«РОҒУН»-ОЛАМИ НАНГУ НОМУС АСТ!» Хотироти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз сафар ба ин иншооти аср

Июнь 18, 2018 16:18

ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ«Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бунёдкорию созандагӣ, ки аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегиранд, ба таври назаррас роҳандозӣ гардид ва нуфузи мамлакати азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурд. Яке аз корҳое, ки дар ин самт ба роҳ монда шуд, ин бунёди иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки агрегати аввали он 16 ноябри соли равон ба истифода дода мешавад.

Дар партави супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли илму адаб, адибону публитсистон, журналистону коршиносон ба ин неругоҳи аср сафар карда, хотироти худро дар матбуот ба нашр мерасонанд. Чанде қабл дар радифи дигар зиёиёну эҷодкорони мамлакат сафари гурӯҳи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ  ба мавзеи ин сохтмон сурат гирифт ва инак хотироти ректори ДМТ, академик Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА манзури хонандагони сомона мегардад. 

Истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи  бузургтарин ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва намунаи олии онро чанде баъд тамоми ҷаҳон шоҳид хоҳад гардид. Ин намунаву самара бунёди НБО -и «Роғун» аст, ки заминаи бунёди он аз солҳои шастуми асри гузашта оғоз ёфта буд.

Бо сабабҳои зиёду монеаҳои гуногун анҷоми он тӯл кашид ва  чанд сол қабл корҳои сохтмонии он аз нав оғоз гардид. Ин амал, пеш аз ҳама, аз матонату устуворӣ ва садоқату меҳнатдӯстии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад.

«Роғун»-ро метавон арсаи номус ва қаҳрамонии Пешвои миллат номид. Чунки алорағми ҳама монеаҳо кори он аз сар гирифта шуд. Ҳоло хеле ҳам заруру манфиатбахш аст, ки хусусиятҳои ин сохтмонро аҳли эҷоду зиё аз наздик бубинанд. Ҳақиқату рисолати ин сохтмони асрро дарҷ кардану сабт кардан вазифаи аҳли қаламу эҷод аст. Ҳамин аст, ки бо дастури Пешвои миллат ба ин сохтмони аср сафарҳои доимии адибону публитсистон ва рӯзноманигорону фарҳангиён ҷараёни мунтазам дорад. Чанде қабл дар радифи дигар зиёиёну эҷодкорони кишвар сафари гурӯҳи устодону донишҷӯёни ДМТ низ  ба мавзеи ин сохтмон сурат гирифт.

Сафари мо ба чанд қитъаи сохтмони неругоҳ ҳамагӣ якрӯза буд. Мақсаду ҳадафи мо аз наздик дидани меҳнату диловариҳои сохтмончиён ба ҳисоб мерафт. Маълум аст, ки инҷо ҷамъияти бузурги меҳнатӣ бо шумули қариб 19 ҳазор нафар шабу рӯз дар паи коранд ва наметавон дар як фурсати кӯтоҳ он ҳамаро дид. Дастовези мо барои ин неругоҳ кӯлбори маънавӣ буд. Садҳо китобу маҷаллаву рӯзномаҳо ба китобхонаи ин неругоҳ ҳадя гардид.

Ҳамзамон дастаи ҳунарии «Наврӯз»-и донишгоҳ табъи сохтмончиёнро болида гардонид. Дастовезу ҳадяи НБО-и «Роғун»  барои мо як олам бардошту ҷаҳонбиниҳои фаромӯшнашаванда мебошад. Аз назораҳову мушоҳидаҳо як чиз аён аст, ки бо бунёди ин неругоҳ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шӯҳрати беназир пайдо мекунад ва зиндагии мо бо ҷилои нури он тағйири куллӣ хоҳад ёфт. Шоҳиди ҷараёни корҳои бунёдкорӣ дар ин сохтмони аср гаштан ба  ҳар як бинанда таассуроти бепоён мебахшад. Ин сохтмон моҳияти байналмилалӣ дорад. Тоҷикистон кори хайреро анҷом доданист, ки бо шарофати он хонаҳои ҳамсояҳои дуру наздик мунаввар мешавад.

Дар майдони заҳмати ин сохтмони пурмӯъҷиза имрӯз тоҷику ӯзбек, русу итолиёвӣ ва намояндагони дигар миллатҳо паҳлӯи ҳам меҳнат менамоянд. Инҷо олами пурэъҷози меҳнату заҳматро дида, фаҳмидан мумкин аст, ки ҷомеаи башарӣ бо майли тамом ҷонибдори анҷоми ин сохтмон аст. Зарурати онро ҳама қоил мебошанд. Сарфи назар аз монеасозиҳои сунъӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ холисона дурусту безарар будани НБО-и «Роғун»-ро собит намуд. Бузургтарин созмони байналмилалӣ – СММ ба ин НБО-и бунёдшаванда назари мусбат дорад. Бо эътимоди комил ва бидуни ҳама гуна шак бояд иқрор гашт, ки амалӣ гаштани ин рӯзи таърихӣ барои халқи тоҷик наздик аст.

Ҳикмати «Шунидан кай бувад монанди дидан»-ро аз мушоҳидаҳои бевосита аз қитъаҳои ин сохтмон дарк кардан мумкин аст. Дар ҳақиқат ин сохтмони аср аст ва онро афсонаи замон метавон номид. Дидани нақбҳову дарғот ва дигар минтақаҳои сохтмон гурӯҳи ҳамсафаронро ба ваҷд меовард. Дар инҷо садоқату муҳаббату қаҳрамонӣ идома дорад ва бо ин ҳама рӯди саркаши Вахш тобеи инсон гашта истодааст. Садҳо достон ҳам кифоя нест, ки диловариву матонати сохтмончиёнро бо тамоми паҳлӯҳо фаро гирад.

Ба шогирдони эҷодкор тавсия дода мешуд, ки бубинанду нависанд ва оянда робитаи худро боз ҳам бо ин неругоҳ қавитар намоянд. Моро  нақбҳои пурмуъҷиза мафтуну тасхир менамуд. Заҳмату матонате дар кандани онҳо сарф гаштааст, ки ҳар як бинандаро ба ҳайрату таааҷҷуб меоварад. Шумори онҳо хеле зиёд аст ва агар дар маҷмӯъ ҳамаи онҳо паи ҳам гузошта шаванд, даҳҳо километр тӯл мекашанд. Ин ҳама дастовардҳои меҳнатӣ осон сурат намегиранд ва дар баробари монеаҳои сунъие, ки дар ҷараёни корҳо дар давоми солҳо ба амал омадаанд, сохмончиёну коргарон бо даҳҳо мушкилоти дохили сохтмон рӯ ба рӯ мешаванд. Дар минтақаҳои хатарнок кор кардани онҳо сазовори таҳсину офарин аст. Масалан, дар дохили нақбҳо бо зинаҳои махсус болову поён шудан, техникаҳоро дар мавзеъҳои хатарнок идора кардан, кафшергарӣ дар сақфи нақбҳо ва амсоли он амали саҳлу сода нест. Аммо ин арсаи номус ҳама чизро сарфи назар менамояд.

Ҳар як бинандаи аз кори сохтмон дурбуда низ мехоҳад дар бунёди ин неругоҳ нақше дошта бошад. Яке аз ҳамроҳон вақте аз ҷараёни корҳо дар минтақаҳои сохтмон дидан мекард, нимшӯхиву нимҷиддӣ ба эҳсоси махсус мегуфт: «Бовар кунед, ки  ба чанд сомоние саҳмия харида будам. Ин ҳама заҳмату қахрамониҳои сохтмончиёнро ба чашми худ дида, онро ба арвоҳи гузаштаҳоям бахшидам». Ин далели он аст, ки ҳақиқати воқеиро ҳеҷ гоҳ наметавон инкор кард.

Бевосита аён буд, ки ин майдони матонату диловарӣ бинандагони ҷавони эҷодкорро ҷалб менамояд. На танҳо онҳо, балки устодони факултаҳои филологияву журналистика низ мехостанд, ки ба умқи ҳар як мушоҳидаи худ фурӯ раванд. Саволҳо медоданд, факту рақам ҷустуҷӯ мекарданд, такрор ба такрор аз як ҳар манзара дидан мекарданд. Ин гувоҳи он аст, ки мӯъҷизаҳои сохтмон онҳоро ҷалб намудааст.

Дар толори мошинҳо, вақте агрегату трансформаторҳои гуногуни омодашавандаро мебинед, дил аз фараҳ лабрез мешавад. Фурсат барои фаро гирифтани тамоми аҷзои он комил набуд ва ҳама талош ба он менамуд, ки дар навбати аввал барои худ чизҳоеро фаҳмида гирад, ки чун як муаммо дар пеши назар қарор мегирифтанд. Ҳамагон баҳри ояндаи сунъиро тасаввур менамудем, ки он дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс чӣ гуна зебову дилтасхиркунанда хоҳад буд. Боваркарданист, ки он оянда барои тамоми сайёҳони ҷаҳон ҷолиб мегардад. Табиати зебои Тоҷикистон бо дасти инсон зеботар хоҳад гашт. Зеро ин НБО ва тамоми аҷзои он дар ҷаҳон беназир аст. Ҳамзамон баҳри ояндаи он захирагоҳи эҳтиётии об барои тамоми мардумони Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Аз ҷониби маҷмааи СММ эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои аҳли башар як рукни муҳими созандагии ҳаёт ба ҳисоб меравад, ки он ташаббуси бевоситаи Тоҷикистон аст. Эҳтиром ба об ва истифодаи оқилонаи он имрӯз ба як масъалаи калидии ҳаёт табдил ёфта истодааст. Мафҳуми иқтисоди сабз ҷомеаи башарро водор менамояд, ки обро чун як манбаи беҳбуду пешрафти ҳаёт истифода намояд.

Маълум аст, ки аз иқтидори  гидроэнергетикии кишварамон, ки дар ҳаҷми 527 млрд. кВт.соат баҳогузорӣ карда шудааст, имрӯз ҳамагӣ 3-4 фисади он мавриди истифода қарор дорад. Боз ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ қоил гашт, ки дар Тоҷикистон барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ нисбатан арзон захираву манбаъҳо кифояанд. Аз ҷумла, феълан зиёда аз 98 фисади неруи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда ба ин бахш марбут буда, барои дар шакли пурра истифода кардани он татбиқи лоиҳаҳои зиёде муҳиму ногузир аст. Ба истифода додани НБО-и «Роғун» шароит ба миён меорад, ки ин ҳама захираҳову имконоти истифодашаванда пурратар шаванд, ки он танҳо ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. Тарҳ ва лоиҳаи ин неругоҳ аз замони шӯравӣ маълум буд. Аз рӯи нақшаҳо дар заминаи он бояд чанд корхонаи бузурги дигар, ҳатто бузургтар аз Корхонаи арзизи ноҳияи Турсунзода бунёд мегардиданд. Яқин аст, ки ин имкон боз пайдо хоҳад гардид.

Ҷои инкор нест, ки дар оянда Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи қувваи барқ табдил меёбад, ки даҳҳо кишвар аз он суд хоҳанд дид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дипломатияи обро торафт рушд бахшида, худ ҳамчун намуна манфиатҳои бевоситаву безарари обро собит менамояд.

Аз азал тақдири тоҷикон ба нур вобастагӣ дорад. Тоҷикистон ду неругоҳи барқи обӣ хоҳад дошт, ки яке НБО-и «Норак», ки чанд даҳсола боз дар хидмати мардум аст  ва дуюмӣ НБО-и «Роғун» хоҳад буд. Номҳои Роғуну Норак ба рӯшноӣ иртибот доранд.

Норак ба як маънои худ аз нуру рушноӣ маънӣ меафшонад. Роғун низ дар тафсили маъно ба рӯшноиву нур иртибот мегирад. Устод Айнӣ калимаи роғро рӯшноӣ тафсир менамояд. Ҳам Норак ва ҳам Роғун бо чӣ ҳикмате кадом замоне номҳову мантиқи рӯшноиро ба худ гирифтаанд. Яъне аз замони номаълуме рисолати нурбахшӣ барои миллати тоҷик чун як қарз муқарар гардидааст. «Норак» зиёда аз чил сол боз нур мебахшад ва инак нуре, ки аз роғҳои кӯҳҳои Роғун ба миён меояд, на танҳо Тоҷикистон, балки як минтақаи ҷаҳонро нурафшонӣ хоҳад кард.

НБО-и «Роғун»-ро бояд ба чашми дил дид. Дар як сафар танҳо таассуроти сарироҳиро метавон соҳиб гашт. Роҳбарияти ДМТ дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо Раёсати ин неругоҳ кӯшиш хоҳад намуд, ки мутахассисони ҷавону эҷодкорро ба онҷо ба кор фиристад. Зеро солҳо зарур аст, ки як нафар эҷодкор ба умқи асрори ин сохтмон фурӯ равад. Қаҳрамонони асили ин коргоҳҳоро дарёбаду шиносад. Ҳар як эҷодкор то дар ин майдони нанг заҳмат накашад, нафаси сохтмонро эҳсос карда наметавонад. Барои инъикоси сохтмонҳо дар гузашта эҷодкорон солҳо ҳамроҳи сохтмончиён қарор мегирифтанд, ки асаре мондагор пайдо шавад. Асарҳои муҳташами иҷтимоие ки дар бораи сохтмону бунёдкориҳо навишта шудаанд, натиҷаи диду мушоҳидаҳои муаллифону адибонест, ки ҳамроҳи сохтмончиён кор кардаанд.

Боварӣ дорем, ки инъикоси рӯҳи ин сохтмони аср дар оянда ба қуллаҳои баланд мерасад. Он дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт меёбад. Албатта, дар даргоҳи ДМТ ин гуна қаламкашон ҳастанд ва чун ҷавонони соҳибқалам дар корзори ин сохтмон камол меёбанд, ин гувоҳи пайдо шудани нигоришҳои мондагор мешавад.

Он чиз, ки мо, устодону шогирдон дар ин сафари худ дидем, моро ба хулосае овард, ки  НБО-и «Роғун» олами номусу нанг аст. Ин номусу нанг номи миллати моро дар ҷаҳон бори дигар овозадор мегардонад. Давлати муқтадири шӯравӣ бо буҷаву сарвати тавонояш ин неругоҳро сохта натавонист ва акнун бо матонату заковати Пешвои миллат ва халқи дар атрофи ин Пешво муттаҳид ин сохтмони беназир анҷом хоҳад ёфт. Ин неругоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад. Нангу номуси як миллат ва Пешвои он, ки маҳбуби ҷаҳониёнанд.

Ин кори хайр ва бузургест, ки даҳсолаҳо наслҳои имрӯзу оянда аз он суд хоҳанд бардошт. Чӣ рӯзи фараҳбахшест он лаҳза, ки мешунавем: «НБО-и «Роғун» ба кор даромад». Ва он рӯз наздик аст.

 

 

Июнь 18, 2018 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид