Филипп Де Леон: «Дар Тоҷикистон имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ хеле зиёданд ва соҳибкорони Амрико ва Тоҷикистон бояд аз ин имкониятҳо васеъ истифода намоянд»

Июль 14, 2017 14:57

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамшарикии байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорату иқтисод аз масъалаҳои калидие буданд, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мулоқоте, ки имрӯз дар Қасри миллат баргузор шуд, аз ҷониби Филипп Де Леон дар назди хабарнигорон судманд ва самаранок арзёбӣ гардид.

«Мақсади Шӯрои соҳибкории ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни соҳибкорони ду кишвар, боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвияти соҳаҳои афзалиятнок мебошад»,-зикр кард Филипп Де Леон.

Ба андешаи Роҳбари Шӯрои соҳибкории ИМА ва ҶТ, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ хеле зиёданд ва изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони ҳар ду кишвар аз ин имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд кард.

Шӯро тибқи барнома дар ҳамкории зич бо Палатаи савдои Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар шаҳри Душанбе   Форуми соҳибкоронро  баргузор намуд, ки дар он идеяҳои ширкатҳои ташрифоварда ва маҳсулоту хизматгузории онҳо ҷиҳати муайян намудани имкониятҳои мутақобилан судманд муаррифӣ хоҳанд шуд.

Ҳайати тиҷоратии ИМА  иборат аз намояндагони   ширкатҳои машҳури USKGZBC ва USTJBC- AGCO, Baker&McKenzie, Coca-Cola ва General Electric,  инчунин аъзои нави Шӯрои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ мебошанд.

 

 

 

Июль 14, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад