Паёми Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумӣ аз нав эҳё гарданд — дар ҳошияи мулоқот бо сокинони шаҳри Кӯлоб
КӮЛОБ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинон баргузор шуд, ки дар он нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ ёфтанд.
Зимни вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Ҷумъахон Алимӣ оид ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола, ки ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд, сухан гуфтанд. Онҳо аз ҷумла, дар бораи рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд гардидани музди маош ва ҳадди ниҳоию заминавии нафақа, ҳамчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон изҳори андеша намуда, онро ба сокинони деҳа фаҳмониданд.
Дар мулоқот Абдулғаффор Раҳмонзода зикр кард, ки бо мақсади равнақ додани соҳаи сайёҳӣ Сарвари давлат соли 2018–ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Нотиқ дар робита ба ин аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумиро, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегиранд ва танҳо хоси фарҳанги мардуми мо мебошанд, аз нав эҳё намоянд. Ба ин восита даромади хонаводаашонро зиёд гардонида, дар муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода се самти стратегии мамлакат ва дигар масъалаҳоеро, ки Пешвои миллат дар Паёми худ баён карданд, ба иштирокдорони мулоқот тавзеҳ дод.
Иштирокдорони вохӯрӣ вобаста ба паҳлуҳои дигари Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






