Шоҳҷоизаи «Ҷоми пойтахт-2019» насиби Саидҷалол Саидов гардид
ДУШАНБЕ, 25.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 24 март бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар ҳаводорону мухлисони ин навъи варзиш ва бо намоиши беҳтарин рақобатҳо миёни паҳлавононӣ маъруфи мамлакат чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт – 2019» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар оғози чемпионат раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумазода варзишгарон ва ҳаводорони ин навъи варзишро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба иштирокчиёни чемпионат барору комёбӣ таманно намуданд.
Дар чемпионат зиёда аз 180 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзида, дар охир ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Мусобиқа рӯзҳои 23 ва 24 март сурат гирифта, пас аз талошу рақобатҳои дурӯза дар вазни 80 кг мақоми аввал насиби Садр Боев, мақоми дуюм насиби Эраҷ Абдуллоев ва мақоми сеюм насиби Ҳақназар Назаров гардид. Дар вазни 90 кг бошад ҷои аввалро Эмомалӣ Камолов, ҷои дуюмро Меҳрубон Идрисов ва мақоми сеюмро Бежан Боқиев соҳиб шуданд. Дар вазни 100 кг Саидҷалол Саидов ба гирифтани ҷойи аввал, Фирдавс Насимов — ҷойи дуюм ва Шарифҷон Назриев ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб шуданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни +100 кг рақобатҳои ҷолибу диданӣ ба вуқуъ пайваста, мақоми аввалро Одил Сафаров, мақоми дуюмро Абубакр Раҳмонов ва мақоми сеюмро Шоҳрух Амирхонов соҳиб шуданд.
Барои ғолиби мутлақи чемпионати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Мерседес-бенс» ҷудо карда буд, ки онро варзишгари маъруфи кишвар Саидҷалол Саидов соҳиб гардид.
Дар вазни мутлақ Фирдавс Насимов сазвори ҷойи дуюм гардида, ҷойи сеюм насиби Шарифҷон Назриев гардид.








Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид






