Криштиано Роналдо соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари КФ «Реал»-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Португалия Криштиано Роналдо соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-и маҷаллаи «France Football» эътироф шуд. Дар ин бора сомонаи маҷалла хабар медиҳад.
Барои Криштиано ин чорумин ҷоиза ба шумор меравад. Дар натиҷаи овоздиҳӣ Криштиано Роналдо 745 имтиёз ба даст овард, ки ин аз Леонел Мессии мақоми дуюм, ки соли гузашта соҳиби ин ҷоиза шуда буд, ду баробар (316) зиёд мебошад. Антуан Гризманн ҳамлагари «Атлетико» ва дастаи мунтахаби Франсия (178) соҳиби ҷои сеюм шуд.
«Дар вақти супоридани ҷоиза Криштиано Роналдо арз кардааст, ки ба ғалабаи чорумин барои «Тӯби тиллоӣ» боварӣ надошт»,-хабар медиҳад ТАСС.
«Кӯшиш мекунам, ки ин дастовардро соли оянда низ такрор кунам, вале он хеле душвор аст. Ман аллакай гуфтам, ки соли 2016 бароям аз беҳтаринҳо буд, унвони чемпиони Аврупо дар ҳайати дастаи мунтахаби кишварам барои ман намерасид. Ҳеҷ гоҳ ғалабаро бо «Реал» дар Лигаи чемпионҳои Аврупо ва бо дастаи мунтахаби Португалия дар Евро-2016 фаромӯш нахоҳам кард»-овардааст ТАСС аз қавли Криштиано Роналдо.








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






