Дар Душанбе баланд бардоштани мавқеи кишвар зимни арзёбиҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид

Апрель 5, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 05.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ дар ҷаласае, ки 3 апрел дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва  бо иштироки  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатӣ доир гардид, баррасӣ шуд.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 19-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иброз намуда буданд, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои давлатиро мебояд тадбирҳои зарурӣ андешида, татбиқи босифати ислоҳоти қабулгардидаро таъмин намоянд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода муаррифномаро оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ манзур намуд. Дар ҷаласа доир ба мавқеи Тоҷикистон аз рӯи даҳ нишондиҳандаи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»: бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти неруи  барқ, гирифтани иҷозат барои сохтмон, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз, ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ, андозбандӣ, таъмини иҷрои қарордод, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳалли масъалаи пардохтпазирӣ дар муқоиса бо давлатҳои минтақа маълумот дода шуд.

Зикр гардид, ки  солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ислоҳоти муҳим, назири ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ,  бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор  амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии /ММД/ мамлакат 70 фоизро ташкил дода, инчунин 80 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар бахши хусусӣ фаъолият доранд.

Бинобар мавҷуд будани рақобати шадид дар минтақа, аз ҷониби кишварҳои он гузаронидани ислоҳоти ҷадид дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ мавқеи кишварамон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и  Бонки ҷаҳонӣ поён рафтааст. Дар соли 2019 мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи мазкур 3 зина поён рафта, аз ҷойи 123-ум дар соли 2018 ба 126-ум дар соли 2019 паст гардид. Соли 2019 ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои гирифтани иҷозат барои сохтмон  ва тиҷорати беруна 1 зинагӣ  ва ҳалли пардохтпазирӣ 2 зина боло рафта, аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ 3 зина, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти неруи барқ 2 зина, бақайдгирии моликият 1 зина, дастрасӣ ба қарз 2 зина, ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ 5 зина, андозбандӣ 4 зина ва таъмини иҷрои қарордод 7 зина поён рафтааст. Бинобар ин, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, идомаи ислоҳот дар ин самт зарур мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки вазорату идораҳо бояд бо бахши хусусӣ ҳамкории зич намуда, ислоҳоти гузаронидашударо ба онҳо муаррифӣ намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа Давлаталӣ Саид ба роҳбарони вазорату идораҳои масъул доир ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти татбиқи ислоҳоти минбаъда барои беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Апрель 5, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе системаи таваққуфгоҳи автоматӣ ба роҳ монда шуд
Парвозҳои мунтазам дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш оғоз гардиданд
Ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад
Дар Риёз вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Директори генералии UNIDO баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон овоздиҳии онлайнӣ дар доираи Ҷоизаи миллии «Telecom Awards Tajikistan 2025» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳи соли 2025 маблағи изофанависии неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 92 миллион сомониро ташкил медиҳад
Масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот баррасӣ карда шуд
Доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар ташаккули иқтисодиёти муосир конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд
Кишоварзони вилояти Суғд беш аз 90 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд