сол пеш аз ин интишор гардида, дар ғояи ҷомеаи шикастхӯрда иншо гардидаанд, ҳеҷ гоҳ писанди онҳо буда наметавонад.

Барои ҳалли ин мушкилот мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ду сол қабл бо супориши собиқ муовини Сарвазири мамлакат М. Ҷабборӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди мухтасар ирсол намуда буданд, аммо бо сабабҳои номаълум аз он ҷониб вокунише ироа нашуд.

Сафари кормандони Пажӯҳишгоҳ ба шаҳри Исфара, ки соли ҷорӣ сурат гирифт, нишон дод, ки вазъияти китобхонаҳои ин ноҳия низ чандон хуб нест. Дар ин ҷо низ хеле кам ворид шудани адабиётҳои нав, хусусан китобҳои бачагона ва ба талаботи хонандагон ҷавобгӯ набудани адабиёти мавҷуда мушоҳида мешавад.

Бино ба маълумоти мудири кулли китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Исфара Бахтиёр Холматов соли 2014 дар асоси борхати корхонаи давлатии «Таъминот ва савдои китоб»-и  Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон зиёда аз 718 нусха китоб гӯё ворид шудааст, вале дар асл 600 нусхаи он варақаи хонандагӣ (формуляр) буда, боқимондааш лаҳваҳову рӯзномаҳо ва китоб будааст. Ин ҷо низ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои хариди китоб маблағ ҷудо карда намешавад. Китобхонаи марказӣ дар соли 2016 ба маблағи 2000 сомонӣ ба 20 рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шудааст, ки талаботи хонандагонро қонеъ карда наметавонад.

Хазинаи умумии китобхонаҳо хело кӯҳна буда, зиёда аз 70% он китобҳои русии замони шӯравиро дар бар мегирад. Камбудии дигар таъмирталаб будани биноҳои китобхонаҳо мебошад. Аз 22 китобхонаи амалкунанда 18-тоаш  таъмир мехоҳанд.

Ба ақидаи инҷониб яке аз сабабҳои асосии буҳрони соҳаи китобдорӣ  парокандагии мутахассисони корозмуда ва олимони соҳа бошад, сабаби дигар рӯи кор омадани олимони ғайритахассус дар идораи кори китобдорӣ аст. Чунин муносибат боиси сар задани мушкилоти зиёд дар идораи китобхонаҳои бузурги кишвар ва умуман китобхонаҳои ҷумҳурӣ мегардад. Ин омилҳо низоми муташаккили идораи китобхонаҳои ҷумҳуриро вайрон намуда, боиси заифии таъминоти дастуроти илмию методӣ ва камтаъсир шудани фаъолияти китобхонаҳо гардидааст. Тадқиқоти солҳои охир нишон медиҳад, ки имрӯз китобхонаҳои ноҳия ва деҳот ба ёрии илмиву методии китобхонаҳои марказӣ ниёзи бештар пайдо кардаанд. Онҳо дар танҳоӣ ба таҳоҷуми фарҳангу маънавиёти бегона, ки имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар тақвият меёбад, истодагарӣ карда наметавонанд. Баробари ин масъалаҳои таъминот бо маводи тозанашр, таҷҳизоти замонавӣ, буҷаи кофӣ, паст будани маоши касбӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ наёфтани соҳа ҳамчун мушкилоти деринаи китобхона боқӣ мондааст.

Зарур аст, ки ба китобхонаҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ истиқлолияти буҷавӣ дода шавад. Зимнан, китобхонаҳо дар ҷомеа муассисаи алоҳида ба шумор раванд ҳам, то ҳол онҳо яке аз ҷузъи шуъбаҳои фарҳанг мебошанд ва дар муносибати молиявӣ беҳуқуқанд. Роҳбарияти ноҳияҳо (маблағгузории китобхонаҳо ба ӯҳдаи онҳост) бештар ба фаъолияти муассисаҳои тавлидотиву фоидаовар таваҷҷуҳ менамоянд ва дар охир агар маблағ боқӣ монад ба соҳаи фарҳанг ва маънавиёти мардум сарф мекунанд. Онҳо ба ин масъала одатан ҳангоми аз «боло» супориш шудан эътибор медиҳанд. Аз ин рӯ, бидуни тағйири муносибат ба соҳаи китобдорӣ ва таҷдиди назар намудани сиёсати кадрии он (дар назар аст аз ҳисоби олимони соҳавӣ дар марказ ва мутахассисони касбӣ дар деҳот) гумон аст, ки дар солҳои наздик дар ин самт беҳбудӣ ба вуҷуд ояд.

Китобхонаҳо имрӯз дастгирии ҷиддӣ мехоҳанд. Ба таъбири нависандаи шинохтаи Ғарб Нил Гейман: «Китобхонаҳо дар ҳақиқат дарҳои ояндаи инсониятанд». Бисёр ҳам ҳузновар аст, ки баъзе масъулони маҳаллӣ баста шудани китобхонаҳоро василаи осони сарфаи маблағ медонанд, онҳо тасаввур намекунанд, ки ояндаи инсониятро медузданд.

Қ. Бӯриев, директори «Хонаи китоб»-и ҶТ
М. Муродӣ, устоди ДМТ

Июль 8, 2016 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, чоршанбе, 117- умин рӯзи соли 2022 аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ҚУРБИ АСЪОР 1 евро аз 13.4481 то 13.5500 сомонӣ муқаррар шудааст
Пагоҳ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав 9 нафар ба кори доимӣ ва 30 нафар ба корҳои ҷамъиятии мавсимӣ роҳхат гирифтанд
БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нави маъмурӣ мегардад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок ва бебориш дар назар аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Тоҷикистон хатари зуҳуроти сел то охири ҳафта боқӣ мемонад
Дар Лахш оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ ҳамоиш доир шуд