БА АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶДҶ ВА МАЪЮБОН МЕРАВЕМ! – иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Сентябрь 5, 2017 15:50

ДУШАНБЕ, 05.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил, амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, кумакпулии яквақтаина расонида мешавад.

Дар робита ба ин аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 5 сентябр қарори дахлдор ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 4 миллиону 806 ҳазору 600 сомонӣ ҷиҳати расондани кумакпулии яквақтаина, аз ҷумла 266 ҳазору 800 ҳаштсад сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва 4 миллиону 539 ҳазору 800 сомонӣ ба кормандони Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

Маблағҳо ба ин нафарон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо бояд расонида шаванд.

Сентябрь 5, 2017 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад
Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад