Ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҲНИТ» дар маркази таваҷҷуҳи сохторҳои зиддитеррористии байналмилалӣ қарор дорад

Октябрь 18, 2017 19:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2017./АМИТ «Ховар»/. 4 октябри соли 2017 дар шаҳри Краснодари Россия Ҷаласаи XVI роҳбарони хадамоти махсус, мақомоти амният ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ-шарикони Хадамоти федералии амнияти Россия баргузор гардид, ки дар он тадбирҳои таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо таҳдидҳои террористӣ дар қатори масъалаҳои калидӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар суханронии Е.С. Сисоев, Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай дар форуме, ки дар он 124 намоянда дар шумули роҳбарони хадамотҳои махсуси 78 кишвар ва ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ширкат доштанд, фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии (ТТЭ) «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», дар радифи «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра» ва «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» ҳамчун омили ҷиддие, ки ба амнияти минтақавӣ таҳдид мекунад, номида шуд.

Бо назардошти робитаҳои зичи ТТЭ «ҲНИТ» бо созмонҳои террористии байналмилалӣ Е.С. Сисоев таъкид намуд, ки «муҳтавои асосии фаъолияти сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ аз ҷустуҷӯ ва амалӣ намудани тадбирҳои муносиби муштарак баҳри мубориза бо ин хатарҳо дар шароити кӯшишҳои мунтазам аз ҷониби созмонҳои террористии байналмилалӣ дар интиқоли макони бесуботӣ аз Шарқи Наздик ба сарҳадҳои кишварҳои аъзои СҲШ, инчунин мубориза алайҳи иштироки давомноки шаҳрвандони ин кишварҳо дар набардҳо аз ҷониби созмонҳои террористӣ, иборат аст». Директори кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (СМЗТ СҲШ) мутазаккир шуд, ки бо назардошти вазъи фаврии ба миён омада, афзалияти асосии СМЗТ муқовимат бар зидди ҷангҷӯён-террористони хориҷӣ мебошад. Бо ин мақсад оид ба фаъолияти Ташкилотҳои байналмилалии террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва ғайраҳо мубодилаи иттилоотии пешгирикунанда ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷаласаи мақоми олии СМЗТ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин баргузор гардид, масъалаи мубориза бо фаъолияти ҷинояткоронаи ТТЭ «ҲНИТ» низ ба мавзӯи махсуси баррасии роҳбарони сохторҳои кишварҳои аъзои СҲШ табдил ёфта буд. Сабаби асосии мавзӯи баҳс қарор гирифтани ин масъала, таҳти № 79 ба Рӯихати ташкилотҳои террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ ворид намудани ТТЭ «ҲНИТ», ки фаъолияти он дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ мамнӯъ гардидааст, инчунин шомил кардани роҳбарону дигар аъзои амалкунандаи он ба Феҳристи ягонаи ҷустуҷӯи афроде, ки аз ҷониби хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои СҲШ, барои содир намудан ва ё бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, буд. Чунин арзёбии ҷиддии моҳияти террористии «ҲНИТ» ва сатҳи баланди коркарди тадбирҳои дуруст барои пешгирии фаъолияти ғайриқонунии он бо назардошти таҷрибаи таърихӣ ва оқибатҳои фаъолнокии террористии «ҲНИТ» барои амнияти минтақа дар марҳилаи кунунӣ ногузир аст. Ба андешаи коршинос Карим Воҳидов, «робитаи фаъолияти «ҲНИТ» бо масъалаҳои ҷангҷӯён-террористони хориҷӣ, ки дар соли 2014 мавзӯи баррасии ҷаласаи махсуси Шӯрои амниятии СММ гардида буд, амри тасодуфӣ нест. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки бар пояи нишондодҳои роҳбарони аршади маҳкумшудаи ин ташкилот асос ёфтааст, шабакаи ғайриқонунии интиқоли даъватшудагони нав ба созмони байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» маҳз аз ҷониби ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҲНИТ» таъсис ёфта, сарпарастӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аз 1140 шаҳрванди муайяншудаи ҶТ, ки дар сафи воҳидҳои мусаллаҳи ДИИШ қарор доранд, 521 нафарашон аъзои «ҲНИТ» мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки «ҲНИТ» дар арсаи фаъолиятҳои террористӣ навкор ё ҳаваскор набуда, баръакс, аз ТБТ «Давлати исломӣ» дида, собиқаи кории бештареро соҳиб аст. Ҳанӯз солҳои 90-ум дар Тоҷикистон «ҲНИТ» дастаҳои мусаллаҳи исломиёни радикалиро, ки талош доштанд ба сохти конститутсионии Тоҷикистон тағйироти таҷовузкорона ворид намуда, дар кишвар тартиботи шариатиро ҷорӣ созанд, роҳбарӣ мекард.

Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии панҷсола зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуданд. Ба хоҷагии халқ дар ҳаҷми 7 млрд. доллари ИМА хисорот ворид карда шуд. Зиёда аз 2 млн. шаҳрвандон маҷбур шуданд, ки хонаву дари худро гузошта, гуреза шаванд. Тӯли ин солҳо «ҲНИТ» нисбати намояндагони ҳукумат, ходимони намоёни ҷамъиятӣ даҳҳо амалҳои террористӣ анҷом дод.

Моҳи сентябри соли 2015 «ҲНИТ» бори дигар нақшаи анҷом додани амалҳои террористии миқёсиро дар Тоҷикистон амалӣ намуд, ки оқибати он метавонист на танҳо оғози муҳорибаҳои хунини кишвар гардад, балки ба шарикони «ҲНИТ»-дастаҳои созмонҳои террористии байналмилалӣ, ки қисми умдаи онҳоро шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ташкил дода, дар вилоятҳои наздисарҳадии Афғонистон маскан гирифтаанд, «дарвозаи кӯҳӣ»-ие ба сӯи Осиёи Марказӣ боз мекард.

Он замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва қатъии зиддитеррористӣ тавонистанд татбиқи ин нақшаи хунинро пешгирӣ намоянд».

Имрӯз саъю кӯшиши Тоҷикистон дар манъ ва бартараф намудани амалҳои террористии «ҲНИТ» бо иқтидори тавонои тамоми «аҳли оилаи Шанхай», аз ҷумла кишварҳои бузургтарини дунё чун Россия, Чин, Ҳиндустон ва Покистон таҳким меёбад.

Кофӣ аст бигӯем, ки шумораи умумии аҳолии 8 давлати СҲШ (Ҳиндустон, Қазоқистон, Кирғизистон, ҶМЧ, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) дар миқёси 34 млн.м2 зиёда аз 3,3 млрд. нафарро ташкил медиҳад. Шарикони муколамаи СҲШ Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка буда, кишварҳои нозир Афғонистон, Белоруссия, Эрон ва Муғулистон мебошанд.

170807-203217dfdsffff==170807-203217dfdsffff==++

Дар баробари Созмони ҳамкории Шанхай, ТТЭ «ҲНИТ» ҳамчунин дар мадди назар ва таваҷҷуҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалие чун Интерпол, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва СААД қарор дорад.

Аъзои ТТЭ «ҲНИТ», ки ба қайдҳои махсуси ин сохторҳои зиддитеррористӣ ворид шудаанд, бояд боздошт гарданд ва барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиашон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Иддае аз фаъолони ТТЭ «ҲНИТ», ки саъй доштанд аз додгоҳ фирор карда, ба амалҳои террористӣ ва истихдоми даъватшудагони нав идома диҳанд, дар ҳар гӯшаю канори дунё аллакай боздошт гардиданд.

Вале, қаламрави баъзе кишварҳое, ки онҳо ҳанӯз ҳам бо «стандартҳои духӯра»-и мавҷуда садоқати худро нишон медиҳанд, маҳдуд шуда истодааст. Боварӣ ва умед аст, ки бо таҳким ёфтани ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ин сарзаминҳо барои наҳзатиҳову диишиён ва амсоли онҳо то ҳадди муассисаҳои ислоҳотӣ маҳдуд мегарданд ва хобу бедории мардуми осоишта минбаъд бидуни тарсу ваҳм аз хатарҳои терроризм хоҳад буд.

Суҳроб РАШИДОВ

 

Октябрь 18, 2017 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад