18 МАЙ – РӮЗИ УМАРИ ХАЙЁМ! Нуҳ саду ҳафтоду як сол муқаддам маҳз дар ҳамин рӯз яке аз шоирони машҳури олам ба дунё омадааст
ДУШАНБЕ, 18.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз – Рӯзи мавлуди Умари Хайём аст ва ин санаро Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури фарҳанг ва илму маориф – ЮНЕСКО Рӯзи ҷаҳонии ёдбуди шоир, донишманд ва мутафаккири бузург таъйин кардааст. Имрӯз дар беш аз 55 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои ёдбуди Умари Хайём баргузор мешаванд.
Умари Хайём дар авохири асри 11, аниқтараш 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопури устони имрӯзаи Хуросони Эрон ба дунё омада, аз классикони барҷастаи адабиёти тоҷику форс маҳсуб меёбад. Аммо дар хориҷ аз Эрон ва аз ҷумла дар Ғарб Умари Хайём аслан аз машҳуртарин шоирони шарқӣ шинохта шудааст.
Ӯ аз бузургтарин донишмандони замони худ дар риштаи нуҷумшиносӣ, риёзиёт ва илми фалсафа ба шумор мерафт.
Бо ибтикори ЮНЕСКО ва саофратхонаҳои Эрон рӯзи 18 май дар 55 кишвари ҷаҳон ҷашнҳои ёдбуди Умари Хайём баргузор мешаванд. Маъракаҳои асосӣ дар зодгоҳи шоир — шаҳри Нишопури Эрон барномарезӣ шудаанд.
Хайём аз бузургтарин шуъарои адабиёти классикии тоҷику форсу аст ва тақрибан ҳар нафар дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳатман порае аз рубоиёти ӯро бо забони форсӣ ва ё ба русӣ аз бар кардааст ва мардум ҷашну маъракаҳоро бо хондани чанд мисра рубоии Хайём ба ҳамдигар шодбош мегӯянд.
Биёед бо чанд намунаи ашъораш аз ин шоири тавоно ва ифтихори миллатамон ёд оварем.
Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре,
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре.
Хоки падарон бар кафи ҳар кӯзагаре.
***
Гар ман зи майи марона мастам, ҳастам
В-ар ошиқу ринду бутпарастам, ҳастам.
Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, ҳар он чӣ ҳастам, ҳacтам.
***
Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?
***
Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ,
Аз рӯз макун шиква, ки шаб мемирӣ.
Бо оби дари хона қаноат бинамо,
Дарё маталаб,ки ташналаб мемирӣ.
***
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
***
Аз кӯзагаре кӯза харидам боре,
Он кӯза сухан гуфт зи ҳар асроре.
«Шоҳе будам, ки ҷоми зарринам буд,
Акнун шудаам кӯзаи ҳар хамморе»
***
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки вуҷуд,
Умр асту чунонаш гузаронӣ, гузарад.
***
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст.
***
Чун булбули маст роҳ дар бӯстон ёфт,
Рӯи гулу ҷоми бодаро хандон ёфт,
Омад ба забони ҳол, дар гӯшам гуфт:
«Дарёб, ки умри рафтаро натвон ёфт».
***
Ё Раб зи гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?
Қаҳру ғазабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде к-аз ман ояд бурун,
Ту бар сари ман набиштаӣ, ман чӣ кунам?!









СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад






