ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар Панҷакент соли равон 30 иншооти нав ба истифода дода шуданд

Ноябрь 30, 2018 11:24

ДУШАНБЕ, 30.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар — аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шуда, давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд. Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сохтмони 405 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат  ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    гурӯҳҳои кории  ҳукуматӣ таъсис дода, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда  шудаанд.

Дар шаҳри Панҷакент роҳбарии гурӯҳи кориро Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикитон Фарҳод Раҳимӣ ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар ин ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар ин бора гузориш медиҳад:

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент сохтмони коргоҳҳои саноатӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони хатҳои муҳандисӣ, чароғонкунӣ ва асфалтпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳо, сохтмони толорҳои варзишию ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгашту боғҳои фарҳангию фароғатӣ, қасрҳои фарҳангу китобхонаҳо аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Бунёди чунин иншоот имконият медиҳад, ки дар се соли охир аксарияти мушкилоти маҳалҳо ҳал шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд ва симои шаҳр тамоман дигаргун шавад.

Дар шаҳри Панҷакент бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ омодагӣ гирифтан ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ инчунин 1300 рӯзи ободониву бунёдкорӣ эълон карда шудааст.

Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, шаҳри Панҷакент низ ба  майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Вусъати баланди ҷараёни корҳои ободонӣ дар иншооти шаҳр аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорону сокинони бонангу номуси ин шаҳри бостонӣ азм доранд ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста истиқбол намоянд.

Аз 35 иншооти банақшагирифташуда дар соли 2018 то имрӯз зиёда аз 30 –тоаш мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар ҷашни 27-умин солгарди  Истиқлолиятӣ давлатӣ дар деҳаи Шӯрноваи Ҷамоати деҳоти Саразм мактаб барои 240 хонанда, сохтмони хонаи истиқоматии 5-ошёнаи болохонадор, дар ошёнаи якум нуқтаи хизматрасонӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ,  сохтмони бинои гармхона дар деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ба истифода дода шуд.

Инчунин нуқтаи хизматрасонии автомобилӣ, дар кӯчаи Ш. Шоҳини шаҳри Панҷакент, сохтмони  бинои мағозаи  масолеҳи сохтмон ва нонвойхона дар деҳаи  Чимқалъа, Ҷамоати деҳоти Саразм, сохтмони  бинои  мағоза, нуқтаи хизматрасонӣ ва дар қабати дуюми бино коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ, воқеъ дар деҳаи Рукнобод, Ҷамоати деҳоти Ворӯ, сохтмони бинои таҷзиягоҳ,  воқеъ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, сохтмони бинои  чойхона ва фаввора дар деҳаи Нуристон, Ҷамоати деҳоти Чинор, бинои иловагии мактаб дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти  Хурмӣ тариқи ҳашар, сохтмони кӯпруки «Сои Зебон», воқеъ дар кӯчаи Деваштич, сохтмони купруки «Сои Зебон», воқеъ дар кӯчаи Б. Марвазӣ, сохтмони корхонаи коркарди қуму шағал ва масолеҳи бетонӣ, воқеъ дар пойгоҳи истеҳсолии ҶСК «Панҷакентсоз», гузоштани муҷассамаи Лоиқ Шералӣ дар деҳаи Мазори Шарифи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бунёд гардидаанд.

30 августи соли 2018 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як қатор иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳр маҷмааи фароғатӣ, ки аз майдончаи варзишӣ, сартарошхона, чойхона, тарабхона ва ҳаммом иборат мебошад, ба истифода дода шуд. Фармоишгари иншоот соҳибкор Шокир Ахмедов маҳсуб ёфта, корҳои сохтмонӣ аасосан тариқи ҳашар ба анҷом расонида шудааст. Андозаи майдончаи варзишӣ 40Х20 буда, масоҳати умумии он 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти дигари муҳими иҷтимоӣ — ҳаммом аз як ошёна иборат буда, барои 20 нафар дар як вақт хизмат мерасонад. Бинои тарабхона, ки бо истифода аз услубҳои меъмории миллӣ бунёд шудааст, низ аз як ошёна ва 150 ҷой иборат мебошад.

Худи ҳамин рӯз дар хиёбони ба номи устод Рӯдакии шаҳри Панҷакент боз як майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Фармоишгар ва пудратчии иншооти варзишӣ ҶСК «Панҷакентсоз» буда, масоҳати майдонча 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар  атрофи майдончаи варзишӣ нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд гардида, чароғҳои равшанидиҳанда насб гардидаанд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки сокинон шабона низ дар майдончаи варзишӣ тамрин намуда, дар муҳити тозаву озода сайругашт намоянд.

Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент ҳамзамон ба мумфаршкунии 1,3 км роҳи маҳаллӣ оғоз бахшида шуд. Тибқи иттилои масъулин, роҳи мазкур бо ташаббуси сокинон ва саҳмгузории саховатмандон мумфарш карда мешавад.

30 август ҳамчунин ба бунёди як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла бинои Маркази адлия санги асос гузошта шуд. Бинои Маркази адлия дар хиёбони ба номи устод Рӯдакӣ ва дар паҳлуи бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қомат хоҳад афрохт. Фармоишгари иншоот Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ҶДММ «ПМК-278» мебошанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ошёнаи якуми бинои сохташавандаи Маркази адлия Идораи нотариалӣ, дар ошёнаи дуюм САҲШ ҷойгир карда шуда, дар ошёнаи сеюм барои маъмурияти Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳуҷраҳои корӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар хиёбони мазкур ҳамзамон ба бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ санги асос гузошта шуд. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶСК «Панҷакентсоз» мебошад. Дар ин мавзеъ як бинои истиқоматии 9-ошёна ва як бинои истиқоматии 11-ошёна сохта мешаванд. Тибқи лоиҳа, бинои истиқоматии 9-ошёна аз 28 хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ ва бинои истиқоматии 11-ошёна аз 45 хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, дар ошёнаи аввали ҳарду бино таъсиси марказҳои савдову хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, дар саҳни биноҳои сохташаванда майдонча барои бозии кӯдакон, майдончаи варзишӣ ва фаввораҳо бунёд карда мешаванд.

Дар ҳамин мавзеъ Чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона низ бунёд карда мешаванд. Дар асоси лоиҳа бинои Чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона аз ду ошёна иборат мебошад. Дар иншооти сохташаванда бо назардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкили меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он дар як вақт барои 20 нафар хизмат мерасонад. Чойхонаи миллӣ бо назардошти меъмории миллӣ сохта шуда, дорои 200 ҷойи нишаст аст.

Сохтмони як  қатор  иншоот,  аз  ҷумла,  сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи  Сарикамари  Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Х. Ҳасан, дар деҳаи  Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бинои ҳаммом ва маркази хизматрасонӣ, дар кӯчаи  Баққолии шаҳр сохтмони сартарошхона, мактаб барои 200 хонанда дар деҳаи Тагоби халқи Ҷамоати деҳоти Ворӯ, мактаб барои 200 хонанда дар деҳаи Рӯзиобноқи Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, мактаб барои 200 хонанда дар деҳаи Сарикамари  Ҷамоати деҳоти Хурмӣ,  6 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Фароб, 8 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Фароби Ҷамоати деҳоти Фароб, 4 синфхонаи иловагӣ  дар деҳаи Косатароши Ҷамоати деҳоти Косатарош, мактаб барои 200 хонанда дар деҳаи Яккасадаи Ҷамоати деҳоти Саразм, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаи Ҷомчашмаи  Ҷамоати деҳоти Косатарош, деҳаи Бадгаҳ, Роваддин ва  Марғзори Ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Хурмӣ, Ҷамоати деҳоти Моғиён, деҳаи Дашти Қозӣ, Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи  Нури Зиндагии Ҷамоати деҳоти Саразм, деҳаи  Чакалаки Ҷамоати деҳоти  Хурмӣ, навсозии 13,5 км роҳи Сӯфиён то ҶДММ КМ «Зарафшон»,  азнавбарқароркунии хатти оби нӯшокии ҳудуди шаҳр,  сохтмони бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрӣ, сохтмони бинои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, сохтмони 7 бинои истиқоматии 6-9 ошёна дар қабати якум марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, 2 маркази савдо ва хизматрасонӣ,  мумфаршкунии 1,5 км роҳи  деҳаи Чорбоғи Ҷамоти деҳоти Косатарош,  дар деҳаи Ғӯсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ сохтмони тарабхона ва маркази савдо, дорухона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, дар деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Хурмӣ сохтмони сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона, сохтмони пули мошингузар дар болои сойи селрави деҳаи Ёрии ҷамоати деҳоти Ёрӣ  ва дар шафати  шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент сохтмони 7 ҳоҷатхонаи замонавӣ оғоз гардида, сохтмонашон идома доранд. Ин иншоот дар муҳлатҳои муайянгардида марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор мегиранд.

 

Мавриди зикр аст, ки шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст ва дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хосса дошта, таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад. Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи возеҳи дар ин мавзеъ аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад.

Ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 мақоми ҳуқуқии «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ»-ро соҳиб гашт. Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати ҷаҳонии мероси фарҳангӣ ворид гардида, тибқи Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012-2020 барои амалишавии он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 64 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Маҳз бо назардошти аҳамияти таърихӣ ва мақоми хоссаи Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли равон дар мулоқот бо зиёиён пешниҳод намуданд, ки соли 2020  5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

 

Ноябрь 30, 2018 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид