ХОНЕД, МУЛОҲИЗА КУНЕД, ХУЛОСА БАРОРЕД! Суханронии и.в.Раиси ВМКБ Ё. Файзов, собиқ Раиси шаҳри Хоруғ А. Маҳтобшозода, муовини Раиси ноҳияи Ванҷ О.Мардов ва узви Шӯрои имомати Исмоилия дар ВМКБ П. Фаррухзод дар назди фаъолон ва аҳли ҷамоати ВМКБ ҶТ

Октябрь 22, 2018 13:35

ДУШАНБЕ, 22.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии  ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд.

Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният таъсис дода шуд ва ҳоло фаъолият дорад.   16 октябри соли равон роҳбарият ва аъзои масъули ин ситод дар назди фаъолон ва аҳли ҷамоати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сухан гуфта, роҷеъ ба натиҷаҳои нахустини кори ситод  мулоҳизаронӣ намуданд.  Дар зер матни пурраи суханронии чанд нафари онҳоро бидуни тағйир пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ёдгор ФАЙЗОВ, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ:

Ҳозирини гиромӣ!

Ман мехостам якчанд фикру ақидаи худро нисбат ба он чизе, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғи ВМКБ мегузарад, баён кунам. Пеш аз ҳама, барои дар муддати 16 рӯз  дар вазифаи иҷрокунандаи  Раиси ВМКБ буданам эҳтироми амиқи худро ба Пешвои миллат, ба ҳамаи он нафароне, ки дар ин ситод шабу рўз хизмат кардаанд, ба модарон,  зиёиён, кормандони мақомоти давлатӣ ташаккури зиёд бигўям, ки маҳз ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки мо дар муддати як моҳ тавонистем супоришҳои Ҷаноби Олиро ба сомон расонем. Ин кори якмоҳа нест,  ин кори хеле тӯлонӣ аст.

Баъзе масъалаҳо  вақт мехоҳанд.  Ман мехостам дар ҳамин ҷода як навоварӣ биёрем. Дар ҳамаи расонаҳо-  ҳам   расмӣ ва  ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ мо дар бораи гурўҳҳои муташаккил, гурўҳҳои ҷинояткор бисёр мегӯем. Ҳар касе суол мекунад, ки онҳо кистанд, барои чӣ ягон кас номашонро намегўяд?

Ҳамон нафароне, ки мо мегӯем, роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ инҳо ҳастанд — Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоир ва   Ёдгор. Биёед бигӯем, ки гап дар бораи кӣ меравад, гап дар бораи чӣ меравад?  Ва баъд шумо хабар доред он вохӯриеро, ки дар толори Қасри варзиш доштем.   Он ҷо қариб 500-600 нафар ҷавонон ҷамъ омаданд,  фикр мекунам, ки дар таърихи 27 сол бори аввал ба таври кушод ва рӯирост ҳамдигарро гуфтанд, ки ту ана ин хаторо содир кардӣ, ту он хаторо содир кардӣ.

Бори аввал буд,  ҳамон ҷо ҳам Толиб баромад карду ҳам Зоир, ҳама чизеро, ки онҳо шояд мехостанд ба сохторҳои давлатӣ ва ба ман ҳамчун корманди собиқи Бунёди Оғохон  бигӯянд, гуфтанд.  Ва    дар бораи онҳо ва коре, ки онҳо карданд,  ман ҳам ҳарф задам. Таклиф  карданд, ки агар мушкилӣ дар  мо бошад,  мо 5 кас меравем,  худамонро дар ҳамин майдон месупорем. Гуфтам беҳтарин, вале  ҳеҷ вақт шумо ин корро карда наметавонед.

Хоруғ ҷойи ҷанг нест,  мо дидем, ҳар рўз телевизион тамошо мекунем. Мо Димишқро дидем, мо Алеппоро дидем, мо Ироқро дидем, мардум баромада,  бо исломиҳо ҷанг карданд. Имрўз 10 миллион  одам ба он шаҳрҳо баргаштанд, хонаашон дар  куҷост, намеёбанд. Аз он хонаҳо ва аз он мулкҳои нозанин ягон чиз намондааст. Имрўз, ки бо ҳар як корманди фонди Оғохон вомехӯрем, оид ба тақдири Сурияе, ки пеш аз ҷанг чӣ гуна буд,  Ливияе, ки пеш аз ҷанг чӣ гуна  буд, Ироқе, ки пеш аз ҷанг чӣ гуна буд,  Ямане, ки пеш аз ҷанг чӣ гуна буд ва аз онҳо ному нишон намонд, суҳбат мекунем.

Ман медонам, ки аз тирезае, ки як тир тарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон партофта шавад, дар ҷавоб чӣ қадар тир меравад, дигар аз он 9-ошёнаву 4-ошёнаву 10-ошёна чизе намемонад ва баъд биёем ин ҷо мисли Сурия хайма занему ҳазорон нафар дар зимистон дар хаймаҳо хоб  раванд!

Худоро шукр,  ягона имконе, ки имрўз давлат додааст  — биёед яроқатонро супоред,  дар кадом қисмати Тоҷикистон, ки хоҳед, тинҷ зиндагӣ кунед. Ба фикрам, Анушервони одил ҳам дар вақти подшоҳии худ ин хел имкон надод, ки дар он маҷлис садо дод.

Аз мардуми одӣ имрўз давлат як чиз  илтимос дорад. Намегӯяд бирав яроқ ҷамъ кун, намегӯяд ҳамроҳашон ҷанг кунед, лекин илтимос ҳангоми гузаронидани амалиёт халал нарасонед. Ҷони худ ва ҷони фарзандони худро дар хатар намонед, ин як чизи одиест, ки аз мардум талаб мекунанд. Лекин афсӯс,  новобаста аз ҳамин қадар вохӯрӣ  кардан мардум  ба ин кор қодир нест. Ҳамин тавре, ки Ятимов Саймумин Сатторович гуфтанд,  аз  уҳдаи фарзандонашон намебароянд.

Имрўз кулли сиёсатмадорони дунё,   таҳлилгарон,  ҳизбҳои сиёсӣ ҳайронанд аз тасмими Ҷаноби Олӣ, ки чӣ хел директори фонди Оғохон имрўз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят аст. Шумо медонед,  овозаҳо дар бораи муносибати Ҳукумат бо ташкилоти Оғохон мавҷуд буд. Ана оқибат яке аз шахсони калидии ташкилоти Оғохон имрўз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят аст. Маънии ин чӣ аст? Консолидатсия, яъне ҳамдигарфаҳмӣ. Ин тасмим ба хотири мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва вайронкунии  қонун гирифта шудааст. Ва имрўз ҳамин масъулияти бузург, намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ин масъулияти бузург ба дӯши ману ба дӯши ана ҳамин нафароне, ки шумо имрўз дар ҳамин толор мебинед,  афтидааст. Ягон хел гап ин ҷо нест ва дар чанд вохўрие, ки доштам, бо касе ман ана ҳамин  гапро рўи рост мегӯям, ки кӣ буд, чӣ кард, дигар ҷои тарс нест.

Он солҳо дигар буд, ҳозир дигар,  давлат он давлате нест, ки имрўз нон талабад, орд талабад,  дунё дигар шудааст. Тоҷикистон тавонист, ки худро бо сиёсати нав мутобиқ кунад, зиндагии худро пеш барад. Имрўз дар дигар вилоятҳо дар бораи иҷрои пахтаву меваву гӯшту сабзавот мегўянд, мо дар 5 сол чӣ қадар силоҳ супоридем, чӣ қадар маводи мухаддир ва чӣ қадар аманалу дигар чизҳо ҷамъ кардем?

Аз ман суол карданд дар бораи ин гурўҳҳои муташаккил, ки   кӣ ҳастанд онҳо,  чӣ қадар одам доранд?  Майлаш, агар Ёдгор 50-100 кас дошта бошад, Толиб 50-100 кас дошта бошад, Хурсанд 50-100  кас дошта бошад, Боқир 50-100 кас дошта бошад, бо кадоме дигар 50-100 кас дошта бошад, хайр хуллас   300 кас, 500 кас, 1000 кас, чӣ ҳаст имрўз барои як давлате, ки миллион нафар афсару аскар дорад, лекин мегўяд дар гирди инҳо 1000 нафар ҷавонон мағзшўӣ шудааст. Ана проблема як аст. Агар имрўз гап дар бораи 200, 300, 500 кас бошад, дар як шабонарўз ҳал мешавад. Лекин мо дар муддати 20 сол кулли ҷавонони худро аз даст додем,  вайҳо дар зери таъсири кўча монданд.

Хонаи падару модар меравем, мегўяд писарам дар хона нест, дар куҷое дар навбат аст, чӣ хел он модар,  он падар хоб мекунанд, ки бачааш як ҳафта хона наомадааст?! Чӣ мехўрад, чӣ мепўшад, дар куҷост? Ҳеҷ кор карда наметавонем. Илтимос мекунад, мегӯяд, ки писари маро баред хизмати ҳарбӣ, ки аз ҳамин гурўҳҳо халос шавад. Лекин нагўед, ки мо гуфтем. Падар,  модар аз фарзанд метарсанд. Бисёр оилаҳо буданд, ки фарзандонашонро аз ин ҷо гурезонданд, ки ба ягон гурўҳ ҳамроҳ нашаванд, гирифта бурданд. Бинобар ин, тарси ман аз он яроқ нест,  ҳарчанд ки яроқ дошта бошанд, ман ягон тарс надорам, ягон кор карда наметавонанд.

Тарси ман аз он идеологияи нодуруст, аз он мафкураи хеле танги ҳамин ҷавонон,  ҳамин мардуми мо аст. Ман худам соли 2001, вақте ки директори генералии барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кўҳистон таъйин шудам ва баъд ба Душанбе бояд мерафтам, зани ман,  кўдакони ман гиря мекарданд,  ки мо чӣ хел аз Хоруғ меравем, ҷўраҳояшон дигар шуд, менталитет дигар шуд, дигар мебинем дар хонаи ин ҳамсоя аз Ҳисор, дар хонаи дигар аз Кўлоб.

Ҳозир духтари ман дар бонк кор мекунад, саҳарӣ писарчаи яксолаашро дар хонаи ҳамсоя, ки аз Ҳисор аст, мемонаду меравад, калидамон дар хонаи ҳамсояи дигар, ки аз ноҳияи Восеъ аст. Вақте ки маро Раиси вилоят оварданд ин ҷо, зани ман, духтари ман гиря мекунанд, ки ту куҷо меравӣ,  ин Душанбеи нозанин,  ин зиндагиро монда, ту куҷо меравӣ? Вақти таътил намеоянд, аз як ҳафта зиёд намеистанд дар Хоруғ, чунки он зиндагиро дидаанд дар он ҷо.

Бисёриҳо ҳоло дар ҳамин толор нишастагӣ ҳастанд, мегӯянд табрик гуфтанат наметавонам, лекин тавфиқат мехоҳам ва номусат мехоҳам. Солҳои пеш як кас Раис мешуд, як ҳафта тӯй буд, хурсандӣ буд.  Кори ман дар назари мардум то чӣ андоза мушкил шудааст, мардум раҳмашон меояд, ба ҳоли ман раҳмашон меояд. Ин бисёр як сигнали ҷиддӣ барои ҳар як нафаре мебошад, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунад. Агар ман наояму каси дигар наояд, кӣ ин ҷоро обод мекунад?! Агар ҳамин мафкураи ҷавононро накушоем,  дар ин мулки тору танг,  дар ин шаҳр, ҳамин ҷавонон чӣ хел ин ҷо зиндагӣ мекунанд? Ҳозир бинед, агар аз Хоруғ ба Душанбе равӣ, дар роҳ 50-100 туристро мебинӣ, ки омада истодаанд. На фарҳангро медонанд, на ину на вай,  аз Швейтсария,  Франсия меоянд, дунёро тамошо мекунанд, Тоҷикистонро тамошо мекунанд.

Аз Душанбе сар карда,  то ким-куҷо, ягон амрикоие нест, ки кулли Амрикоро надида бошад, мо бошем чӣ? 99%-и мардуми Бадахшон Хатлону Суғдро надидааст, 98% он тарафи Бадахшонро надидааст. Вақте ки гап дар бораи Хоруғ меравад,  он донишҷӯёне, ки духтарашон ба Донишгоҳи Хоруғ дохил мешавад,  падару модарашон аввал мотам мегиранд, ки куҷо рафт ин духтарам,  писарам,  чӣ хел дар он шаҳре, ки ҳамааш криминалу дузду афюну бангзадаанд,  зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, масъалаҳое, ки имрўз ҳастанд,  ин аз хона пайдо мешавад. Ба ман савол доданд, ки маводи мухаддир, яроқ аз куҷо меояд? Гуфтам ҶИА, лекин имрўз ҳатто давлати абарқудрати Амрико наметавонад сарҳади худро мустаҳкам кунад. Гап дар бораи 1420 км меравад, ин магар миллион нест,  даст ба даст ҳамонро маҳкам кунанд, дигар илоҷаш нест.

Зиёд аз ман савол карданд, ки ин қувваҳо кай мебароянд.  Аллакай Ятимов Саймумин Сатторович ба ин савол ҷавоб дод, ки ин Тоҷикистон аст, дар куҷо, чӣ қадар,  кай хоҳанд, ҳама намуди қувва меистад. Агар он қувваҳо бар зарари халқ бошанд, дар он вақт ман ва шумо — фаъолон ҷавобгар ҳастем, ки ин масъаларо то сатҳи боло барем. Ман то худи пеши Ҷаноби Олӣ арз доштам, вақте гуфтанд корҳои идеологиро сахт қапед,  гуфтам Пешвои миллат меқапем ин корро,  лекин мушкилот зиёд аст. Гуфтам, ки дар Хоруғ мардум як соат об доранд.  Телефонро бардошт, ҳамон дақиқа телефон кард ба муовини Сарвазир. Мардум бекор аст.

Имрўз дидед, ки Бадахшон ҳамагӣ 30% худро таъмин мекунаду тамом. Бадахшон метавонад худро 100% таъмин кунад, ба шарте, ки ин ҷо инвеститсия биёяд. Кай меояд?  Вақте, ки оромӣ аст. Дар ягон дунё дигар давлат завод намесозад, фабрика намесозад, дигар ҳама хусусӣ аст. Лекин барои як турист,  як инвестор омадан ин ҷо шароит даркор аст. Ба ғайр аз шароити иқлиму дигар ин ҷо аз ҳама муҳим барои мо ҳамин сулҳу оромист. Дар бораи Бадахшон дар берун  мешунавед, одам девона мешавад то он даме, ки ин ҷо биёяду бинад,  баъд мегӯяд, ки не, ин ҷо чизҳои хубаш ҳам будааст.

Вале мушкилот ҳаст,  мо дар давоми ҳамин 25 сол  барои бо афсӯс зиндагӣ кардан  одат кардем, ба гуфтаи русҳо аз рўи «қонуни ҷангал». Ҳама чиз мумкин аст, ҳама чизро бахшидан мумкин аст. Бо як нафар суҳбат кардем, гуфт, ман мардуми шуморо намефаҳмам, зеро ки мардеро, ки писари 27-солаашро куштааст, мебахшад. Ў мегўяд, ки  агар ба бачаи ҳайвони ваҳшӣ даст расонӣ, вай туро мегазад, мекушад. Фарзанди ин нафарро мекушанд, мегӯяд ман бахшидам. Ман он бахшишҳои сиёсиро мефаҳмам, чунки дигар илоҷ набуд, ба ғайр аз бахшидан. Дигар ҷойи бахшиш ҳам нест. Ин ҷо хафа шудан ҳам даркор нест, дигар  пулу мол ҷойи сӯхтаро пур карда наметавонад. Имрўз дар расонаҳо бисёр гап меравад,  гап дар бораи яроқ, ҳамин корро намекардед, мо медонем, ки ин яроқ аз куҷо меояд, ҳама медонанд инро,  то сатҳи олии мамлакат инро медонанд.

Филм тамошо кардем,  чӣ хел Кумитаи амният он нафаронеро, ки яроқ меоранд, яроқ мефурӯшанд, дастгир кард.  Буданд омилҳое, ки пул доданд, яроқ ҷамъ карданд, ҳисобот доданд, ки ана ҳамин яроқҳо ҷамъ шуд, боз бадбахтона ин ки яроқ аз аҳолӣ мусодира карда шуд. Лекин кадом аҳолӣ?  Мефаҳмед, ки он як гурўҳи махсус аст, лекин барои чӣ, тасаввур кунед рӯзи 15 сентябр Ҷаноби Олӣ агар мегуфтанд, ки кулли гурўҳҳои ҷиноятиро боздошт кунед. Имрўз нисфи Хоруғ пур аз хун мешуду ҳамааш сӯхта буд. Лекин  инҳо унсурҳое ҳастанд, ки ба ақли солим имкон медиҳанд, ки проблемаро бе ҷанг ҳал кунанд. Мегӯянд, ки биё яроқро ҷамъ кунед, як комиссия кунед, аз мониторинг гиреду аз ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ин картошка ё пахта нест, ки гўем, ки Ёдгор 50 кг супорид, фалонӣ 20 кг супорид. Ин қонун дорад гуфтам, ба таври анонимӣ бе ному нишон, мумкин баъди ду — се сол аз ҳамон автомат одамро  куштаанд, гуфтам ана ҳамин автоматро фалонӣ супоридааст.

Ман соли 2012 шоҳиди супоридани силоҳ будам. Одамон  рўйҳояшонро баста буданд, автомат месупориданд. Рафт,  чӣ буд — набуд, дигар кор надорем, чунки ҳукумат имкон дод, ки супор, мо дигар дар пайи ту нестем. Имрӯз дар расонаҳои хабарӣ  сару садоҳои зиёд аст… бахусус ватандорони мо,  ки берун аз Бадахшон ҳастанд, насиҳат мекунанду худашон қонуни одии давлатро намефаҳманд. Бинобар ин, ман аз муҳтарам Раиси КДАМ, аз муҳтарам Прокурори генералӣ, аз нафароне, ки дар ин ҷо ширкат варзиданд, бисёр ҳам муташаккирам, аз кулли кумаку дастгирие, ки шумо дар тӯли як моҳ  кардед, хеле сипосгузорам ва умед дорам, ки аз ҳамин рўз,  аз ҳамин соат ба Бадахшон тинҷию  амонӣ меояд. Волоияти қонун аз ҳамин рўз таъмин мегардад ва мо бояд дар фикри зимистон бошем, роҳ чӣ мешавад, ғизо чӣ мешавад,  объектҳоро чӣ хел гарм кунем, аз пайи зиндагии рўзмарра, аз пайи корҳое, ки сохторҳои давлатӣ кунанд, на аз пайи ҷамъ кардани яроқу маводи мухаддиру дигар чизҳо.

Арамбегим МАҲТОБШОҲЗОДА , собиқ Раиси шаҳри Хоруғ:

— Дар ин ҷо зикр  карданд, ки барои чӣ ҳама аз як гиребон сар бароварда, ба муқобили ин ҷинояткорон мубориза намебаранд? Барои он ки ҳамаи аҳли ҷомеаро тарсу ваҳм, ҳисси ноумедӣ фаро гирифтааст. Лекин дар ҳамин муддат, ана ҳамин хел идома ёфт. Ана ҳамин, яъне ҷазо надодани ҷинояткорон идома ёфт. Ин натиҷаи мантиқии ҳамин бархӯрд аст, ки агар ҷинояткор ба ҷавобгарӣ кашида нашавад, боз ба ҷиноятҳои худ идома медиҳад.

Ҳар як модари бадахшонӣ, ҳар як зани бадахшонӣ, ҳар як бонуи бадахшонӣ ба мо иброз доштанд, ки мо дигар наметавонем ҳамин хел зиндагӣ кунем. Барои чӣ ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд? Яъне, пас аз ин маълум мешавад, ки вақти он расидааст, ки чунин ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мо дар ҳамин Ватани обод зиндагии осуда дорем. Ҳамаи модарону хоҳарони Бадахшон ниҳоят сипосгузоранд, ки ингуна зиндагӣ, ҳамин гуна мамлакати тинҷу ободе, ки Сарвари давлат ба мо ҳадя кардааст, дошта бошем. Тамоми модарони вилоят осоиштагии мамлакати худамонро, миллати худамонро амри воҷиб медонанд. Ҳамаи ҳамон анъанаи неки падару бобоёни худамонро боз бо ҳамин миллати худамон мо имрўз барқарор мекунем.

Одинашо МАРДОВ, муовини якуми Раиси ноҳияи Ванҷ:

— Дар ҳошияи воқеаҳои Хоруғ гуфтаниам, ки  гӯё ки агар дар Хоруғ муноқиша шавад, мумкин, ки мардуми Язгулом дастгирӣ кунад. Ман ба Шумо кафолат медиҳам, ки ягон язгуломӣ ҳатто касалмандаш ҳам ба тарафи Хоруғ намеояд. Баъдан як чиз аст, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, экстремистӣ-террористӣ ва ғайр аз ин баргардонидани толибилмоне, ки ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Хушбахтона, соли 2018 12 нафар толибилмоне, ки ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба  Ватан баргардонида шуданд. Махсусан баъди дастуру ҳидояти Пешвои миллат 5 нафар зодагони ҷамоати деҳоти Язғулом  28 моҳи сентябр ба Ватан баргардонида шуданд.

Фақат як чизро ман қайд карданӣ ҳастам. Дар масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ -экстремистӣ бояд зикр кард, ки як фард бо номи Мирзораҳим Кузов аст. Агар марди хуб мебуд, ин хел ному насаб намедошт. Кузов аз хориҷи кишвар аз Варшава ба воситаи расонаҳои хабарӣ эълон кардааст, гуфтаст, ки сохторҳои қудратӣ ба мардуми водии Язгулом фишор меоранд. Сол то сол аҳолии ҷамоати деҳоти Язгулом аз 20 ҳазор нафар ба ёздаҳу ба даҳ нафар фаромадааст. Баъдан Кузов мегӯяд, ки ба ҷамоати деҳоти Язгулом гўё ягон кас нигоҳ намекунад, ин гапаш сад дар сад дурўғ аст. Фишор нест ва ҳукумат барои беҳбудии водии Язгулом саъю талош ва ёрии амалӣ мекунад. Ман як чизи одиро барои шумо мисол мебиёрам. Ман аз номи мардуми Язгулом ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бисёр ин шахсиятро дўст медоранд, изҳори ташаккур мегӯям. Баъдан ман як чизро ҳаминҷо қайд карданиам, аксарияти ҷавононе, ки ба гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ шомил шудаанд, «маҳсули» дасти ҳамин Кузов ҳастанд. Ин Кузов имрўз дар хориҷи кишвар фарзандони моро бероҳу гумроҳ карда истодааст. Ман итминони комил дорам, ки ҳамин Кузов як рўз не як рўз дастгир мешавад ва дар назди қонун бояд ҷавоб диҳад.

Парвонаи ФАРРУХЗОД,  узви  Шӯрои имомати Исмоилия дар ВМКБ

— Ман ҳамчун намояндаи дин изҳори ташаккуру қадрдонӣ мекунам аз Ҳукумати марказӣ, ки воқеан имрӯз дар ягон ҷойи дунё,  дар ягон давлати мусулмоннишин пайравони мазҳаби Исмоилия  чун дар Тоҷикистон озод нестанд. Ягона давлате, ки пайравони мазҳаби исмоилия расму русуми худро оромона анҷом медиҳанд ин Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Аз ин рӯ ҳамчун шаҳрванди ин кишвар ва ҳамчун намояндаи мазҳабӣ бар гарданамон фарз аст, ки мо ҳар кадом шукронаи соҳибистиқлолии ин давлату Ҳукуматро ба ҷо орем.

Дар ҳамин толор соли 1995 сарвари мазҳабиямон дар хитоб ба якояки мову шумо гуфта буд, ки биёед, умедвор бошему ба ростӣ итминон ҳосил кунем, ки Конститутсия бояд ҷойгузини силоҳ гардад. Тоҷикистон Конститутсияи ҷадиде қабул кардааст, ки чанд асли асосиро барои муҳофизати мардуми худ таъмин мекунад. Ҳамин сарвари мазҳабиямон дар хитоб ба ману шумо мегуфт, ки дар ҳар кишваре, ки бошед, барои хидмат ба беҳбудии он кишвар вафодории мукаммал ва садоқати худро собит намоед. Обрӯи миллати худро бо заҳмати фидокорона, донишу маърифати олӣ дар миқёси байналмиллалӣ баланд бардоред.

Касоне дар ин мазҳаб мехоҳанд идеология  кунанд, сохторҳои Мавлоно бо онҳо нестанд. Шояд ин ё он ҷо пайдо шаванд касоне, ки мехоҳанд аз ин мазҳаб истифодаи идеологӣ кунад. Ман мехоҳам ҳамчун намояндаи ин мазҳаб эълон кунам, ки волоҳазрат Оғохон ҳаргиз барои идеологӣ кардани мазҳаб розӣ нест ва мухолиф аст. Гоҳо рафтори баъзе аз мо ин гуна аст, ки вақте аз паҳлу арзёбӣ шавад, моро фанатизми исмоилӣ ном мебаранд. Таассубгароии мазҳабӣ. Аммо ман ба Шумо бо сад далели мазҳабӣ гуфта метавонам, ки ин раҳбари мазҳабии мо асли асосие, ки дар дунё мехоҳад бигӯяд, зиёдаравӣ набошад, ифротгароӣ набошад. Мағзи ҳамаи ҳарфу идеяҳое, ки ин раҳбари мазҳабӣ эълон мекунад, ин аст, ки ман гуфтам. Мутаассифона, имрӯз писари ман, бародари ман ё хоҳари ман гоҳҳо дар баъзе масъалаҳо ба зиёдаравӣ рох дода истодаанд ва ман эълон медорам, ки он зиёдаравиҳое, ки ҳаст, агар аз тоҷи имомат истифода мешавад, агар аз парчами имомат истифода мешавад ва агар аз нишонаҳову рамзҳое, ки хоси Аълоҳазрат аст, истифода мешавад, ё ҳар касе истифода мекунад, ин хоси Аълоҳазрат нест, хости сохторҳои мазхабӣ нест ва ин як навъ зиёдаравӣ буду ҳаст ва ман аз тамоми сохторҳои қудратӣ хоҳиш мекунам, ки онҳоро ҷузъи мазҳаб ҳисоб накунед, онҳоро ҷузъи сохторҳои мазҳабӣ ҳисоб накунед ва бо онҳо бархурди қонунӣ шавад.

Асосномае, ки имрӯз Исмоилия барои худаш дорад ва аз ӯ ҳама чӣ метавонад асос бигирад, дар қисмати боби 16 “Ҳеҷ кас бидуни иҷозати хаттии Мавлоно Ҳозир Имом хақ надорад ном, стандарти шахсӣ, тоҷи имомат, парчамро барои ягон намуд мақсад истифода кунад”, омадааст. Аз номи мазҳаб касоне мехоҳанд истифода кунанд ва ман мехоҳам бигӯям, ки ҳаргиз пойи мазҳаб аз пайи онҳо кашонида нашудааст ва нахоҳад шуд.  Мазҳаб сабаби ин нест. Баръакс,   аз замоне, ки соли 1994  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат замина фароҳам овард, то раҳбари мазҳабиямон бо мо робита боз намояд ва раҳбари мазҳабиямон аз оғози робитааш бо мо таъкид карда буд, ки сулҳ, тинҷӣ, ваҳдат, осудагӣ, парҳезкорӣ аз силоҳ, маводи мухаддир, дурӣ аз майгусорӣ ва ҳама он мушкилоте, ки баррасӣ шуда истодааст, аз соли 1994 инҷониб аз забони раҳбари мазҳабиямон садо медиҳад.

Октябрь 22, 2018 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои дуҷонибаро дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос таҳким мебахшанд
Дар Туркманистон масъалаи бешаҳрвандӣ ва бақайдгирии таваллуди кӯдак дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
БАР ВАТАН СОДИҚЕМ! Дар шаҳри Хуҷанд наваскарон савганд ёд намуданд