ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 50 корхонаи истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд

Февраль 7, 2019 10:57

ВАҲДАТ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат то соли 2021 дар ҷойи муассисаҳои таълимии садамавӣ 15 адад мактабҳои замонавӣ бунёд мегарданд. Ҳамчунин вобаста ба саноатикунонии мамлакат то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 50 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода  зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

 Бино ба иттилои масъулини шаҳри Ваҳдат, дар доираи чорабиниҳо ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми се сол дар ҳудуди  шаҳр ва ҷамоатҳои он зиёда аз 500 иншооти гуногун бунёду навсозӣ мегарданд. Аз ин шумора давоми соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  ва  соҳибкорон 8 адад хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир кардани марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 истироҳатгоҳи оммавӣ, 2 ошхонаи миллӣ, як меҳмонхона, як маркази ҳунарҳои мардумӣ, як ҳаммоми замонавӣ, ду маркази дандонпизишкӣ, як маркази ташхиси тиббӣ-судӣ, як нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ дар минтақаи Ромит, як бинои иловагии қабули беморони асаби кӯдакона дар маркази ташхисию табобати “Шафқат”, 7 иншооти варзишӣ ва як анбори нигоҳдории картошкаи тухмӣ дар минтақаи Канаск мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар нишаст зикр шуд, ки соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 5521 ҷойи кор  таъсис дода шуд, ки аз ин 71,7 фоизаш ҷойи кори доимӣ мебошанд. Бо бунёд гардидани зиёда аз 500 иншооти дигар то  ҷашни Истиқлолият  ҳазорҳо ҷойи кори доимӣ муҳайё мешаванд.

Февраль 7, 2019 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад