Сармураббии дастаи футболи «Арсенал» ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 30.05.2019./НИАТ «Ховар»/. Дар деҳаи зебоманзари дараи Алмосии шаҳри Ҳисор мусобиқаи футбол миёни дастаҳои кӯдакона бахшида ба хотираи собиқ ҳимоятгар ва капитани дастаи «Помир» -и Душанбе ва Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ Геннадий Черевченко оғоз гардид.
Игор Черевченко, ки феълан сармураббии бошгоҳи «Арсенал»-и шаҳри Тулаи Федератсияи Россия мебошад, дастпарвари футболи тоҷик ва фарзанди собиқ футболбози маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко буда, ҳамасола маҳз бо дастгирии ин фидоии футбол ва фарзанди сазовор ба хотираи падараш дар Тоҷикистон мусобиқа баргузор карда мешавад.
Дар мусобиқа барои поси хотираи Геннадий Черевченко панҷ тими футболи наврасон аз тамоми манотиқи кишвар ва як тим аз ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доранд. Игор Черевченко ҳарчанд солҳост, ки дар Россия кору зиндагӣ мекунад, аммо ҳамеша худро фарзанди ин сарзамин ва Тоҷикистонро Ватани аслии худ медонад.
Дар маросими кушодавии мусобиқа кормандони Федератсияи футболи кишвар, дӯстдону пайвандон ва ҳампешагони Геннадий Черевченко иштирок намуда, аз фаъолияти варзишии пурмаҳсули ӯ ба футболбозони оянда қисаҳо карданд.
Мусобиқа барои поси хотираи собиқ футболбози маъруф ва капитани дастаи овозадори «Помир»-и Душанбе Генадий Черевченко анъанавӣ буда, он дар майдонҳои Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамасола бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи писараш Игор Черевченко доир карда мешавад.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






