31 ОКТЯБР – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАКОРӢ. Одами сариштакор ҳеҷ гоҳ мискин ё камбағал намешавад!

Октябрь 31, 2017 17:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии   ҳар як сокини мамлакат буда,  ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Ин матлаб дар муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба шаҳрвандони мамлакат зикр шудааст. Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба шаҳрвандони кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар ҳолест, ки  31 октябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии сарфакориро (International Saving Day) таҷлил менамояд.

17-01-16-foto-700x464-4Таърихи зуҳури ин сана ба баргузории нахустин конгресси байналмилалии намояндагони бонкҳои амонатгузорӣ (1st  International  Savings  Bank  Congress), ки 27 октябри соли 1924 бо иштироки намояндагони  29 кишвари  дунё дар шаҳри Милани Италия доир гардида буд, рабт дорад.  Иштирокдорони ин ҳамоиш дар рӯзи охири конгресси намояндагони бонкҳои амонатгузорӣ- 31 октябри соли 1924, идеяи таъсиси Рӯзи ҷаҳонии  пасандоз  (амонат)-ро пешниҳод намуданд. Профессори итолиёӣ  Равизза пешниҳод намуд, ки ин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии  сарфакорӣ  таҷлил гардад. Рӯзи ҷаҳонии сарфакорӣ соли 1989 аз ҷониби Созмони    Милали Муттаҳид ба расмият шинохта шуд. Санаи мазкур мардумони сайёраро  на танҳо ба  сарфаю сариштакории маблағу пасандозҳо, балки оқилона истифода намудани вақт, неруи шахсӣ,  саломатӣ, муносибати дурусту ғамхорона ва оқилона бо ҷиҳозу ашёҳои гуногуни рӯзгор, захираҳои табиӣ, назири об, неруи барқ, гази табиӣ, ангишт   ва амсоли онҳо раҳнамун менамояд. Зеро ҳар як инсон агар ба ҷиҳоз ва лавозимоти худ ва хонааш дуруст муносибат намояд, онҳо зуд  корношоям намегарданд ва соҳибхона онро муддати тӯлонӣ истифода намуда, барои харидорӣ намудани  ҷиҳоз ё таҷҳизоти нав  харҷи дубора намекунад. Гуфта мешавад, ки дар ин рӯз дар бисёре аз мактабҳои кишварҳои Аврупо  дарсҳои махсус гузаронида шуда, дар онҳо роҳҳои чӣ гуна нигоҳ доштани ҷиҳоз, истифодаи пасандозҳо, муносибат бо захираҳои табиӣ,  ба мисли об, неруи барқ, газ, ангишт  ва амсоли онҳо фаҳмонида мешаванд.  Дар асри  21 сарфаи  захираҳои табиӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, зеро сол аз сол ҳаҷми онҳо бо сабабҳои тағйирёбии иқлими сайёра ва муносибати нодурусти инсоният  коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, муносибати оқилона ва ғамхорона бо захираҳои табиӣ, кафолати минбаъдаи комёбии тамоми инсоният аст. Даҳ сол муқаддам Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки  ҳадафаш  баланд бардоштани сатҳи зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми кишвар, хусусан сарфаи буҷети оилавӣ ва мақсаднок истифода бурдани он,  ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ ва харҷи беҳуда  ҳангоми гузаронидани ҷашну маъракаҳост.

dastarhanРиояи ҳар банди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як навъ дастурест,  ки мардуми кишварро аз сарфи беҳуда  ҳангоми гузаронидани ҷашну маросимҳо ҷилавгирӣ менамояд.  Бахусус  бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонуни миллӣ дар соли равон  минбаъд мардуми кишвар дар гузаронидани ҷашн ва  тӯйю маъракаҳои азодорӣ  аз оростани дастурхони пурнозу неъмат худдорӣ менамоянд. Хусусан дар рӯзҳои таҷлили идҳои Рамазон ва Қурбон тибқи меъёрҳои қонуни миллӣ шаҳрвандон имкон доранд хони хоксоронаи маънавӣ ороста, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.  Дар масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар оила, пеш аз ҳама, бонувон- занон бояд намунаи ибрат бошанд, зеро мутаассифона, дар аксар маврид онҳо сабаби   роҳ додан ба исрофкорӣ  ва зоҳирпарастӣ мегарданд, ки ин кори оқилона нест. Хуб мебуд, агар занон дар радифи меҳмоннавоз буданашон сарфакор ҳам бошанд, зеро дар урфият гуфтаанд: «Сарфаи сари оташдон—савдогари Ҳиндустон».   Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як бону-зани тоҷик  дар оила дар радифи модари ғамхору тарбиятгар будан, инчунин  сарфакори хонадон бошад, зеро мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки бархе аз занони тоҷик маблағи  бо  ҳазорон машаққат фиристодаи  фарзандон ё шавҳари худро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия ва дигар кишварҳои хориҷианд ва ё он қарзҳоеро, ки бо фоизи баланд аз бонкҳо мегиранд,  дар баъзе мавридҳо беҳуда харҷ мекунанд. Онҳо дар маъракаҳояшон дастархони бодабдаба ороста, ба зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ роҳ дода,  пироҳану матоъҳо ва дигар ҷиҳози қиматбаҳо  харидорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин ба паст будани сатҳи маърифати бархе аз занон далолат мекунад. Хуб мебуд бонувони тоҷик маблағҳои  оилавиро на барои гузаронидани маъракаҳои серхароҷот ва оростани хони пурнозу неъмат, харидории либосҳои гаронарзиш, балки барои  таълиму тарбияи фарзандон, хусусан баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинию забондонӣ,  ба камол расонидани онҳо ва беҳдошти вазъи иҷтимоии хонадон истифода баранд.  Агар бонкҳои кишвар, ташкилотҳои хурди қарзӣ, ки ба мардум  қарз медиҳанд ва дигар мутахассисону коршиносони ниҳодҳои молиявӣ  миёни аҳолӣ  суҳбату мулоқот гузаронида, сатҳи маърифати молиявии ҷомеа ва  самаранок истифода намудани маблағҳои буҷети оилаҳо, сарфакорона истифода намудани пасандозҳоро меомӯзониданд,  ба манфиат мебуд. Зеро мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки  то ҳанӯз сатҳи маърифати молиявии бархе аз қишрҳои ҷомеа ташаккул наёфтааст ва маблағҳои буҷети оилаҳо  ва қарзҳое, ки бо фоизи баланд аз бонкҳо гирифта мешаванд, ғайримақсаднок истифода мегарданд.  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як мулоқот бо сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар, хусусан дар вохӯриҳои анъанавӣ бо занони фаъоли ҷумҳурӣ ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ дар мавриди гузаронидани ҷашну маъракаҳо ва оростани дастархони идона дахл намуда, сокинони мамлакат, бахусус бонувонро ба сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ва самаранок истифода намудани буҷети оилавӣ ҳидоят менамоянд.

Аз ҷумла,  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо бонувони фаъоли кишвар дар арафаи Рӯзи модар  моҳи марти соли равон  зикр намуда буданд: «Баъзан миёни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад. Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт, зеро дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи  сариштакор хазин а аст».  Ҳамзамон Пешвои миллат бо овардани мақоли халқии  «ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд», зикр карданд, ки «соҳиби дастархону маъракаҳо ва сарфакори беҳтарини зиндагӣ, шумо, занону модарони гиромӣ ҳастед. Ин ишораҳо моро водор месозанд, ки маъракаҳоро камхарҷ гузаронем, зиёдаравӣ накунем, ба қадри нозу неъмати зиндагӣ расем ва талаботи қонуни миллӣ  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба хотири рӯзгори ободу оилаи хушбахт ҳамеша риоя намоем».

 9527855 9465886

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар оила ва ба исрофкорӣ роҳ надодан дар зиёда аз даҳ сураи Қуръони азимушшаън баён гардидааст. Чунончи дар бархе аз сураҳои ин Китоби  осмонӣ омадааст: «Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф макунед, зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад»,  «Бисёр исроф макунед. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон  бародарони шайтонанд ва шайтон ҳам нисбат ба Парвардигори худ носипос аст».

Ба ҳамин монанд дар ривояте омадааст: «Одами сарфакор ҳеҷ гоҳ  мискин ё камбағал намешавад».

                                                                                  Марзия САИДЗОДА,

                                                                                           АМИТ «Ховар» 

 

Октябрь 31, 2017 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд