Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон анҷом ёфтанд

Июнь 19, 2017 11:34

ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ Ховар/. Тавре  қаблан хабар дода будем, иштироккунандагони  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар  ҳайати 40  нафар  12  июни  соли 2017  тавассути тайёраи  Ширкати  ҳавонавардии  Туркманистон  «Turkmenistan  airlines»  бо   хатсайри  Ашқобод–Душанбе–Ашқобод,  ки   парвози  озмоишӣ  буд,  ба  Ашқобод  сафар   карданд.

Аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон аз  12 то 17 июни соли 2017 идома ёфта,  дар  ин муддат вохӯрии расмии намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, барномаи консертии устодони санъати тоҷик, консерти муштараки ҳунарпешаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистони муосир»,  либосҳои миллӣ,  китобҳои Тоҷикистон ва филмҳои тоҷикӣ баргузор гардиданд.

Шоми 16 июни соли 2017 соати 19:00 дар Қасри мақоми Маркази фарҳангии давлатии Туркманистон маросими ботантанаи пўшидашавии Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Туркманистон баргузор гардид. Консерти муштараки устодони санъати тоҷик ва туркман, ки ба ифтихори маросими пӯшидашавии ин чорабинӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Ашқобод  гардид,  ҷолибу  хотирмон буд.

туркманистон Рузхои фарханг

Июнь 19, 2017 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд