Кишоварзони Ҳисор имсол ба хориҷи мамлакат қариб 7,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд
ҲИСОР, 15.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 8 адад сардхонаҳои замонавӣ бо ғунҷоиши 2200 тонна ба истифода дода мешаванд, ки дар оянда барои бо ҳаҷми зиёд захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд. Дар ин бора аз Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ва мувофиқ омадани боду ҳаво соли равон аз майдони умумии 3544 гектар боғи ангур, ки аз он 2890 гектараш ҳосилдеҳ мебошад, 19 557 тонна ангури хушсифат ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳамчунин аз майдони умумии 2142 гектар боғҳои меваҳои гуногуни ҳосилдеҳ, ки иборат аз гелосу олу, шафтолую зардолу ва дигар навъҳои меваҳо мебошад, 9455 тонна ҳосил ба даст овардаанд.
Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода мегӯяд, ки соли ҷорӣ деҳқонони шаҳр кӯшишу заҳмати зиёд намуда, дар баробари ҳосили хуби боғҳои ангуру дигар намуди меваҷот, аз майдони кишти сабзавот ҳосили фаровон рӯёниданд. Деҳқонони шаҳр имсол дар майдони 670 гектар сабзавоти гуногун ва 320 гектар картошка кишт намуданд, ки аз он 26424 тонна маҳсулоти ҳушсифат ҷамъоварӣ карданд.
Хушбахтона, соли 2018 кишоварзони шаҳри Ҳисор аз ҳосили ба дастовардаи сабзавоту меваҷоташон ба бозорҳои ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркия зиёда аз 7453 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудаанд. Аз ҷумла, 1039 тонна ангур, 165 тонна зардолу, 385 тонна олу, 233 тонна пиёз, 39 тонна сабзӣ, 17 тонна сирпиёз, 22 тонна лаблабу ва 13 тонна карам ба Ҷумҳурии Қирғизистон содирот шудааст.
Тибқи маълумоти Ҷаббор Носирзода, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 9 адад сардхона бо ғунҷоиши 5855 тонна мавҷуд аст, ки соли равон соҳибкорону кишоварзони шаҳр дар ин сардхонаҳои замонавӣ 530 тонна сабзавот, 1085 тонна мева ва 3730 тонна ангур захира намудаанд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






