Сафари ҳайати расмии Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба Қазоқистон

Октябрь 30, 2017 12:58

ДУШАНБЕ, 30.10.2017./АМИТ «Ховар»/.  Рўзҳои 25-27 октябри соли 2017 ҳайати расмии дастгоҳи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров   бо даъвати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Владимир Жумаканов   ба шаҳри Остона сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни дастгоҳҳои шўроҳои амнияти ҳарду кишвар, вазъи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, бо ҷинояткории муташакил, амсоли гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки чунин машваратҳои кории дуҷониба мунтазам сурат гиранд, зеро дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тарафайн муҳокима шуда, барои боз ҳам таҳким бахшидани амният ва суботу оромии тарафҳо ва минтақа мусоидат менамоянд.

Октябрь 30, 2017 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид