Иштироки Ф. Раҳимӣ дар вохӯрии гурӯҳи кории А 25 дар шаҳри Берлин
Душанбе, 25.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Берлин вохӯрии кории гурӯҳи А 25 дар мавзӯи «Табодули таҷриба доир ба тадбиқ намудани талаботи байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар санадҳои роҳбарикунандаи миллӣ» ба кор оғоз намуд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ) Ф. Раҳимӣ, директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров Ҳ. Муминов ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Содиқов ширкат доранд. Ҷониби Тоҷикистон бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) ва намояндагони кишварҳои иштирокчӣ масъалаи бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро ҳангоми мавриди истифода қарор додани Реактори ядроии «Аргус»-и АИҶТ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар назар аст, ки дар вохӯрии мазкур Фарҳод Раҳимӣ сухан гӯяд.
Дар ин бора аз Академияи илмҳои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд






