Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст
Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи анъанавии даъват ба китобхона як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Коллеҷи муҳандисию омўзгории Тоҷикистон ва Коллеҷи компютерӣ ва техникии Тоҷикистон рафтанд. Зимни суҳбат бо донишҷўён кормандони КМТ дар бораи шароити имрўзаи Китобхонаи миллӣ маълумот дода, тарзи дастрас намудани адабиёт, яъне истифодаи қуттиҳои феҳристи китобхона, тарзи хизматрасонии толорҳо, истифодаи технологияи иттилоотии китобхона, раванди автоматикунонӣ дар китобхона, шуъбаҳо ва марказҳои фарҳангӣ маълумот доданд.
Чун анъана ба донишҷӯён варақаҳои иттилоотӣ-таблиғотӣ тақсим гардида, миёни кормандон ва донишҷӯён табодули афкор сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд






