Кумитаи андози ҷумҳурӣ 722 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳоро ошкор намуд

Февраль 15, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 15.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки эъломияҳои худро ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, 18 ҳазору 850 адад зиёд карда шудааст.  Айни ҳол 78 ҳазору 400 нафар андозсупорандагон эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ  пешниҳод намудаанд ва дар ин самт чораҷўиҳо идома доранд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ба иттилои мавсуф, соли гузашта тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба фаъолияти 1850 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Дар натиҷа ба маблағи 722 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда дар маҷмўъ 704 млн. сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шуд.

«Дар ин давра дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 4500 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ, зиёда аз 3500 ҳолати бе шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб намудани коргарони кироя, 900 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба иҷора додани объектҳои молу мулки ғайриманқул ошкор карда шуда, ба қайд гирифта шуданд»,- зикр намуд номбурда.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар маҷмӯъ зимни анҷом додани корҳои назоратӣ зиёда аз 25 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардиданд. Нисбат ба онҳо ба маблағи 208,7 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ 162 млн. сомонӣ маблағҳо ворид карда шуданд.

Февраль 15, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад