«Сад пушаймонӣ аз Сурия». Барои пешгирии ҷавонон аз ҷинояткорӣ амалҳои дастаҷамъона заруранд

Декабрь 31, 2016 10:50

ДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Хушбахт Шарифзода ва сардори шуъбаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Исмоил Салимов бо устодону донишҷӯён ва хонандагони литсеи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Тавре ки аз донишкадаи номбурда ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин филми ҳуҷҷатии «Сад пушаймонӣ аз Сурия»-ро пешниҳод намуданд, ких еле омӯзанда буд.

pushajmoni-az-suriyaИн филми нимсоата дар бораи ҷавононе ба навор гирифта шудааст, ки аз ширкаташон дар ҷангҳои Сурия пушаймон шуда, бо кумаки ниҳодҳои давлатӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд. (Дар акс).
Муовини ректори донишкада Баҳриддин Ҷабборов зикр намуд, ки хушбахтона, дар кори тарбияи ҷавонон масъулони сохторҳои қудратии мамлакат, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша кумаки худро дар самти тарбияи ҷавонон мерасонад. Таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавононро мо пайваста эҳсос менамоем. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон аст, ки бо ташаббуси он кас соли 2017- Соли ҷавонон эълон гардид.
Муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахт Шарифзода оид ба тадбирҳои амалӣ дар самти пешгирии қонунвайронкунӣ миёни ҷавонону наврасон изҳори андеша намуд.
«Имсол аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёна 30 адад қонунвайронкунӣ ва ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Новобаста аз он, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли сипаришуда кам аст, вале қаноатбахш нест. Гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро низ ташвишовар боқӣ мемонад. Зарур аст, ки баҳри пешгирии ин амал дастаҷамъона кор барем»,-гуфт мавсуф.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ ва пешрафту тараққиёти кишвар аз онҳо вобаста аст. Онҳо бояд вақти таҳсили худро танҳо ба омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуфӣ роҳ надиҳанд.

Декабрь 31, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд