Нашри ҷилди нави китоби «Нури Ваҳдат» дар остонаи ҷашни Ваҳдат

Июнь 26, 2019 09:42

ДУШАНБЕ, 26.06.2019/АМИТ «Ховар»/. «Нури Ваҳдат», таҳти чунин  унвон дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, нашриёти «Истеъдод» ҷилди 31-уми маҷмӯаи мазкурро   пешкаши  хонандагон гардонид.

Мураттибони китоби «Нури Ваҳдат»  Рамазонӣ Давлатов, Умриддин Юсуфӣ ва муҳаррири масъули он  Мирозошоҳрух Асрорӣ мебошанд.

То ҷое мусаллам  аст, рисолати асосии  адабиёти миллӣ, ки ҷузви таркибии ҳаёти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҳамсафи замона  будану  инъикоси дастовардҳо  ва пешрафтҳои  даврони  соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ доир ба бунёди иншооти бузурги аср Неругоҳи Барқи Обии Роғун  5 январи соли 2009 гуфта буданд,  «дар чунин  шароит зарур аст,   ки  адибону олимон  ва умуман аҳли зиё, пирони рӯзгордидаву  ҷавонони ғаюр, мардони оқилу  дурандеш ва занону модарони боҳиммати Ватан, аҳзоби сиёсиву  иттиҳодияҳои ҷамиятӣ ва ходимони дин дар масъалаи  даъвати мардум  ба ин кори  фаъол бошанд ва бо саҳми шахсии худ  ба дигарон ибрат нишон диҳанд».  Дар ин росто дар китоби «Нури Ваҳдат» шеърҳои  шоирони шинохтаи тоҷик,  назири  Муъмин Қаноат- «Панҷаи нур», Бозор Собир- «Роғун», «Меҳрнома», «Кафшер»,   Гулназар -«Таронаи Роғун», «Муборакбодӣ», «Файзи Истиқлол»,  Аскар Ҳаким — «Истиқлолияти кишвари тоҷик», Камол Насрулло — «Чист Роғун?», «Роғун башорат аст»,   Ҳақназар Ғоиб — «Созем Роғунро зи меҳр»,  Салимшо Ҳалимшо — «Ахтари Роғун», Саидалӣ Маъмур — «Роғун»,  Муҳаммад Ғоиб -«Ифтихор», «Нури Роғун», «Васфи Роғун», «Мавҷи нур» гирд оварда шудааст.  Дар маҷмӯъ дар ин китоб шеърҳои ба васфи Роғун бахшидаи беш аз ҳаштод  шоири тоҷик ҷой дода шудааст.

Мусаллам аст, ки  воқеан  бунёди Неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба корзори мардонагӣ  табдил гардида, он орзуи деринаи миллати тоҷикро  дар роҳи  тавлиду интишори нур ба воқеияти пурифтихори таърихӣ  табдил хоҳад дод.

Июнь 26, 2019 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид