Роҳбарияти мақомоти гумрук аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ мужда расонд
ДУШАНБЕ, 14.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти мақомоти гумруки Тоҷикистон аз иҷро гардидани нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли гузашта мужда расонд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода имрӯз дар Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи беш аз 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Аммо ба ҷои он ба буҷети давлат 4 миллиарду 858 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки ин ба 101,2 фоизи нақшаи пешбинигардида баробар аст.
Хуршед Каримзода афзуд, ки дар ин давра нақшаи воридоти андоз аз арзиши иловашуда 100,1 фоиз, боҷи гумрукӣ 100,6 фоиз, боҷи содиротӣ 119,6 фоиз, андози аксизӣ 102,5 фоиз ва нақшаи воридоти ғайриандозӣ 103,4 фоиз иҷро гардидаанд.
Сабаби соли гузашта барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукиро роҳбарияти мақомоти гумрук ба зиёд ворид гардидани молу воситаҳои нақлиёт нисбат ба соли 2017 рабт доданд. Ҳамзамон дар ин давра зиёд ворид гардидани мол ба амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ, аз ҷумла татбиқи дурусти қонунгузории амалкунанда барои муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ воридшуда, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукии молҳои мавриди ниёзи мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, пурзӯр намудани фаъолият ҷиҳати пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти назорати давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст.








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






