САРМОЯРО БА ВОРИД НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ ВА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ КОРӢ БОЯД РАВОНА КАРД. Андешаҳои Раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат

Январь 25, 2019 16:47

ДУШАНБЕ, 25.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳиме, ки дар шароити кунунӣ саривақтӣ арзёбӣ мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд. Ин масъалаҳо дар гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ва саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат замина мегузоранд ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшанд.

Дар робита ба Паёми навбатӣ ва нишондодҳое, ки аз он бармеоянд, Раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон Некрӯй ЗАБИРЗОДА  андешаҳои хешро ба АМИТ «Ховар» манзур намудааст. Дар зер  онҳоро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Расидан ба ҳадафи чорум-саноатикунонии мамлакат рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузории ватаниву хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Сарвари давлат дар Паёми худ ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, дастгирӣ ва баланд бардоштани касбияти соҳибкорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  иқдомҳои навро роҳандозӣ намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем. Ин нукта басо муҳим буда, аз масъулон дидгоҳи маҷмӯиро тақозо дорад.

Имрӯзҳо масъалаи бо технологияи каммасраф ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Мақсад аз он самаранокии захираи энергия ва истифодаи оқилонаи он, тозагии муҳити зист,  коҳиш додани таъсири манфии экология ба саломатии инсон ва таъмини сатҳи баланди зиндагӣ бо назардошти истифодаи технологияи пешқадам ва асбобу таҷҳизоти каммасраф мебошад.

Дар марҳилаи нави рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар барои расидан ба ин мақсадҳо ворид намудани чунин технологияҳо нақши пешбаранда мегузорад. Ин масъала дар Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шудааст: «Ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ масъалаи каммасраф будани онҳо ба инобат гирифта шавад».

Аз ин рӯ, соҳибкорон бояд ҳангоми ба кишвар ворид намудани технологияи ҳозиразамон, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз рӯйи бехатарӣ ба муҳити зист ва экология, сарфаи неруи барқ ва хароҷоти ба иқтисодиёт зараровар мутобиқ мебошанд, ин равандро ба инобат гиранд. Аз ҷониби дигар, НБО «Роғун» имконият медиҳад, ки бо истифода аз он корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ёбанд. Яке аз паҳлуҳои дигари мусбати саноатикунонӣ дар ҳамаи манотиқи мамлакат, бешубҳа, истеҳсоли ҳарчи зиёди молҳои воридотивазкунанда мебошад.

Талошҳои давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронда шудаанд, ки  кишвари мо ба як давлати содиротӣ – худкифо табдил ёфта, ба ин васила,  сатҳу сифати зиндагии мардум низ боло равад.

Нуктаи дигари муҳим дар Паём ба коркарди пахта бахшида шуд, ки амалан бо саноатикунонии истеҳсолот робитаи мустақим дорад. Коркарди пахта, пеш аз ҳама, рушди саноати сабуки ватанӣ аст, ин ҷойи корӣ ва ба даст овардани фоидаҳое мебошад, ки дар айни ҳол мамлакат ва заҳматкашон аз он камтар баҳравар мешаванд. Ҳоло мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳамагӣ 10-12 дарсади нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад. Соли 2018 содироти нахи пахта назар ба соли гузашта ду баробар афзудааст.

Дар дохили кишвар коркарди пахта барои саноатикунонии кишвар мусоидат намуда, метавонад омили ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ гардад. Тавре таъкид мегардад, арзиши пахта баъди коркардаш метавонад то 10 маротиба боло равад. Ҷаҳониён имрӯз ба маҳсулоти пахтагин таваҷҷуҳи зиёд доранд, яъне соҳибкоронро зарур аст, ки маҳсулоти пахтагине истеҳсол намоянд, ки ба завқи истеъмолкунанда ҷавобгӯ бошад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат дар кишвар «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон намуданд. Ин иқдом, бешубҳа, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва густариши шарикии давлату бахши хусусӣ замина мегузорад.

Тавре коршиносон иброз медоранд, дилхоҳ ислоҳот ба рушди ин ва ё он намуди фаъолият вусъат мебахшад. Бинобар ин, иқдоми Сарвари  давлат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ буда, дастуру супоришҳои дар он баёнгардида барои беҳбудии шароити зисту зиндагонии мардум, ободониву созандагӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа нигаронда шудаанд.

Январь 25, 2019 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтанд
18 сентябр ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқдисодӣ доир мегардад
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва Фестивал-намоиши гӯсфанди ҳисорӣ доир мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигоҳе ба заминаи асосии рушд ва пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт дар ин давра
Дар Саридораи геология ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт беш аз 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо тантана таҷлил намуданд
Бахшида ба Истиқлоли давлатӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ шуданд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард то 147 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми нуҳуми зерминтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи авиатсия баррасӣ гардид