Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе захираи ангиштро ба 1 млн 100 ҳазор тонна хоҳад расонд
ДУШАНБЕ, 10.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта 997 ҳазору 884 тонна ангишт истифода бурдааст. Дар ин бора имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, пеш аз оғози мавсими кор МБГ №2- шаҳри Душанбе 830 ҳазор тонна ангишт захира дошт. Ҳоло дар анбори марказ 47 ҳазор тонна ангишт захира шудааст. «Мо нақша дорем, ки то охири соли равон захираи ангиштро ба 1 млн 100 ҳазор тонна расонем. Барои захиракунӣ ангиштро асосан аз конҳои минтақаи Фон-Яғноб меорем, зеро сифати ангишти ин конҳо барои истифода мувофиқат мекунад»,-зикр намуд ӯ.
Ба зикри Нозирҷон Ёдгорӣ, МБГ №2-и шаҳри Душанбе вақте ки бо иқтидори пурра кор кунад, аз рӯи нишондод дар як рӯз 5800 тонна ангишт истифода мебарад. Иқтидори истеҳсолии он 400 МВт неруи барқ ва 235 Гкал/соат гармӣ аст.
Бояд гуфт, ки дар ШСХК «Барқи тоҷик» шуъбаи махсуси нақлиёт ташкил шудааст, ки кашонидан ва захира намудани неруи барқро пурра зери назорат гирифтааст. Дар айни замон шуъба 150 мошини гаронвазни «Дулон»-ро дар ихтиёр дорад, ки шабонарӯз ба кашонидани ангишт машғуланд. Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар назар аст, ки то 50 адад ин гуна мошинҳоро аз Чин харидорӣ намоянд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, фаъолияти МБГ дар мавсими гузашта аз 16 сентябр оғоз ёфта, гармидиҳӣ аз моҳи октябр сар шуд ва то 7 апрели соли ҷорӣ давом кард.
Хотиррасон менамоем, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Хишти аввали сохтмони ин иншоот аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






