Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид

Июнь 23, 2017 10:54

ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Истеъдод» бахшида ба 20 — солагии ҷашни  Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро нашр намуд. Дар китоби мазкур нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ, нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ, ҳамзамон ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат – об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ  қарор гирифтаанд.

Тавре аз Маркази матбуоти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоби мазкур  аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Асрорӣ Мирзошоҳрух ва Рамазонӣ Давлатов омода шудааст.

 

Июнь 23, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд