Дар Остона ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 14-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай анҷом ёфт .
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа, ки тӯли ду рӯз идома ёфт, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуд. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин вазирони фарҳанги Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин, Россия, муовини Котиби генералии СҲШ А. Носиров, намояндагони Ҳиндустон ва Эрон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа вазирони фарҳанг дурнамои ҳамкории фарҳангиро дар муддати сипаригардида ва раванди амалишавии Созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки кишварҳои аъзо минбаъд низ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, ҳифзи гуногунии фарҳангҳо ва эҳтироми халқиятҳои мухталиф, тарғиби анъанаҳои фарҳангии халқҳои кишварҳои аъзо ва табодули таҷрибаҳои фарҳангӣ байни кишварҳои Роҳи бузурги Абрешим кӯшиш хоҳанд кард.
Ҷаласаи мазкур барои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзо имконияти мусоид фароҳам овард, то масъалаҳои дахлдори рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи фарҳангиро баррасӣ намоянд.








ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд






