НЕРУИ ПУРЭЪҶОЗИ ОБ. Дар партави иқдомҳои наҷотбахши Президенти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
ДУШАНБЕ, 08.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чунонки дар мақолаҳои пешин иброз дошта будем, мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки сарчашмаву саргаҳи обҳои зулоли ошомидании дунё мебошад. Пиряхҳои бешумори кӯҳсорони мо манбаи бузурги обҳои поканд. 8 фоизи ҳудуди кишвари моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки масоҳати умумиашон 11,146 ҳазор км2 буда, дар онҳо тақрибан 845 км3 захираҳои об маҳфузанд.
Дар кишвари мо 947 дарё ва 1300 кӯл ба масоҳати 705 км2 вуҷуд доранд. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва зерҳавзаҳои зиёди дигар аз он ҷумлаанд.
Кӯли дар нусхаи худ беҳамтои Сарез, даҳҳо кӯлҳои оби мусаффои кӯҳҳои Тоҷикистон, рӯдбору обшору чашмаҳои беҳамтои кишвари шодобамон саршори обҳои зулоли бебаҳо ва беҳамто дар ҷаҳонанд.
Ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар арсаҳои ҷаҳонӣ аз хусуси ҳифзи захираҳои об на фақат барои мардуми мо, балки ба тамоми инсоният ҳушдор медиҳанд, ки дар андешаи ин мушкили ба инсоният таҳдидкунанда бошем. Яъне норасоии об, хатари беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокини сайёра аз надоштани дастрасӣ ба об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунанда аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърӯзаҳои Сарвари кишвари тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегиранд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуда, ангезиш ба ҳамагон медиҳанд.
Имрӯз мо мехоҳем дар хусуси қимати об ва аҳамияти он дар зиндагии инсон маълумот пешниҳод кунем, ки барои дарки арзиши оби пок ва муҳофизати он аҳамияти хосса дорад.
Об на танҳо сарчашмаи асосии зиндагӣ дар рӯи замин, балки ҳаёт аст. Ин моеъи бемисл қисми ҳатмии таркиби тамоми зуҳурот дар сайёра, аз ҷумла худи инсон аст.
Ин мавҷудият номумкин мебуд, агар дар он яке аз муҳимтарин таркибҳо (киёно) Н2О намебуд. Хусусият ва ҳолати агрегатии об чунин аст, ки ин моъеи беранги мусаффо бо сайлоният (хусусияти ҷоришавӣ доштан), надоштани бӯю таъми хос ва ҳалкунандаи аъло буданаш фарқ дошта, барандаи (раҳнамои) хуби чизҳои ҳалшаванда ба маҳалли таъйиншуда мебошад. Ин махсусият, масалан ҳангоми дорузанӣ ва ғизодиҳии дарахтон ва дигар растаниҳо хуб истифода мешавад.
Ҳангоми гармшавӣ ҳуҷайраҳои об ҳарчанд номаълуманд, васеъ мешаванд, ҳангоми хунукшавӣ баръакс. Хусусан ҳангоми яхбандӣ рафтори об хеле ғалатист. Он боз ҳам васеътар мешавад, ки боиси кафидан ё шикастани зарфи обдор мегардад. Ин амал сабаби кафидани қубурҳои обгузар ва садамаҳо дар шабакаҳои гармидиҳӣ низ шудааст.
Ҳамчунин набояд ба таваккал шишаи обро дар камераи яхбандии яхдон гузошт. Чунин таҷрибаҳо хатарноканд.
Ба ҳама маълум аст, ки об метавонад дар се ҳолат вуҷуд дошта бошад: моеъ (борон, шабнам, оби қубур); сахт (ях); ва газнок (буғи обӣ). Албатта, аз ҳама паҳншудатар оби ҷории моеъ аст, ки қисмати асосии сайёраи моро фаро гирифтааст.
Бо ин сарчашмаи асосии ҳаёт дар замин, яъне об дар замонҳои қадим бисёр бемориҳоро муолиҷа мекарданд. Муолиҷа бо об дар замонҳои мозӣ, дар Мисри қадим, дар антиқа ва ҳатто шояд қадимтар аз он роиҷ буд. Дар рисолаҳои тиббии он замонҳо ба муолиҷа бо об аҳамияти бештар додаву бисёре аз бемориҳоро тавассути он шифо мебахшиданд.
Масалан, мавридҳое мешуд, ки одам ба ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ меафтод, бехуду девонаавзо мешуд, он гоҳ бар ӯ оби хунук мерехтанд, то он даме ки бемор ба худ наояд. Ва дар ҳолатҳои хастагии беҳад ва бемадорӣ то пайдо шудани дурахши нур дар рӯ ва чашми бемор молиши сардро ба кор мебурданд.
Аз замонҳои қадимтарин сар карда, бисёре аз маросимҳо бо истифодаи об ба амал бароварда мешуданд. Об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт дар замин беҳтарин воситаи покшавӣ маҳсуб меёфт. То ҳанӯз ақидае ҳаст, ки пас аз мулоқот бо одами бадсиришт ҳатман бояд ба хона омада, баданро шуст. Ин амал гардҳои нохушу нофорами ин вохӯриро шуста тоза мекунад.
Бале, об на фақат воситаи покизашавӣ, балки сарчашмаи ҳаёт дар замин ва кафолати саломатист. Пӯсти одам як қатор вазифаҳои хеле муҳимро барои ҷисми одам бар уҳда дорад. Яке аз ин вазифаҳо раҳо ёфтан аз моеъи зиёдатӣ ва моддаҳои заҳрноку дажғоли бадан мебошад. Пӯсти солим ва тоза гарави дуруст тоза кардани ҷисм аз гарду чанги нодаркори муҳит аст. Мувофиқи тавсияи табибон камаш як бор дар як рӯз бояд шустушӯи бадан кунем. Қабули душ ё ванна на фақат амалиёти тозакунанда аст, балки воситаи олии баланд бардоштани масуният (иммунитет) –и бадан ва беҳтар кардани муқовимати ҷисм алайҳи бемориҳост.
Яке аз воситаҳои ба даст овардани оби тоза истифода аз обтозакунакҳо (филтр) мебошад, ки барои покӣ ва фаъолияти солими узвҳо ногузир аст. Ҳеҷ гуна нӯшокиҳои дигар наметавонанд онро иваз кунанд. Беҳуда нест, ки ҳангоми бемориҳои сардзадагӣ духтурҳо нӯшидани ҳарчи бештари моеъотро тавсия медиҳанд. Обтозакунакҳо кафолати оби тозаанд. Агар мо ба истифодаи об оқилона муносибат кунем, таъсири баманфиати онро зуд эҳсос мекунем. Аз воситаҳои дастрас дар хона метавон бо обсовиш (масҳ бо об), обрезӣ ва ё қабули душ ва ванна машғул шуд.
Барои масҳ бо об бояд аз сачоқҳои тар ва хушк, беҳтараш аз матои дурушт истифода кард, зеро хароши матоъи дурушт дар пӯст гардиши хунро тезонида, ба ҳолати рагҳо беҳбудӣ бахшида, ҷисмро қавӣ мегардонад. Пайваста ҳарорати обро паст кардан ҳам таъсирбахшу муфид аст.
Обрезӣ ба бадан низ усули қавикунанда буда, дар он аз оби зиёд истифода мешавад. Ба ин амал низ бо омодагӣ бояд шурӯъ кард, яъне нахуст бо наммолиш метавон машғул шуд ва агар об хунук бошад. аввал нафасро доштан маслиҳат дода мешавад. Баъд аз иҷрои амал, барои обсозиш ё одат кардан беҳтар аст худро печонида, муддати 10 дақиқа дароз кашед.
Қабули душ низ воситаи покизашавӣ буда, қариб ба ҳар нафар дастрас аст. Ин амал бисёр мувофиқ буда, вақти зиёд намегирад. Души гарму хунук бештар манфиат дорад, зеро пӯст ва шараёни хунгузарро ба ибро меоварад. Қабули ванна низ амали форам аст, аммо қоидаҳои худро дорад. Масалан, ҳарорати обро аз 38 дараҷа набояд афзун кард ва барои иҷрои ин амал 25 дақиқа кофист. Шарт нест, ки ба ин амал ҳар рӯз машғул шавед. Қабули ванна 1 -2 маротиба дар як ҳафта кифоя аст.
Шиноварӣ низ ба манфиати саломатии инсон аст. Баъд аз иҷрои ин амали хеле муфид ҳамеша табъи инсон хуш шуда, эҳсоси сабукӣ ва нерумандӣ пайдо мешавад. Машғулият дар ҳавзҳои шиноварӣ ба тамоми узвҳо таъсири мусбат мерасонад. Шиноварӣ ҳатто ба занони ҳомила тавсия дода мешавад. Касе, ки воқеан гирифтори бемории ҷиддист, бояд аз маслиҳати духтур гузарад. Ҳангоми эҳсоси дард набояд ба ин кор машғул шуд, зеро баҳраманд шудану аз шиноварӣ лаззат бурдан бояд ҳадафи асосии ин амал бошад.
Неруи пурэъҷози об яке аз воситаҳои асосии шифобахши табиат мебошад. Бе он ҳаёт дар сайёра номумкин мебуд. Ҳама организм ва рустаниҳо ба намии ҳаётбахш эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ аҳамияти истифодаи ин сарчашмаи бемисл дар тибби мардумӣ, ки ҳадафаш барқарор кардани саломатӣ, кам кардани дарду ранҷ ва беҳтар кардани ҳолати умумии саломатии инсон аст, маълум мегардад.
Имрӯзҳо шифохонаҳои обии муҷаҳҳаз бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ теъдоди зиёди воситаҳои муолиҷаро пешниҳод мекунанд. Души серкулярӣ, масҳи зериобӣ, ваннаҳои гуногун, души шарко барои харобшавӣ ва ғайраҳо аз ин зумраанд. Муолиҷа бо об ҳам барои пешгирӣ ва ҳам барои шифои бемориҳо ба кор бурда мешавад.
Барои муолиҷа ҳатто аз оби муқаррарӣ истифода мебаранд. Чунин мешуморанд, ки об, хусусан оби хунук қобилияти шустани неруҳои носолимро аз бадан дошта, онро бо неруи шифобахш пур мекунад.
Барои халос шудан аз энергияи нохуб бояд пои урён бар рӯи замин истода, бар худ об рехт. Ҳама чизҳои нодаркор ва зиёдатӣ аз бадани шумо бояд ба зери замин раванд. Барои тоза кардани ягон мавод онро се рӯз дар об медоранд ва обро ҳар рӯз иваз мекунанд. Ё он маводро як соат дар зери оби ҷорӣ мегузоранд.
Ба об хусусияти хосаи таъсирнокии рӯҳониро, ки одамро аз ҳама гуна бухлу бадӣ раҳо мекунад, мансуб медонанд. Чунин эътиқоде ҳаст, ки агар баногаҳ шаб хаёлҳои торик пахш кунанд ё хоби баде бинед ва хоҳед аз онҳо халос шавед, бояд ҷумаки қубури обро кушод ва кафҳоро дар зери оби равон дошта, аз хусуси хоби дидаи худ андеша кард. Об ҳатман чизи бадро бо худ мебарад.
Одамон ҳамеша мекӯшиданд дар канори рӯду обанбор, баҳру дарёҳо зиндагӣ кунанд, хусусан дар фаслҳои гармо. Худи инсон 80 фисад аз об иборат аст. Ва об дар ҳаёт ва узвҳоиодам нақши бузург мебозад.
Об ҳамаҷониба маҳлули ҳалкунанда аст. Агар мо тартиби дурусти обнӯширо нигоҳ дорем, метавонем мутобиқати қисматҳои муайяни пӯсти мағзи сарро беҳтар намоем. Ҳаргиз истеъмоли обро барои худ маҳдуд набояд кард. Беҳтар аст кам-кам ва зуд-зуд, дар як рӯз 1,5 – 2 литр об нӯшид.
Тамоми зуҳуроти биологӣ дар таркиби худ об доранд. Об асоси ҷарёни ҳама мубодилот буда, таъсири худро дар ҳазми хӯрок, пайдоиши ҳуҷайраҳои нав, танзими ҳарорати бадан, раҳоӣ аз дажғол ва токсинҳо (моддаҳои заҳрнок) мегузорад.
Агар ҷисми инсон бо миқдори оби зарурӣ таъмин карда шавад, ин ба инсон неру ва тобоварӣ муҳайё мекунад. Истеъмоли об барои фуровардани иштиҳо ва нигоҳдории вазн мусоидат мекунад. Беобӣ барои ҳар ҷисми зинда ва растанӣ метавонад марговар бошад. Дар вуҷуди инсон беобӣ метавонад боиси хушкшавии пӯст, хориш, хастагӣ, беҳавсалагӣ гардад. Агар муддати ду рӯз ё бештар аз он об нанӯшанд ва боз дар ин муддат ғизо ҳам нахӯранд, дарди сару мушакҳо пайдо шуда фишор боло меравад ва гурдаҳо наметавонанд фаъолият кунанд.
Чашмаҳои равон ҳамеша дар байни мардум аз ҳама шифобахш ҳисобида мешуданд. Беҳтарин сифатҳои шифоиро оби тозаи ҷорӣ то баромадани хуршед бо худ дорад. Ин обро ҳангоми оромии мутлақ гирифтан даркор аст. Оби чашма он қадар тоза, нарм ва гуворотаъм мебошад, ки зарурат ба ягон обсофкунак надорад.
Сарчашмаи ҳаёт – об, ки қудрати шифобахшияш ба инсонҳо на як бор собит шудааст, метавонад дар шакли борон ва шабнами саҳар низ манфиат оварад.
Аввалҳаёт дар об ба вуҷуд омадааст ва об на фақат сарчашмаи ҳаёт, балки нерубахши доимии он аст. Тавлиди аввалин нишонаҳои ҳаёт маҳз дар об ба зиёда аз 4 миллиард соли пеш рост меояд. Тадриҷан микроорганизмҳо ба хушкӣ кӯчиданд, ки ин ҳама дар муддати миллионҳо сол амалӣ гардидааст. Ба шарофати ҷараёнҳои табиии таҳаввулот дар айни замон дар сайёраи мо рангорангии бесобиқаи дунёи растаниву ҳайвонот ба вуҷуд омадааст. Сарчашмаи ҳаёт — об таъсири бузурге ба шаклгирии иқлим ва табиат гузоштааст. Вобаста ба мифологияи қадим об рамзи офариниш дар замин дониста шудааст. Бисёре аз тамаддунҳои қадима дар андешаи онанд, ки ҳаёт дар об ба вуҷуд омадааст ва тамаддунҳо дар бари ин сарчашма шакл гирифтаву шукуфоӣ ёфтаанд.
Об он манбаест, ки баъд аз ҳаво онро бояд ҳифз кард. Вақтҳои охир масъалаи экологии ифлосшавии сарчашмаву манбаъҳои обӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба натиҷаҳои бисёр нохуш оварданашон мумкин аст, мисли бемориҳо ва ҳатто марги баъзе намудҳои моҳӣ, ҳайвонот ва растаниҳо. Бад-ин тариқ, имрӯзҳо сарчашмаи асосии ҳаёт дар Замин- об ифлос шуда, сифати худро дигар мекунад, ки ин дар оянда ба гардиши об ва табиат зиёнҳои мудҳиш метавонад орад. Бояд фавран корхонаҳои обтозакуниро навсозӣ намуд, то ки обҳои ифлос ба обанборҳо наомезанд ва муҳити зистро ифлос накунанд.
Об сарчашмаи ҳаёти инсон дар замин аст. Захираҳои оби тоза кам мегарданд. Хароҷот сол то сол меафзояд. Саноат бо суръати баланд тараққӣ мекунад, талабот ба обёрӣ меафзояд, аҳолӣ зиёд мегардад. Мутаассифона, инкишофи босуръати ҷомеа ва тараққиёт дар маҷмӯъ ҳамчуни таъсири манфӣ ба олами атроф мерасонанд. Оби нӯшокӣ дар баъзе кишварҳо арзиши хеле баланд пайдо кардааст, хусусан дар кишварҳои Африқову Осиё. Бо ҳалли ин мушкил бисёр ташкилотҳои байналмилалии олам машғуланд, аз ҷумла ЮНЕСКО. Ҳамчунин ба кишварҳои ҷаҳони сеюм созмонҳои бузурги молиявии кишварҳои пешрафта кумак мерасонанд.
Донистани маълумот дар хусуси захираҳои оби Замин дар обанборҳо, ки барои истеъмол ва истифодаҳои дигар талаботи мардум коршоям бошанд, вобаста ба таъмини об хеле муҳим аст. Таҷрибаҳои зиёде, ки гузаронида мешаванд, тасаввуроти моро дар хусуси илми муосир аз реша дигар мекунанд. Далелҳои дақиқе вуҷуд доранд, ки об на фақат моеъи беранг аст, балки он асоси ҳама асосҳост.
Таҳияи Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»