ДДТТ бори аввал дар мусобиқаи шоҳмот сазовори ҷои аввал гашт

Декабрь 8, 2016 16:36

ДУШАНБЕ, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқа оид ба шоҳмот байни устодон ва кормандони макотиби олии мамлакат дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ бо иштироки намояндагони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.
«ДДТТ-ро дар ин мусобиқаи варзишӣ 7 нафар устодони донишгоҳ намояндагӣ намуданд. Мусобиқаҳо се рӯз идома карданд ва дастаи Донишгоҳи тиббӣ бори аввал дар ин мусобиқаи бонуфуз сазовори ҷои аввал гашт. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ҳам диданд»,-зикр намуд манбаъ.
Мусобиқаи мазкур байни устодону кормандони макотиби олӣ ҳамасола гузаронида шуда, беҳтарин дастаҳо аз тарафи кумитаи тадорукот бо ҷому туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Декабрь 8, 2016 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд