Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин соли 2018 зиёда аз 245 ҳазор тонна консентрати сурб ва руҳ истеҳсол намуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» соли 2018 78,3 ҳазор тонна консентрати сурб ва 166,5 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол намуд, ки дар маҷмӯъ 245,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҷамъияти мазкур калонтарин корхонаи саноатии вилоят ба ҳисоб рафта, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи он соли сипаригардида 2 миллиарду 814 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ, маълумоти мазкур зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» Вен Ю Дао баён гардид.
Ҷонибҳо масъалаи марбут ба фаъолияти ширкат ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондиҳандаҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат 15 январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 ба имзо расид.
Тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад. Фармони мазкур ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва саноатикунонии мамлакат такони ҷиддие мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






