АДАБИЁТИ МУОСИР ВА РУШДИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ. Мусоҳиба дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2018 14:55

Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори    миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллати тоҷик ҳар сол бо аҳли зиёи мамлакат мулоқот меороянд ва дар баробари шунидани арзу пешниҳодҳо онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нави эҷодӣ,  шинохту дарки масъулияти худ дар назди халқу миллат раҳнамоӣ менамоянд. Боиси сарфарозии мост, ки Пешвои миллатамон инсони фарҳангдӯст ва адабпарвар буда, дастгириву ғамхориҳои зиёде ба адибон зоҳир менамоянд. Хусусан  имрӯз дар замони эҳёи маънавии миллатамон адибони тоҷик бояд саҳми ватандӯстонаи худро дар рушди тафаккури миллӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ гузоранд. Дар робита ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ “Ховар” бо Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол НАСРУЛЛО ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»: Адабиёти муосири тоҷик имрӯз дар замони Истиқлолияти давлатӣ, дар замони озодӣ ва эҳёи навини Тоҷикистон беш аз ҳарвақта бояд масъулиятҳои миллиро пайгирӣ намояд ва яке аз вазифаҳои муқаддаси адибони мо имрӯз саҳми боризи онҳо дар рушди тафаккури миллӣ мебошад. Мехостем дар ин мавӯъ андешаҳои шуморо фаҳмем.

К.Насрулло: Адабиёти муосири тоҷик идомаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи  гузаштагони оламшумули мост. Адабиёте, ки ҳамеша баландтарин ғояҳои инсонӣ ва шоистатарин ормонҳои башариро пайгирӣ кардааст. Ин адабиёт дар гузашта нобиғаҳоеро ба олам додааст, ки эътирофи умумибашарӣ доранд. Дар ҷодаҳои   нобасомони таърих роҳи он на ҳамеша ҳамвор будааст. Аз ин рӯ давраҳои рушди тиллоӣ ва давраҳои таназзули маънавиро аз сар гузаронидааст. Аммо дар ҳама замонҳо рисолати баланди худро, ки бурдани равшании хирад, поягузории ғояҳои баланду шоистаи инсонӣ ва  афзудани дороии маънавӣ, додани дарси адабу маърифат барои инсоният аст, аз ёд набурдааст.

Адабиёти муосири тоҷик бо ҳама мушкилот, бо вуҷуди муддате канда шудан аз решаҳои таърихиву фарҳангӣ, тағйири нобаҳангоми алифбо  дар даврони баъд аз Инқилоби октябр тавонист эҳёи дубора ёбад ва мавқеи шоиставу арзанда пайдо намояд.

Пеш аз он ки мо дар бораи нақши адабиёти муосир дар рушди маънавии халқ ва рушди тафаккури миллӣ ҳарф бизанем, бояд саволе пеши худ гузорем, ки аслан ҳадафи адабиёт чист? Ба андешаи банда, пеш аз ҳама, ҳадафи адабиёт ғанӣ кардан ва баланд бардоштани маънавиёти халқ аст. Албатта, адабиёт, пеш аз ҳама, ҳунар аст, ҳунари офариниши асари мондагори санъат, асаре, ки падидаи фарҳангии ҳамон халқ аст. Аммо ҳунар ва бадеият дар навбати худ, агар ҳадаф ва ормони бузурги миллӣ ё инсонӣ надошта бошад, тире хоҳад буд  андохта бар ҳаво. Адабиёти асил ҳамеша бояд ғояҳои баланди инсониро пайгирӣ намуда, ба маънавиёти миллат, ба шуури мардум таъсири нек гузорад. Маънои вожаи шеър ҳам аз шуур аст. Яъне бадеият либоси зебост дар тани асари бадеӣ, аммо рисолати адиб пайгирии ғояҳои шоиставу бузург ва умеду армонҳои баланди инсонист.

Ба ғайр аз ин, ё дар баробари ин, адабиёт созанда ва нигоҳдорандаи яке аз рукнҳои миллияти ҳар халқ – забони модарии он аст. Таърихи адабиёти ҷаҳон ва таърихи адабиёти тоҷик ҳам нишон додааст, ки адабиёт дар ташаккули миллӣ ва давлатдории халқу кишварҳо саҳми асосӣ ва созанда дорад. Масалан, нақш ва таъсири шеъри мондагори устод Рӯдакӣ дар бунёди забони миллии мо ва ҳатто дар таҳкими рӯҳияи давлатдории Сомониён беандоза бузург ва эътирофшуда аст. Саҳми мондагори Ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и безаволи ӯ дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватандорӣ ё таъсири эҷодиёти Саъдӣ ба ҷомеа, ба завқу одобу худшиносии мардум дар тӯли асрҳо ба ҳама маълум аст. Пас адабиёт на танҳо раҳнамои ҷомеа дар тамоми соҳаҳои маърифат ва тамаддун аст, балки  дороии маънавии миллату халқ маҳз дар адабиёт таҷассум ёфта, маҳфуз мемонад.

Хушбахтона, метавон гуфт, он оташи меҳру муҳаббати Ватан, ки Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини омадан ба сари кор дар дили аҳли илму адаб афрӯхтанд, раҳнамои адибон ва адабиёти миллии мо шуд. Дар он рӯзҳои ҳассос ва тақдирсоз адибони мо тавонистанд дар канори Пешвои миллат бошанд ва саҳми боризи худро дар раҳнамоии мардум ба худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти худ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ гузоранд. Ин аст, ки таъсири адабиёт, сухани бадеъ ва хусусан шеър ба тамоми равандҳои маънавии ҷомеа ҳамеша назаррас будааст.

«Ховар»: Оё имрӯз эҷодиёти адибони мо метавонад оинаи зиндагӣ, кору пайкор, бунёдкориҳову созандагиҳои бемисли замона бошад? То куҷо адабиёти муосир ин расолати худро иҷро менамояд?

К.Насрулло: Дар тӯли 26 соли Истиқлолияти миллӣ адабиёти тоҷик як марҳилаи муайяни рушдро аз сар гузаронд, то ҷойе симои худро муайян сохт ва дар ин симо дастовардҳои адибони муосири мо таҷассум ёфтаанд. Дар ин марҳилаи пур аз такопӯи бунёдкорӣ аксари адибони ватандӯсти мо ҳамқадами истиқлолият буданд ва саҳми худро дар худшиносии миллӣ ва рушди ҷаҳонбинии нав гузоштанд. Хусусан дар шеър ва публисистика  мо метавонем саҳми адибонро бештар мушоҳида кунем, зеро барои навиштани насри фарогир муҳлати бештар даркор аст. Бо вуҷуди ин дар насри навини мо ҳам дар ин байн асарҳои шоистаи бадеӣ рӯи кор омадаанд, ки метавон асарҳои Урун Кӯҳзод (романи “Ҳайҷо”), Сорбон (“Барзгар”, “Резаҳо”, Саттор Турсун (Санг дар бағал ба тӯфон”), Кароматулло Мирзо (“Марги бегуноҳ”, “Ситораҳои паси абр”), Абдулҳамид Самад (романи “Гардиши девбод”, қиссаҳои “Мистер”, “Дудила”), ҳикояву повестҳои Баҳманёр, Юнус Юсуфӣ, Барот Абдураҳмон, Муҳиддин Хоҷазод, Мирзо Насриддин ва дигаронро ном бурд. Хусусияти хоси насри замони истиқлол дар он аст, ки дар он ҳам бо таҳқиқи ҳодисот ва рӯҳияи қаҳрамонони замон, ҳам бо пажӯҳишҳои рӯҳониву маънавии қаҳрамонони таърихӣ, ки барои хонандаи имрӯз аҳамияти чандҷониба доранд, рӯ ба рӯ меоем ва ин асарҳо дастовардҳои бадеӣ, тозагиҳои нигориш ва дигар хусусиятҳои хоси худро доранд.

Аммо шеър ва публисистика, ки жанрҳои фаврии адабиётанд, дар замони Истиқлолияти давлатӣ саҳми боризи худро дар иҷрои чандин ҳадафҳои баланди миллӣ гузоштаанд, ки яке аз инҳо раҳнамоӣ ба шинохти ҳувияти миллӣ, худогоҳии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва бедор кардани эҳсоси наҷиби ифтихори миллист, ки дар Паёми Пешвои миллат ин ҷанбаи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон махсусан зикр карда шудааст.

Адибони тоҷик дар тамоми мавзӯъҳои бунёдкориҳои кишвар, аз бунёди неругоҳҳои барқӣ  то сохтмонҳои азими роҳҳои байналмилалӣ, бунёди нақбҳои бузург ва дигар сохтмонҳои азим асарҳои дархури рӯз ва ифодакунандаи рӯҳияи замон офаридаанд ва по ба пои ободкориҳо қадам бардоштаанд. Хусусан дар бунёди ҷашну маросимҳои миллӣ, эҳёи дубораи суннатҳои таърихии миллӣ, мисли Наврӯзу Меҳргону Сада, зинда гардонидан ва рушди ҳунарҳои мардумӣ адибони тоҷик пайгиру ҳамовози нишондоду фармудаҳои Пешвои миллатамон будаанду ҳастанд. Ва боиси хурсандист, ки бо пайгирӣ аз раҳнамоиҳои Пешво як зумра ҷавонони эҷодкор низ имрӯз рӯи кор омадаанд, ки бо ҳамин оҳанги садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат эҷод мекунанд. Метавон ин мавзӯъро идома дод, мисолу далелҳои мушаххас овард, аммо он вақт сухан ба дарозо мекашад. Албатта, на ҳама асарҳои офаридашуда дар мавзӯъҳои номбурда дар сатҳи баланд эҷод шудаанд. Аз хусуси даст кашидан аз суханони урён, орӣ аз бадеият ва раҳо шудан аз умумигӯиву пургӯиҳо, ки моли адабиёти асил нестанд, мо худамон дар доираи адибонамон гуфтаему мегӯем, аммо дар муддати 26 соли истиқлолият асарҳои шоиставу сазовор низ на кам  интишор ёфтаанд ва шеъри навини тоҷик имрӯз намояндаҳои барҷастае дорад, ки дар сатҳи шоиставу сазовор адабиёти моро дар арсаи байналмилалӣ ва сатҳи ҳамзабонон метавонанд муаррифӣ кунанд. Дар ин саф метавон қариб аксари адибони муосирро аз Бозор Собиру Гулназар то ҷавонтарини онҳо, мисли Бузургмеҳри Баҳодуру Толиби Луқмон ном бурд.

«Ховар»: Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018  чӣ ангезише барои эҷодиёти адибони мо дода метавонад? Мавзӯъи таҷассум ва ситоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар осори классикони адабиётамон беҳтарин намунаҳои  онро метавон пайдо кард, то куҷо дар эҷодиёти адибони муосир пайгирӣ мешавад?

К.Насрулло: Яке аз вижагиҳои сиёсати созандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон назари тоза андохтан ба маънавиёти таърихии миллатамон мебошад. Шумо бубинед, ки Пешвои миллати мо барои бунёди навини маънавиёти миллӣ аввал ба эҳёи таҳкурсиҳои таърихии ин маънавиёт рӯ оварданд. Зеро тамоми илму дониш, хираду  адаб ва суннатҳои баланди миллӣ, ки симои маънавии халқи моро таҷассум мекунанд, маҳз дар ҳамин зербун бунёд гардидаанд. Бузургтарин мактаби маърифату ҳунару ғояҳои баланди инсонии мо ҷашни Наврӯзи Аҷам аст, ки Пешвои миллати мо аз эҳёи он шурӯъ карданд ва тамоми дунё дар симои Наврӯзи тоҷикон чеҳраи  маънавии мардуми тоҷикро шинохт ва эътироф намуд. Эҳёи маросиму суннатҳои миллӣ на фақат барои моро шинохтани оламиён, балки пеш аз ҳама, барои худро шинохтани худамон аҳамият дорад. Эҳёи пай дар пайи маросимҳои бузурги таърихию миллии мо ҷашнҳои Меҳргон ва Сада қадами бузурги дигар дар ҷодаи худшиносӣ ва барқарорсозии маънавиёти таърихии мост. Имрӯз вобаста ба  рушди сайёҳӣ эҳёву дастгирӣ аз ҳунарҳои мардумӣ идомаи ҳамон ҳадафи бузурги эҳёи маънавиёти миллат аст ва мисли тамоми чорабиниҳи сатҳи давлатиамон аз оғози истиқлолият то имрӯз моро ба ҳамон ҳадафи баланди бунёди маънавияти асили миллӣ раҳнамоӣ мекунад.

Бубинед, вақте ки табиати беҳамто,  дастнарасида ва худододи мо, ки бо ҳамин покизагияш арзиши баланд дорад, бо зебогиҳои беназиру нозанини ҳунари мардумӣ, ки аксарашон дар олам шабеҳ надоранд, тавъамон мешавад, чӣ манзараи дилкашу мафтункунандаеро пеши назар меорад. Ин кӯҳҳои рангин, сарсабзу хуррам бо қуллаҳои сар бар фалаки асрҳо барфпӯш, ин обшори зулол, ин чашмаҳои бемисол, ин рӯдҳои покизаоб, ин гулҳои рангине, ки ҳатто дар танаи сангҳо мерӯянд, ин хониши кабки дариву мурғи ҳилолу булбулу андалебу садҳо мурғони хушлаҳни дигар, ки на дар қафасҳо, балки дар оғӯши табиат шуморо дар ҷодаҳои кӯҳӣ раҳнамоӣ мекунанд ва ин расму суннатҳо ва ҳунарҳои инсонпарваронаву башардӯстонае, ки намунаи ҳайратовари санъати волои мардумианд, киро бетафриқа гузошта метавонанд? Ва ин ҳама дар ҳолаи ангезишҳои ҳиссии куҳанбунёду соҳибтамаддунии ин кишвару ин халқ, эҳсоси асрҳову таърихи ғании ин сарзамину ин миллат, дар ҷодаҳои убури Роҳи абрешими таърихӣ арзиши бештаре мегирад.   Ва аминам, ки ин иқдоми Пешвои миллати мо фардо Тоҷикистонро ба яке аз варзидатарин давлатҳои созгор ба сайёҳӣ табдил медиҳад. Аммо дар ин ҷода на фақат эҳёву пешрафти ҳунарҳои мардумӣ, балки эҳёву барқарорсозии ҷангалу боғу бӯстонҳо дар табиати биҳиштиамон, хусусан дар кӯҳистон ва эҳёву такмили одобу маърифати зотии тоҷикии мо низ хеле зарур ва муҳим аст, зеро муҳити дилчаспи  сайёҳӣ танҳо тавъамон бо шароити созгор ва хусусан бо ҳузури фарҳангу одоби самимонаву хайрхоҳонаи тоҷикӣ, ки хоси мардуми меҳмоннавози мо будаааст, барор хоҳад гирифт.

«Ховар»: Вақте сухан аз эҳёи ҳунарҳои мардумӣ меравад, будуни ихтиёр  саволе ба миён меояд, ки оё адибони мо чӣ саҳми шоистае метавонанд  дар иҷрои ин ҳадафи неки давлатӣ дошта бошанд?

К.Насрулло: Саволи бамаврид. Инъикос ва тараннуму тавсифи касбу ҳунарҳои мардумӣ дар адабиёти мо падидаи нав нест.   Ин зуҳуротест, ки дар саросари адибиёти классикиамон метавон бо он вохӯрд ва дар адабиёти дерини мо шоироне будаанд, ки дар ин ҷода корҳои шоиставу мондагор кардаанд. Хусусан навиштани як навъи шеър бо номи “Шаҳрошӯб”- шакли шеърии ҳаҷман хурд, мазмунан шӯх ва шӯрангез маъмул будааст. Шеърҳо оид ба пешаву ҳунарҳо, кам ҳам бошанд, дар асрҳои 11-12 вуҷуд доштанд. Аммо баробари равнақи касбу ҳунарҳои гуногун (асрҳои 15-17) дар эҷодиёти  адибон шаҳрошӯбнависӣ маъмул шуд. Аввалин “Шаҳрошӯб”-и мукаммале, ки то мо расидааст, ба қалами  Масъуди Саъди Салмон тааллуқ дорад. Ин “Шаҳрошӯб” аз 94 қитъаи алоҳида иборат буда, ҳар як шеъри ба ҳунармандон бахшидаи он аз 2 то 9 байт (ҷамъ 270 байт) –ро дар бар мегирад.

Аммо асосгузори назми бахшида ба ҳунармандон Сайфии Бухороӣ (асри 15) ба ҳисоб меравад, зеро ӯ дар асари мукаммали худ “Саноеъ-ул-бадоеъ” бештар аз сад ғазал дорад ва ҳар ғазал барои санъатгаре ва пешаваре суруда шудааст, ки дар замони худ дар байни хосу ом шӯҳрат пайдо кардааст. Дар ин ғазалҳо шоир аксари касбу ҳунари аҳли шаҳр ва деҳ, монанди гилкор, аттор, ҷомабоф, оҳангар, дарзӣ, мӯзафурӯш, пардадӯз, рангрез, нонво, камонгар, нақшгар, сӯзангар, хиштмол ва ғайраро ном бурда, сифатҳои он касб ва худи косибу  ҳунармандро дар сухани бадеъ ва шеъри нафис таърифи шоирона мекунад.

Масалан, аз ғазали дарзӣ:

Дилбари дарзӣ, ки шуд девонаи рӯяш парӣ,

Дӯхтанд аз баҳри ӯ гӯё қабои дилбарӣ.

Баҳри ӯ гирам, ки созад сӯзани зар офтоб,

Риштаи ӯ кай тавонад бофт моҳи ховарӣ.

Риштаи ҷонат ба васли сӯзани мижгони ӯ

Кай расад, то дар ғамам аз савти сӯзан нагзарӣ…

Аз ғазали рангрез:

Гулъузори  рангрез кори Масеҳо мекунад,

Куштаҳоро аз лаби ҷонбахш эҳё мекунад.

Рангҳои шӯх агар Исо баровардӣ зи ҳам

Шӯхи ман аз май бағоят ранги аъло мекунад.

Аз ғазали сӯзангар:

Моҳи сӯзангар, ки дар дил мехалад мижгони ӯ

Он кӣ дил мехонамаш ман, ҳаст сӯзандони ӯ.

Дар қатори шоирони шеърҳои ҳунармандӣ Амир Хусрави Деҳлавӣ (дар рубоӣ), Ваҳиди Табрезӣ (дар маснавӣ), Бедил (мухаммас), Дарвеши Деҳакӣ ва Абӯлисҳоқи Атъимаро метавон ном бурд.

Аммо яке аз беҳтарин шаҳрошӯбҳо дар адабиёти тоҷик “Шаҳрошӯб”-и Сайидои Насафӣ ба шумор меравад. Дар он 212 нафар намояндагони пешаҳои гуногун ба тариқи ҳазл тавсиф шудаанд. Илова ба “Шаҳрошӯб”-и худ Сайидои Насафӣ як силсила шеърҳои бахшида ба ҳунармандон дорад, ки дар онҳо касбу кор ва  ҳунарҳои мардумӣ ба таври фарогир тасвир ва ситоиш мешаванд. Масалан, дар маснавии “Дар таърифи наққош” симои наққошро ӯ чунин шоирона  таҷассум мекунад:

Бувад авроқи машқаш дафтари гул,

Ба дасташ килки мӯ мижгони булбул..

Зи ҷӯши ранги шангарфаш пиёла

Намоён карда худро ҳамчу лола…

Гузорад пой бар ҳар остона,

Кунад он хонаро оинахона…

Зи тасвири гулаш олам чаманзор,

Расида шохи гулро сар ба девор…

Чанд намуна аз “Шаҳрошӯб”-и Сайидои Насафӣ:

Ҳар ки як дам ҳамдами он дилбари заргар шавад,

Санг гирад , лаъл гардад, хок гирад, зар шавад.

***

Бошад он шӯхи кабобӣ дилбари олиҷаноб,

Рӯзу шаб бошад танӯри ӯ пур аз сиху кабоб.

***

Нонфурӯши ман нишаста бо ҳарифон лаб ба лаб,

Ҳар замон фарёд месозад: куҷоӣ нонталаб!

***

Дилбари деворзан худро ба олам кор кард,

Ошиқони хешро хору хаси девор кард.

Ин шаҳрошӯбҳо ва ашъори ба ҳунармандон бахшидаи гузаштагони мо  барои муайян намудани хусусиятҳои иҷтимоию сиёсӣ ва адабии давраҳои гуногуни таърихӣ аҳамият доранд ва дар баробари ин аз нозукиҳо ва махсусиятҳои ҳунарҳои мардумӣ ба мо маълумоти фаровон медиҳанд.

Бидуни шубҳа, ин намуди шеъри классикӣ бояд  дар адабиёти муосири мо низ мувофиқ ба зуҳуроти ҳунарҳои замон эҳёи тоза ёбад. Хусусан дар партави дастгирӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат. Ва яке аз беҳтарин василаҳои он, ба андешаи банда, эълони озмун барои беҳтарин шеър ё асари насрӣ дар мавзӯи таҷассуми бадеӣ ва тавсифи ҳунару пешаҳои мардумӣ буда метавонад. Бояд гуфт, ки дар муқоиса бо, фарз кадем, 212 пешаву ҳунари мардумӣ, ки Сайидои Насафӣ онҳоро сурудааст, дар замони мо ҳунару пешаҳои нави мардумӣ хеле зиёданд, ки барои таҷассуми бадеӣ ангезишҳои зебои эҷодӣ дода метавонанд.

Бубинед, танҳо ҳунари дӯзандагӣ, хусусан дӯхтани либосҳои зебою беҳамтои занона аз матои чакану атласу адрас имрӯз чӣ қадар густариши тоза ёфтааст. Ё худ эҳёи пухтупази таомҳои миллӣ, мисли сумалаку қурутобу чанголӣ ва даҳҳои дигар. Дар ин радиф наметавон аз ҳунари волои нонпазии занони тоҷик ном набурд, ки хеле пеш рафтаву намунаҳои  дилангезу волое падид овардааст. Занону модарони мо тавонистаанд  ҳар яки ин ҳунарро ба сатҳи ҳунари волои санъат бардоранд, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ метавонанд мақом дошта бошанд ва ҷилвагарӣ кунанд. Танҳо намоиши анвои  даҳҳо намуди нонҳои тоҷикӣ ва матою  либосвориҳои атласу адрасу чакани тоҷикӣ шоистаи ба маърази намоиш гузоштан дар тамоми гӯшаҳои дунё ҳастанд, ки ҳар бинандаро бегуфтугӯ тасхир хоҳанд кард. Албатта, ин ҳама дурахшу шукӯҳи ҳунарҳои мардуми тоҷик бояд дурахши тозаву ситоиши сазовори худро дар адабиёти навини мо дошта бошанд.

 

Февраль 22, 2018 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад