ВКД хабар медиҳад: маҳбуси фирорӣ боздошт гардид

Ноябрь 28, 2016 15:44

Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» аз боздошт шудани маҳбуси фирорӣ хабар дод.
«26 ноябри соли 2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят маҳкумшуда Амонуллохон Носириро, ки аз муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд фирор намуда буд, дастгир намуданд», — омадааст дар хабари ВКД ҶТ.
Мавриди зикр аст, ки маҳкумшуда Носирӣ Амонуллохон рӯзи 24-уми ноябри соли 2016 аз муассисаи ислоҳии №3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои ҷазо фирор намудааст. Баъди ду рӯзи ғайриқонунӣ дар озодӣ қарор доштанаш, номбурда дар ҳудуди деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара дастгир ва ба муассисаи ислоҳӣ баргардонида шуд.
Маҳбус Амонуллохон Носирӣ, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи деҳаи Шуртанги ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара буда, солҳои гуногун се маротиба суд шудааст.
Нисбат ба ӯ соли 2005 мутобиқи талаботи моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазои иҷрои 120 соат корҳои ҳатмӣ, соли 2009 бо моддаи 244, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 солу 6 моҳ ва 4 июли соли 2013 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар асоси талаботи моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Исфара ҷазо ба муҳлати 11 сол маҳрум кардан аз озодӣ таъйин карда шудааст.
Оид ба ҳодисаи фирор кардани маҳкумшуда аз муассисаи ислоҳии №3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ноябрь 28, 2016 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст