Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Базми Зебо» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 55–солагии фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР Зебо Аминзода шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ таҳти унвони «Базми Зебо» баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои Ансамбли давлатии рақсии «Зебо», Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола», ансамблҳои рақсии «Базморо», «Гулрез», «Ҷаҳоноро», Ансамбли рақсии кӯдаконаи «Зебо», гурӯҳи «Навои аҷам», оркестри эстрадии «Гулшан», инчунин Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, Хайрӣ Ватанова, Баҳодур Неъматов, Мастона Эргашева, Имомалӣ Раҳмониён, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов, Ширинмоҳ Ниҳолова ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд.
Артисти халқии СССР Зебо Аминзода бо арғушти мавзуни худ ба базм ҳусни нотакрор бахшид. Аҳли толор, ки намояндагони санъату ҳунар, мухлисони санъати асили рақсии тоҷик ва собиқадорони соҳа буданд, ҳунарнамоии соҳибҷашн ва барномаи консертиро бо кафкӯбиҳои дуру дароз истиқбол гирифтанд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Зебо Аминзодаро бо 55-солагии фаъолияти бобарори эҷодияш муборакбод намуда, чунин изҳор дошт: «Устоди ҳунар Низом Нурҷонов дар бораи Ансамбли рақсии «Зебо» гуфта буданд: «Зебо» ба санъати миллии мо равнақи тоза бахшид ва санъати халқиро касбӣ кард». Аз ин баҳои баландтаре нест. Ситораи фарҳанги тоҷик Зебо Аминзода аз сулолаи ҳунармандони бузург ва аҳли зиёии мамлакат аст. Модар ва модарбузурги соҳибҷашн ҳунармандони халқӣ буданд, аммо Зебо Аминзода дар авҷи камолот аз ҳама боло рафт ва Артисти халқии СССР гардид. Мо бо ин ситораи фарҳанги тоҷик ифтихор мекунем».
Ҳамчунин Зебо Аминзода сухан карда, миннатдории худро ба аҳли толор баён намуда, иброз дошт, ки «ман то охири умр ба халқу ватанам хизмат мекунам. Зеро хизмат ба халқу Ватан орзуи ҳамешагии ман аст».








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст






