Мутахассиси «Тоҷикстандарт» соҳиби унвони «Метрологи хизматнишондодаи КООМЕТ» гардид

Апрель 10, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Тоҷикистон- сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода  бо унвони ифтихории «Метрологи хизматнишондодаи Кумитаи «Ҳамкории АвруОсиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ» (КООМЕТ)  ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуд.

Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо ин унвон мукофотонидани мутахассиси бахши метрологии Тоҷикистон дар радифи мутахассисони кишварҳои хориҷӣ дар ҷаласаи  29-ми КООМЕТ, ки  аз 2 то 4 апрел дар шаҳри Дрездени Германия доир гардид, дар таърихи ҳамкории Тоҷикистон бо КООМЕТ бори  аввал буда, мояи ифтихор аст. Зеро дар байни 21  пажӯҳишгоҳи  миллии  метрологӣ ҳамагӣ  5 нафар ба ин унвони ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Мусаллам аст, ки дар ҷаласаи 29-уми Кумитаи «Ҳамкории АвруОсиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ» (КООМЕТ)  намояндагони  Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Босния ва Ҳерсеговина, Германия, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин,  Куба, Қирғизистон, Литва, Молдова, Россия, Словакия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва  байниминтақавии метрологӣ, аз қабили BIPM, ОIML, EURAMET, WELMEC, APMP иштирок доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  ҷаласаи  мазкур муовини аввали директори Агентии «Тоҷикстандарт» Диловар  Пирназарзода ва  сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак Ҷӯрахон Раҳимзода намояндагӣ карданд.

Дар ҷаласа  масъалаҳои  такмили фаъолияти КООМЕТ, аз ҷумла фаъолият оид ба  маҳакҳо, ҷараёни амалишавии низоми идоракунии  сифат дар пажӯҳишгоҳҳои  миллии  метрологӣ ва   масъалаҳои татбиқи Созишномаи  CIPM MRA  мавриди  баррасии  иштирокчиён қарор дода шуданд.

Апрель 10, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад