Дар вилояти Хатлон ба 86 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 09.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ғалаба бо қарори Раиси вилояти Хатлон ба 86 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии вилоят кумаки яквақтаинаи молиявӣ тақдим гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар асоси ин қарор 129000 сомонӣ ҷудо гардид, ки аз тарафи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳар кадом собиқадорони ҷанг 1500 сомонӣ дастрас карда шуд.
Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар ҳамкорӣ бо хонандагон ва омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 вохӯрии хонандагонро бо ҷанговарони башардӯст таҳти унвони «Ёде аз гузашта» баргузор намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ иштирокдорон аз хотироти хеш ёдовар гашта, барои баргузории чунин ҳамоиши гарм изҳори миннатдорӣ намудаанд.
Саодат Абдуллоева, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» меҳмонон, омӯзгорон ва хонандагонро бо санаи муҳими таърихӣ- Рӯзи Ғалаба табрик гуфт. Дар фарҷом меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






