Таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Қазоқистон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд
Душанбе, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Қазоқистон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш афзудааст. Вобаста ба ин имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt regency Dushanbe» Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон оғоз ёфт, ки муддати се рӯз идома меёбад.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зикр кард, ки «баргузории Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар нақши муассир мегузорад».
Дар ҳамоиш ҳудуди 30 ширкати Қазоқистон намунаи молу маҳсулоти худро, ки аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати сабук, доруворӣ, кимиёвӣ ва сохтмонӣ иборат аст, ба намоиш гузоштаанд.
Ба иттилои масъулин, гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта 580,4 млн. долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 17,1% кам мебошад. Содирот аз Қазоқистон дар муқоиса ба соли 2014-ум 19,9 % коҳиш ёфта, 415,5 млн. долларро ташкил дод.













Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






