Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистонро 5 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд

Октябрь 14, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 15 то 18 октябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа  варзишгарони беш аз 27 давлати қитъаи Осиё ширкат мекунанд. Аз Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа 5 нафар варзишгар сафарбар гардидаанд.

Ба иттилои Нодирҷон Сафаров, котиби генералии Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, кишвари моро дар ин мусобиқаи варзишӣ миёни калонсолон Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов ва миёни ҷавонон Зумрад Пирназарова намояндагӣ мекунанд.

 

 

Октябрь 14, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд