Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд
ДУШАНЕБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар санадҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд, ба роҳ монда шудааст». Ин нуктаро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, ки ҳамзамон котиби масъули Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад, дар мулоқоташ бо шарикони рушд — роҳбарони намояндагиҳои Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зикр намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Фаррух Ҳамрализода ҳамзамон атрофи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тавассути такмили заминаи қонунгузорӣ, таҳкими низоми татбиқи қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва баланд бардоштани иқтидори сармоягузории кишвар ибрози назар намуд.
Таъкид шуд, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъати шуғли пурмаҳсул муайян гардидаанд, ки онҳо таҳкимбахшандаи ҳадафҳои стратегии амалкунанда маҳсуб меёбанд.
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи барномаю стратегияҳои миллии рушд, дастовардҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои зикршуда, самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтидорҳо, мушкилоти дар фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ мавҷудбуда ва бартараф кардани он баррасӣ шуда, пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






