Ошкор гардидани дуздии телефонҳои мобилӣ ба маблағи қариб 6 ҳазор сомонӣ

Июль 19, 2016 13:29

Душанбе, 19.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 июли соли равон  аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷинояти марбут ба дуздии телефонҳои мобилӣ ошкор ва гумонбарони он дастгир гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки гумонбар, зани 24-солаи сокини шаҳри Панҷакент 5 июли соли равон тахминан соати 10:20 бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар мағозаи «Элита», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд буданаш, телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-и зани 36-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Арзиши телефони мобилии зикргардида 1 ҳазору 680 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин  2 июл шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо телефони мобилии тамғаи «Самсунг Г-5», ки арзишаш 4 ҳазору 266 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур духтари 16-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Июль 19, 2016 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд