Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон чор масъала баррасӣ гардид

Октябрь 25, 2017 17:04

ДУШАНБЕ, 25.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ гардиданд. Тавре аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вакилони мардумӣ дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро баррасӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуддин Камолзода ва вакили мардумӣ Равшан Раҷабов иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади ҳифз намудани насли ҳозира ва оянда аз оқибатҳои ба саломатии аҳолӣ зараровар, инчунин оқибатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодии истифодаи тамоку ва таъсири манфии он омода карда шудааст. Зиёда аз ин, дар асоси «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 3 боб ва 10 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку ва бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ танзим намуда, фаъолият  оид ба истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши ин гуна маҳсулотро муайян менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини аввали Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нусратулло Нозанинзода  ва вакили Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқова пешниҳод намуда, афзуданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҷӯразода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қаландарзода, М. Шарофиддинова ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушаххасгардонии меъёрҳои алоҳида, мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷашн гирифтани «Иди Сада» ва «Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ» дар рӯзҳои мувофиқ ба нишондиҳандаҳои суннатии ниёгонамон таҳия гардидаанд.

Тағйиру иловаҳо моддаи 2 – ро фарогир буда,  дар он илова намудани се  сархати нав, яъне  сархати  панҷум бо мазмуни «Иди Сада – 30 январ» сархати шасту нуҳум «Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ – 15 октябр» ва сархати ҳафтоду якум «Рӯзи судҳо – 26 октябр» пешбинӣ гардидааст.

Масъалаи сеюми рӯзнома- лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ориф Ҳакимов баррасӣ намуда, иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи имлои забони тоҷикӣ бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вакил аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан Иброҳим Абдуллозода баррасӣ намуда, иброз дошт, ки  лоиҳаи Қонуни мазкур, ки  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Иброҳим Абдуллозода, Амрихудо Дамдор ва Ориф Ҳакимов бо мақсади мутобиқ намудани мазмуни Қонун ба низоми қонунгузории кишвар ва талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Октябрь 25, 2017 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд