Синдзи Оказаки-беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2016

Декабрь 28, 2016 11:50

ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи «Лестер Сити»-и Англия Синдзи Оказаки (Shinji Okazaki) аз рӯи раъйпурсии нашрияи  «Titan Sports»-и Чин беҳтарин бозингари соли 2016-и Осиё эълон гардид.   Дар овоздиҳӣ 35 рӯзноманигори варзиш  аз кишварҳои Осиё, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва 5 рӯзноманигор аз расонаҳои дигари ҷаҳон ширкат карданд.

Дар натиҷа Синдзи Оказаки, ҳамлагари дастаи мунтахаби Япония ва клуби «Лестер Сити»-и Англия  бо 126 овоз пирӯз шуд. Ҳамлагари дастаи «Алайн»-и Амороти Мутаҳидаи Араб, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2016 аз рӯи ақидаи  КФО -Умар Абдураҳмон бо 123 овоз дар зинаи дуюм ва Сон Хин Мин (Son Heung-min)- ҳамлагари кореягии дастаи «Тотенхем»-и Англия бо 109 овоз дар мақоми сеюм ҷой гирифтанд.

Синдзи Оказаки собиқан дар дастаҳои машҳури «Штутгарт» ва «Майнтс» ҳунарнамоӣ карда, соли 2015 ба дастаи «Лестер Сити» гузаштааст. Чемпиони Осиё дар соли 2011 мебошад.

Натиҷаи умумии овоздиҳӣ чунин аст:

Rank Name Club Points
1  Shinji Okazaki  Leicester City 126
2  Omar Abdulrahman  Al-Ain 123
3  Son Heung-min  Tottenham Hotspurs 109
4  Sardar Azmoun  Rostov 46
5  Leonardo  Jeonbuk Hyundai 34
6  Genki Haraguchi  Hertha BSC 30
7  Hammadi Ahmad  Al-Quwa Al-Jawiya 16
8  Paulinho  Guangzhou Evergrande 15
9  Adriano  FC Seoul 13
10  Wu Lei  Shanghai SIPG 11
11  Koo Ja-cheol  FC Augsburg 10
12  Hiroshi Kiyotake  Sevilla 7
13  Lee Jae-sung  Jeonbuk Hyundai 6
14  Romarinho  El Jaish 5
15  Chanathip Songkrasin  Muangthong United 5
 Tom Rogic  Celtic 5
17  Ahmed Khalil  Al-Ahli 4
18  Aaron Mooy  Melbourne City /   Huddersfield Town 2
19  Sharof Rashidov  El Jaish 2
20  Kwon Sun-Tae  Jeonbuk Hyundai 1

Декабрь 28, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд