«ЭЪТИМОДИ СИЁСӢ ВА ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН БА САТҲИ БЕСОБИҚАИ ОЛӢ РАСИДАНД». Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи «Жэнмин жибао»
ДУШАНБЕ, 04.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Жэнмин жибао» ҷавоб доданд. «Жэнмин жибао»: Чин барои ҳамкории ошкорову самимӣ таҳти шиори «БРИКС+» баромад карда, муколамаи кишварҳои аъзои БРИКС-ро бо