Таманнои бонуи роҳбалад: «Осмони соф, парвози баланд, нишасти маҳин ва сафари хушу бобарор!». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии роҳбаладони ҳавонавардӣ

Июль 12, 2018 12:12

ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон 12 июл аз Рӯзи байналмилалии  роҳбаладони ҳавонавардии мулкӣ, ки бо номи стюардесса маъмул аст, таҷлил менамоянд.

Касби пуршараф ва масъулиятноки роҳбаладӣ  таърихи 90-сола дошта, он бори нахуст соли 1928 дар Германия ба вуҷуд омадааст. Он вақт ҳангоми парвоз дар дохили ҳавопаймо барои таъмини  хизматрасонӣ ба мусофирон шахсони махсусро гирифта буданд.  Дар ибтидо рисолати роҳбаладиро дар ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз мардҳо иҷро мекарданд, ки қисмати бештарашон  собиқ пешхизматҳои тарабхонаҳо буданд. Баъдан  соли 1930  дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идея барои ҷалби духтарони хушсимою ҷолиб  ба ҳайси роҳбаладон дар ширкатҳои  ҳавонавардӣ ба вуҷуд омад, ки он ҳамзамон барои  муаррифӣ, баланд бардоштани нуфузи  ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҷалби  бештари интиқоли мусофирон мусоидат менамуд. Инчунин далели дигари ҷалби бештари ҷинси латиф ба ҳайси роҳбалад дар  ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба он рабт дошт, ки  духтарон нисбат ба мардон   вазни камтар доранд, ки ин омил барои ҳавопаймоҳои он давра аз аҳамияти калон  бархӯрдор буд.

 Эллен Черч- нахустин бонуи роҳбалад дар ҷаҳон

Эллен Черч  (1904-1965), зодаи иёлоти Айоваи  Амрико  дар таърихи ҳавонавардии ҷаҳон нахустин бонуи роҳбалад дар ҳавопаймо  шинохта шудааст. Вай ба ҳайси роҳбалад 15 майи соли 1930 дар хатсайри Сан-Франсиско – Шайенн  парвоз намуда, ба мусофирони хатсайри мазкур хизмат расонидааст.

Эллен Черч  ва гурӯҳи нахустини роҳбаладонаш  курси ҳамшираи шафқатро хатм намуда, ғайри он инчунин мустақилона дарси идоракунии ҳавопайморо аз худ намуда буданд, ки ин далели ҳалкунанда ба манфиати фаъолияти гурӯҳаш буд.

 

Талабот барои интихоби  роҳбаладон-синни то 25 ва вазни то 52 кг

Ғайр аз ин Эллен Черч дар асоси супориш гурӯҳи нахустини роҳбаладонро интихоб намуд, ки ба он ҳафт нафар ҳамшираи шафқати синнашон то 25 ва вазнашон то 52 кило шомил гардида буданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шароити муосири ҷомеаи ҷаҳон барои интихоби роҳбаладони ҳавопаймоҳо вазн чандон муҳим набуда, афзалияти бештар ба симои зоҳирӣ-чеҳра, қомати баланд, касбият, донишу малака, муоширати хуб, нутқи бурро, донистани забонҳои хориҷӣ дода мешавад.

Рисолати роҳбалади муосир таъмини амнияти мусофирон ҳангоми парвоз буда, ҳамзамон роҳбаладон тамоми  саъю талошро ба харҷ медиҳанд, ки мусофирон ҳангоми парвоз тавассути ҳавопаймо худро бароҳат эҳсос намоянд ва сафарашон хубу бобарор ва хотирмон анҷом ёбад.

Роҳбалади муваффақи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии роҳбаладони  ҳавопаймоҳо, ки 12 июл таҷлил мегардад, хабарнигори  АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо яке аз роҳбаладони собиқадор ва муваффақи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Зарина САЪДУЛЛОЕВА суҳбат анҷом дод.

Бояд зикр кард, ки ин бонуи  роҳбалад, ки ҳамеша дар лабонаш табассум ҳувайдост,  муддати  даҳ сол боз, яъне аз санаи таъсиси ширкати «Сомон Эйр» инҷониб ба ҳайси роҳбалад  фаъолият дорад. Зарина Саъдуллоева  баъди  хатми Мактаб-интернати ҷумҳуриявии  мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ барои гирифтани маълумоти олӣ ҳуҷҷатҳояшро ба  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон месупорад ва онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, муддате дар соҳаи бонкдорӣ низ  фаъолият намудааст. Бо таъсиси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина сарбаландона аз озмун мегузарад ва ба ҳайси роҳбалад дар ин ширкат ба фаъолият оғоз менамояд.

Роҳбаладӣ аз шахс фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ талаб менамояд

«Орзуи деринаи ман ҳунарпеша шудан буд. Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ҳайси роҳбалад ман тасодуфан  ва ғайричашмдошт  ба кор шурӯъ кардам. Фаъолияти роҳбаладӣ аз шахс фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ тақозо менамояд, зеро зимни фаъолияти даҳсолаам дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» инро ман борҳо мушоҳида кардаам. Ҳамзамон дар муддати фаъолияти роҳбаладиам  дар толори  ҳавопаймо бо одамони касбу кори гуногун, шахсиятҳои барҷастаю маъруф — сиёсатмадорон, ситораҳои эстрада, синамо, варзишгарони шинохтаю маъруф шинос гардидаам, ки барои ман мояи ифтихор ва сарбаландист»,-мегӯяд ин бонуи роҳбалад.

 

Душанбе маро ба мисли оҳанрабо ба худ ҷазб мекунад, зеро масири бозгашт ба сӯи ӯст

Зарина дар зарфи фаъолияти даҳсолаи худ ба ҳайси роҳбалад дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  зимни парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои гуногуни ин ширкат ба шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон, назири  Урумчӣ (Чин), Москва,  Новосибирск, Карасноярск, Караснодар, Сочи, Қазон (Россия), Истанбул (Туркия), Франкфурт (Германия),  Дубай (Амороти Муттаҳидаи Араб) ва боз чандин давлатҳои дунё сафар карда, як ҷаҳон таассуроти нек бардоштааст.

Зарина мегӯяд, ки «тамоми он шаҳрҳое, ки зимни фаъолияти роҳбаладиам сафар намуда, ба мусофирони ҳавопаймоҳо хизмат расонидаам, хеле зебоянд, вале шаҳри Душанбе, ки ман дар он чашм ба дунё кушода, ба камол расидаам. зеботару дилоротар ва хеле назаррабост. Шаҳри сарсабзу хуррами Душанбе  маро ба мисли оҳанрабо ба сӯи худ ҷазб менамояд ва ман Душанберо, ки шаҳри умеду орзуҳо ва сарсабзиҳост, сидқан дӯст медорам. Дар кадом шаҳри дунё,  ки набошам, ёди шаҳри рӯъёҳо- Душанбеи азиз менамоям, зеро  ибтидои сафарҳо тавассути хатсайрҳои ширкати «Сомон Эйр» аз ин шаҳри ишқ оғоз меёбад ва масири бозгашт низ ба сӯи Душанбест.

Касби пурифтихори роҳбаладӣ хеле масъулиятнок аст 

Дар мавриди лаҳзаҳои  хотирмони фаъолият дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчун роҳбалад ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки яке аз лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ- ин нахустин парвоз дар масири  Душанбе-Дубай  соли 2008 буд.

«Қабл аз парвоз бо вуҷуди он ки хеле омодагии ҷиддӣ дида будам, маро ҳаяҷони сахт фаро  гирифта буд. Лаҳзаҳои нахустини парвоз ба ҳайси роҳбалад дар сафҳаи хотирам абадӣ нақш бастаанд. Ва то ҳанӯз ҳам зимни парвозҳо дар масирҳои мухталиф дар ҳаяҷон ҳастам, зеро касби пурифтихори роҳбаладӣ пешаи хеле масъулиятнок   буда, ба хотири бароҳатии  сафари мусофирон аз инсон беҳтарин хислатҳо, ба мисли хушсуханӣ, забондонӣ ва таҳаммулро талаб менамояд. Дар ин ҷода ҳамеша кӯшиш мекунам, ки тамоми мусофирон зимни парвоз аз хизмати мо сидқан баҳравар гардида, бо табъи хушу болида сафарашонро  сипарӣ намоянд».

Забондонӣ яке аз талаботи асосии пешаи роҳбаладист

Зарина дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Модараш устоди  Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги  ба номи  Мирзо Турсунзода мебошад ва ба донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифат санъати суханварӣ меомӯзонад. Аз ин ҷост, ки Зарина дорои нутқи бурро буда, ба ғайр аз забони модарӣ, инчунин ба забонҳои русӣ ва англисӣ озод суҳбат намуда, ба қадри имкон ба забонҳои ҳиндӣ, туркию ӯзбекӣ низ гап мезанад.

Зарина бо вуҷуди роҳбалади ҳирфаӣ буданаш ҳамасола ҷиҳати  такмили донишу малака барои таҷрибаомӯзӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамояд. Дар муддати фаъолият Зарина Саъдуллоева дар ширкатҳои ҳавопаймоии  пешрафтаи  кишварҳои ҷаҳон, назири Россия, Германия ва Туркия курсҳои омӯзишӣ гузашта, таҷрибаи ҳамкасбони хориҷии худро аз бар намудааст.

Зебоиҳои нотакрори табиати диёр ба кас ҳаловат мебахшанд

Зарина дар баробари роҳбалади муваффақ будан ҳамзамон  модари хушбахт аст. Фарзанди бузургаш, ки 21-сола аст, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия буда,  духтараш дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии мусиқии   ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ таҳсил менамояд. Новобаста ба фаъолияти корӣ, ки асосан ҳафтае ду маротиба дар парвоз аст,  вақт ҷудо намуда,   ба тарбияи фарзандон машғул мегардад. Ӯ мехоҳад онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуда, рисолати модарии худро иҷро намояд. Чун фасли гармо аст, бонуи роҳбалад истироҳати тобистонаи худро дар куҷо мегузаронад?-пурсидем аз Зарина.

Дар посух ба ин савол Зарина гуфт, ки «бо фарзандонам дар осоишгоҳи «Баҳористон» истироҳат менамоям, зеро зебоиҳои нотакрори табиати диёрамон  ва обу ҳавои форами он ба кас ҳаловат мебахшанд».

Саъй менамоям, то рисолати худро муваффақона иҷро созам

«Ман инсони хушбахтам, зеро тӯли даҳ сол аст, ки ба ҳайси роҳбалад дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба мусофирон хизмат  мерасонам»,- мегӯяд бо табассуми малеҳ ин бонуи роҳбалад.

«Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» доимо нисбат ба кормандон, хусусан роҳбаладон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар ин замина мо  барои сазовор мондан ба ғамхориҳои роҳбарияти ширкат саъю  талош менамоем, ки ба мусофирон дар сатҳи баланд хизмат расонида,  рисолати худро муваффақона иҷро намоем. Муошират бо одамони гуногун ҳангоми хизматрасонӣ дар ҳавопаймо  роҳбаладонро равоншинос  гардонидааст, зеро ҳангоми худро нороҳат ҳис кардани мусофир кӯшиш менамоем, ки бо чеҳраи кушода, табассуми малеҳ, сухани хушу ширин ва сатҳи баланди хизматрасонӣ  нороҳатии онҳоро бартараф намоем. Дар ин росто,  таманнои ман ба мусофирон ҳангоми парвоз осмони соф,  парвози баланд, нишасти маҳин  ва сафари хушу бобарор аст»,- гуфт дар анҷоми суҳбат роҳбалади ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».

Ҳангоме ки ин маводро омода менамудем, аз  ширкати ҳавопаймоии  «Сомон  Эйр» иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо ҳоло қариб 100 нафар роҳбаладон фаъолият менамоянд. Аз онҳо қариб 70 %-ро духтарон ва боқимондаашонро писарон ташкил медиҳад».

Қабули роҳбаладон дар ширкат  тавассути  озмун  сурат мегирад. Синни номзадҳо, ки дар асоси озмун ба ҳайси роҳбалад дар ширкати «Сомон Эйр»  қабул карда мешаванд, барои занон то 26 ва барои мардон то 28 муқаррар гардидааст.

Инчунин роҳбалад бояд дорои чеҳраи зебову ҷаззоб, қомати баланд, қобилияти муоширати хуб бо мусофирон, ҳунари шиноварӣ ва омодагии хуби ҷисмонӣ буда, забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро хуб донад.

Бояд зикр кард, ки либоси ягонаи роҳбаладони  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки ранги равшани   сурхро дорад,  дар Туркия омода карда шудааст. Дар  робита ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарияти ширкат иқдоми нав роҳандозӣ намуда, барои интихоби беҳтарин либоси ягона барои роҳбаладон миёни ширкатҳои ватанӣ озмун эълон кардааст. Либоси нави  ягонаи роҳбаладони ширкат  аз матои  қирмизиранг омода шуда,  дорои нақшу нигори миллӣ  хоҳад буд.

Мавриди зикр аст, ки  ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тӯли даҳ сол аст  дар бозори ҳавопаймоии Ҷумҳурии  Тоҷикистон фаъолият дошта, ба шаҳрҳои гуногуни қораи Осиё ва Аврупо дар 24 хатсайр парвоз анҷом медиҳад.

Парки ҳавопаймоии ширкат аз шаш ҳавопаймои  «Боинг 737 – 300»,  «Боинг-800» ва «Боинг -900»  иборат буда, роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки бо мақсади фарох гардонидани ҷуғрофиёи парвозҳо, хусусан ба роҳ мондани парвозҳо ба Амрико ва Сеул ҳавопаймоҳои муосир харидорӣ намояд.

Тирамоҳи соли 2017 ширкати  ҳавопаймоии «Сомон Эйр» узви ИАТА гардида,  парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон бо муваффақият анҷом медиҳад.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2018 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
БАҚОИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»